ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №487 АЗ 13.08.2019

13 Августи 2019, Сешанбе

Дар  бораи  ворид  намудани  тағйирот ба қарори Раиси шаҳри  Душанбе  аз 19  феврали  соли  2015, №113-1

Бо мақсади таъмини иҷрои банди 4 сархати панҷуми протоколи ҷаласаи машваратиназоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 29 июли соли 2019, №26 ҷиҳати ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш дар кӯчаю хиёбонҳомутобиқимоддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораимақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи нақлиёт», моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2015, №113-1 «Дар бораи танзими ҳаракати воситаҳои   нақлиёти боркаш ва фаъолияти онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» тағйироти зерин ворид карда шавад:                      

- дар номи қарор калимаҳои «марзию маъмурии» хориҷ карда шаванд;

- дар банди 1 пеш аз калимаҳои «Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳриДушанбе» калимаҳо ва аломати «Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва» илова карда шаванд;

- дар банди 1 сархати 3 рақамҳои «2200» ба рақамҳои «2100» иваз карда шавад.

2. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва «Рӯзномаи Паёми Душанбе» қароримазкурро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе,сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

          

                                                               Рустами Эмомалӣ

Илова кунед