Рустами Эмомалӣ: Вохӯрӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён

16 Июли 2019, Сешанбе

ш.Душанбе. 16.07.2019.  Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қароргоҳи беруназшаҳрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея ҷаноби Ли Нак Ён, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо меҳмон мебошад, мулоқот намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати Корея дар соҳаҳои гуногун мавриди музокирот қарор дода шуд.

Маҳаки асосии мулоқотро мавзӯоти ба роҳ мондани ҳамкориҳои пурмаҳсули дуҷониба ташкил дод.  

Иштирокчиёни вохӯрӣ зимни баррасии масоили  ҳамкорӣ таваҷҷуҳи асосиро ба ташкили корхонаҳои муштараки барои ҳар ду ҷониб муфид, аз ҷумла дар соҳаҳои коркарди ашёи хом, технологияи ҳозиразамон, саноати сабук ва ғайра равона намуданд.

Бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои самарабахш миёни пойтахтҳои ду кишвар, пешниҳод гардид, ки байни шаҳрҳои Душанбе ва Сеул муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ин робита тарафҳо тасмим гирифтанд, ки ояндаи наздик санади ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расонда шавад.

Вохӯрӣ ба таври созанда ва дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифт. 

Илова кунед