ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №452 АЗ 02.08.2019

02 Августи 2019, Ҷумъа

Дар бораи ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ

Бо дарназардошти фаро расидани соли хониши 2019 – 2020, бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»                                               

                                                                                   Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

1. Аз 6 то 31 августи соли 2019 ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар ҷойҳои зермуайяншуда ташкил ва ба роҳ монда шавад, аз ҷумла:

- дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Истиқлол» (бозори "Меҳргон");

- дар ноҳияи Шоҳмансур, назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ховарон» ва кӯчаи Валаматзода 8;

- дар ноҳияи Фирдавсӣ, назди Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Корвон», «Корвон плюс», Маркази савдои "Корвоншаҳр", таввақуфгоҳи назди Марказҳои савдои «Ганҷина», «Панҷшер» ва мағозаи махсусгардонидашудаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ИИ Нассоҷии тоҷик»;

- дар ноҳияи Сино назди маркази савдои «Сафо».

2. Муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Гуреззода У., Ҷумазода Ф.У., раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Юсуфӣ М., Салимзода Н.Ф., Самӣ Ш.Ҳ., Билол И.,  Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор иштироки фаъолонаи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватаниро дар ярмаркаҳои мазкур таъмин намуда, сифати маҳсулоти воридшударо назорат намоянд.

3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои зиддисӯхтор ва санитарию эпидемиологиро дар доираи салоҳияти худ таъмин намоянд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси ҳамаҷонибаи муҳтавои қарори мазкурро таввасути васоити ахбори омма ба роҳ монанд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                                                                                                                             Рустами Эмомалӣ

 

Илова кунед