ТОҶИКӢ

РУССКИЙ

ENGLISH

Menu

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии институт

< 2020 >
Сентябрь
ВПВСЧПС
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   

Институт усулҳои пешгирӣ, ташхис, табобат ва чораҳои мубориза бар зидди бемориҳои чорвои кишоварзӣ, паранда, занбури асал ва моҳиро таҳия ва тавсияҳои илман асоснокро пешниҳод менамояд.

Вазифаҳои асосии институт:

— баланд бардоштани самаранокии натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ, ки ба талаботи соҳаи чорводорӣ ҷавобгӯ мебошанд;

— коркарди назария ва амалияи роҳҳои асосии пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ, инвазионӣ ва ғаӣрисироятии чорвою паранда, занбури асал ва моҳӣ бо дар назар доштани хусусияти минтақа;

— пешгирии талафоти чорвои кишоварзӣ, паранда, занбури асал, моҳӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо;

— муайянсозии бармаҳали бехатарии маҳсулоти чорво, паранда, занбури асал ва моҳӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ;

— коркард ва мукаммал сохтани технологияи пешқадами истеҳсоли силсилаи озмоишии маводи биологӣ, кимиётерапевтӣ ва маводи ташхисӣ;

— тайёр намудани пешниҳодҳо доир ба самтҳои асосии рушди илми тибби ветеринарӣ ва ҳалли масъалаҳои илмию техникӣ;

— таблиғоти дастовардҳои илмии муосир ва таҷрибаи пешқадами соҳаи ветеринарӣ;

— омўзиши дастовардҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ, омода намудани таклифҳо дар бораи истифодаи амалии дастовардҳо дар чорводорӣ, расонидани кумаки зарурии илмию методӣ ба мутахассисони хоҷагиҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, занбури асалпарварӣ ва моҳипарварӣ;

— иштирок дар конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва намоиши дастовардҳои илмӣ ва ташкилу гузаронидани чорабиниҳои илмӣ — тадқиқотӣ;

— тайёр намудани кадрҳои илмии тахассусӣ (докторҳо ва номзадҳои илм, магистрҳо).

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ, таҳти рақами 215, аз 2 майи соли 2008 Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии Тоҷикистон ба Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС

Phone: (+99237)227-51-92
Email: info@instveterinari.tj