Тақсимоти маъмурӣ

Шаҳр аз 4 ноҳия иборат аст: Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур.

Мақомоти иҷроияро дар ноҳияҳои пойтахт раисони ноҳияҳо муаррифӣ мекунанд. Душанбе шаҳри аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта мебошад. Қонуни ҶТ «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шаҳри Душанбе шароити ҳуқуқӣ, ташкилотӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фароҳам меоварад, ки уҳдадориҳои пойтахти Тоҷикистонро амалӣ созад.

Хароҷотҳои шаҳри Душанбе марбут ба амалӣ намудани уҳдадориҳои пойтахти Тоҷикистон, пурра аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад.

 

Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

САЛИМЗОДА Нусратулло Файзулло

4 феврали соли 1965 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои тиб.

Соли 1988 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури муолиҷавӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 5-и шаҳри Душанбе ҳамчун бародари шавқати шӯъбаи ҷарроҳӣ оғоз намудааст.

Солҳои 1988-2008 ҳамчун духтури беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, духтури беморхонаи вилояти Халон, муовини аввал ва сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи А.М. Дяков, сардухтури Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои саратон ва директори Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон ва Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи январи соли 2008 то 12 январи соли 2017 Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъйин гардид.
Соли 2004 бо ордени «Шараф» дараҷаи I ва соли 2011 медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон» сарфароз гардонида шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Суроға: кӯчаи Маяковский, 13/1



Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

САМӢ Шариф Ҳамид

22 апрели соли 1957 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1979 Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандиси барқ ва соли 2006 Академияи хизмати давлатии  Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1979 дар Идораи махсуси «Гидроспетсстрой» дар ноҳияи Данғара ҳамчун Челонгари барқи дараҷаи 1-ум оғоз намуд, то соли 1995 дар вазифаҳои механики азнақббарории ҳамин идора, муҳандис, муҳандиси калон, иҷрокунандаи вазифаи сардор, ҷонишини сардор, сардори Идораи сайёри махсуси механиконидашудаи № 42-и Ширкати «Тоҷик-ирмонтаж», ноҳияи Данғара фаъолият намудааст.

Солҳои 1995-1999 Муовини аввали раиси шаҳри Қӯрғонтеппа буд.

Солҳои 1999-2002 дар вазифаҳои Муовини Раиси Ширкати давлатии саҳҳомию ҳолдингии «Барқи Тоҷик» ва Муовини Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2002-2005 Раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва солҳои 2005-2006 Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буд.

Солҳои 2006-2009 дар вазифаҳои Раиси Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик» ва солҳои 2009-2010 Директори Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев кор кардааст.

Аз соли 2010 то соли 2014 ба ҳайси Раиси шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон фаъолият намудааст.

Аз 21 феврали соли 2014 то 12 январи соли 2017 Директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Суроға: кӯчаи Шотемур, 29

 

 

Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Билол Иброҳим

4 августи соли 1963 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1989 Донишкадаи омӯзгории Бохтарро (собиқ-Қурғонтеппа) ба таври рӯзона бо ихтисоси муаллими фанҳои математика ва физика ва ҳамчунин соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1980 ҳамчун Лабаранти шуъбаи селексия ва модерни филиали Донишкадаи тадқиқоти умумиитифоқии заминшиносӣ дар ноҳияи Бохтар оғоз намуда, баъд аз як соли фаъолият аз соли 1981 то соли 1982 ба ҳайси Коргари сехи қаннодии №1, трести «Хуроки умумӣ», шаҳри Бохтар шуғл варзидааст.

Солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ адои хизмат намудааст.

Солҳои 1984-1989 донишҷӯйи Донишгоҳи омӯзгории Бохтар ва баъди хатм аз соли 1989 то соли 2001 дар вазифаҳои инструктор, мудири шуъба, котиби дуюми Кумитаи комсомолии шаҳри Бохтар, муовини Раиси Созмони иттифоқи ҷавонони шаҳри Бохтар ва Раиси фонди ҳифзи ҷавонони вилояти Хатлон  фаъолият кардааст.

Солҳои 2001-2004 муовини мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва фарҳанг, мудири шуъбаи  иқтисод, инвеститсия ва ояндабинии дастгоҳи раиси Раиси шаҳри Душанбе буд.

Солҳои 2004-2016 дар вазифаҳои муовин, муовини якуми Раиси ноҳияи Шоҳмансур ва Раиси Комиҷроияи ҲХДТ, ноҳияи Шоҳмансур адои хизмат кардааст.

Аз соли 2016 то соли 2019 вазифаи Раиси шаҳри Роғунро ба уҳда дошт.

 

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2019 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Суроға: кӯчаи Айнӣ, 20



Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

 ЮСУФӢ Муҳаммадраҳим

10 сентябри соли 1960 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1982 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 дар Стансияи озмоишии Тоҷикистон, ҳамчун агороном оғоз намуда, соли 1984 ба ҳайси Ходими хурди илмии Институти зироатпарварии Академияи илмҳои Тоҷикистон шуғл варзида, то соли 1997 дар вазифаҳои муовини мудири шуъбаи Комитети комсомолии н. Ленин, инструктори Комитети марказии ЛКСМ Тоҷикистон, котиби якуми Комсомол, сардори Раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини Директори фирмаи "Ҷавонӣ", Директори фирмаи “Дружба” ва Директори Марказитехникии "Агросервис" фаъолият намудааст.

Солҳои 1987-2007 Раиси ҷамоати шаҳраки Сомониён (Ленин)-ро ба уҳда дошт.

Солҳои 2007-2015 дар вазифаҳои муовини якуми Раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва Директори МДИ “Боғи марказии Тоҷикистон” кору фаъолият намудааст.

Солҳои 2015-2018 Раиси ноҳияи Рӯдакӣ буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2018 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъйин гардид.

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Суроға: кӯчаи Н. Қарабоев, 40



Илова кунед