ТОҶИКӢ

Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ

Бо мақсади таҳлили бошукуҳи иди байналмилалии «Наврўз — 2020» ва 23 солагии рузи Ваҳдати миллӣ, 29-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кормандони Институти тибби ветеринарӣ ҳар ҳафта рўзҳои шанбе ва якшанбе шанбегиҳо ва ҳашаро гузаронида, ҷиҳати тозагӣ дар биноҳо ва гирду атрофи институт як қатор корҳои ободониро  ба анҷом расониданд:

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Гирду атрофи институтро мунтазам руфта тоза карда, деворҳои атрофи институт ва намои биноҳо қисман таъмир ва ранг карда шуданд. Биноњои институт бо байрақҳо ва навиштаҷотҳои идона оро дода шуданд. Инчунин бахшида ба эълон шудани солњои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», 23 солагии Ваҳдати миллӣ ва 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон банерҳо омода ва дар намои биноҳо насб карда шуданд.

15

Дар роҳрави қисми пеши институт дар 112м2 сабза, 17 адад туяи компакт ва 14 адад ниҳоли юка шинонида сабзонида шуд. Ҳамзамон дар 2 паҳлӯи роҳрави даромадгоҳ дар 85м2 сабза ва зиёда аз 90 адад гулҳои ороишӣ шинонида шуданд. Биноҳои муассиса (100м2) сафед карда шуданд. Дар саҳни Институт дар масоҳати 4м2 корҳои кабудизоркунӣ гузаронида шуд. Дар бинои 71 озмоишгоҳи вирусология корҳои таъмирӣ амалӣ гашта истодааст.

16

Дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ, таҳти рақами 215, аз 2 майи соли 2008 Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии Тоҷикистон ба Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС

Phone: (+99237)227-51-92
Email: info@instveterinari.tj