Маориф

Маълумотнома

оид ба фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар нуҳмоҳаи соли 2019

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ироанамудаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардондани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи маориф мебошад.

Пешвои муаззами миллат дар паёми хеш зикр карданд, ки имрӯз дар соҳаи маориф ду мушкилоти асосии ҳалталаб ба назар мерасад: норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таълимӣ.

Инчунин, таъкид доштанд:

-вобаста ба масъалаи маҳорати касбии омӯзгорон фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон боз ҳам тақвият бахшида шавад;

-ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла, омӯзгорон дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд;

-ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабиро бамаротиб зиёд карда, барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам овардан зарур аст.

Сарраёсати маориф Паёми навбатиро сармашқи фаъолияти кори худ қарор дода, баҳри амалӣ намудани амру супоришҳои таъкидгардида, нисбати соҳаи маорифи кишвар саъю кӯшиш намуда истодааст.

Дар нуҳмоҳаи соли 2019 ба дастгоҳи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 8072 адад мавод ворид гардидааст. Аз ин шумора, 62 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 адад амру фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 56 адад қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, 291 адад дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 23 адад нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 112 адад нусхаи протоколи маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 1 адад муроҷиати электронӣ, 1 адад муроҷиати телефонӣ, 21 адад фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 488 адад мавод аз вазорату кумита ва ташкилотҳои гуногун, 1329 адад мавод аз шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, 1930 адад мавод аз муассисаҳои тобеи Сарраёсат, 3154 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ,

123 адад муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 20 адад аризаҳои шикоятӣ (муроҷиатҳои шахсони воқеӣ 14 адад ва муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ 4 адад) ворид гардидааст.

Ҳамаи маводҳои воридшуда, сари вақт ба шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дастрас гардида, иҷрои онҳоро зери назорат гирифта, дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон, дар нуҳмоҳаи соли 2019, 2135 адад мавод аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба мақомотҳои марбута ирсол карда шудааст. Аз ҷумла, 22 адад мактуб ба унвони вазири маорифи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 адад мактуб ба унвонии Раиси шаҳри Душанбе, 117 адад мактуб ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 506 адад мактуб ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 924 адад мактуб ба шуъбаҳои маориф, зерсохторҳои тобеи Сарраёсат, 309 адад ба сохторҳои гуногун ва 240 адад ариза ва дархости шаҳрвандон ҷавоб гардонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ оид ба ҳаллу фасли саривақтӣ ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон рӯзҳои қабул аз ҷониби сардори Сарраёсати маориф, муовини сардор ба роҳ монда шуда, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе рӯзи қабули сардори Сарраёсат ва рӯзҳои чоршанбе рӯзҳои қабули муовини сардори Сарраёсат гузаронида мешавад.

Дар нуҳмоҳаи соли 2019 мушовараи навбатӣ бо баррасии 23 масъала, ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маориф бо муҳокимаи 20 масъала, ҷаласаҳои муовини сардори Сарраёсат бо баррасии 18 масъала гузаронида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шудааст.

Дар нуҳмоҳаи соли 2019 сохтмони бинои иловагӣ дар назди МТМУ №18 барои 780 нафар дар як баст, бинои нави МТМУ №99 барои 630 нафар дар як баст, бинои нави МТМУ №84 барои 408 нафар, бинои нави МТМУ №6 барои 1200 нафар дар як баст, бинои нави МТМУ №96 барои 744 нафар дар як баст, бинои иловагӣ дар назди МТМУ №50 барои 640 нафар дар як баст, бинои иловагӣ дар назди Гимназияи №74 барои 640 нафар дар як баст, бинои нави Муассисаи таълимии давлатии литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе барои 1200 нафар дар як баст, бинои нави МТМУ №79 воқеъ дар маҳалли “Бустон-1” барои 320 нафар дар як баст, бинои дуюми МТМУ №11 барои 600 нафар дар як баст, ҳамагӣ барои 7162 нафар дар як баст ба маблағи 186 миллиону 610 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуда, илова ба ин, МТМУ №№93 ва 94 ба маблағи 32 миллиону 894 ҳазор сомонӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки барои сохтмони 6 адад муассисаи нави замонавӣ барои 7440 нафар хонанда дар як баст аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санги асос гузошта шуда, корҳои лоиҳакашию заминӣ оғоз шудаанд.

Ҳамзамон, аз ҳисоби дирексияи сохтмони иншооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони муассисаи таълимӣ барои 2000 нафар ҷойи нишаст дар кӯчаи Соҳилӣ ба маблағи 57 миллиону 616 ҳазор сомонӣ ва бинои иловагӣ дар назди литсей-интернати Президентӣ барои 624 нафар хонанда, аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони муассисаи нави таълимӣ барои 1200 нафар дар як баст ва аз ҳисоби ширкатҳои ватанӣ бошад сохтмони МТМУ №15 барои 720 нафар дар як баст, №65 барои 860 нафар дар як баст ва №102 барои 1200 нафар дар як баст ва бинои нави листейи хусусии “Ҳотам ва ПВ” барои 800 нафар дар як баст оғоз карда шуда, идома доранд.

Дар умум, баъди ба истифода додани сохтмонҳои ба анҷом мерасида ва ба нақшагирифташуда дар як баст 14844 ҷой ва дар ду баст бошад 29688 хонандагон бо ҷойи нишаст таъмин карда шуда, норасоии ҷойи нишаст бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ (103%) то соли 2021 ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки аз ҳисоби маблағҳои муттамаркази Сарраёсати маориф таъмири асосии муассисаи таълимии томактабии №85 ба маблағи 591 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуда, дар муассисаи таълимии томактабии №95 бошад ба маблағи 830 сомонӣ оғоз карда шуда, то охири моҳи октябри соли ҷорӣ ба анҷом хоҳад расид.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117 «Оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8 майи соли 2019, №279/1 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» иттилоъ медиҳад, ки баҳри амалӣ намудани бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шари Душанбе корҳои зерин ба анҷом расонида шудаанд.

Ҳар моҳ тибқи талаботи нақшаи чорабиниҳо маълумоти зарурӣ ҷамъоварӣ карда шуда, дар шаклҳои замимагардида ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои зертобеъ вазифадор карда шудаанд, ки то 1 октябри соли 2019 ҷиҳати сари вақт омода ва захира намудани маводҳои сӯхт, маводи хӯрока ва пайвастшавии муассисаҳоро таъмин намуда, ахборот пешниҳод

Бояд қайд намуд, ки тибқи нақша дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 146 адад муассисаҳои таълимӣ барои қабули неруи гармӣ пайваст хоҳанд шуд. Айни замон, 74 муассисаи таълимӣ дорои шиносномаи пайвастшавӣ буда, 51 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар боқимонда муассисаҳо корҳои таъмирию профилактиқӣ рафта истода, то 1 октябр бо шиносномаи пайвастшавӣ таъмин карда мешаванд.

Дар соли 2019 шумораи умумии тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ 27885 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 22734 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 1762 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ, 3389 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии назди корхонаву ташкилотҳо ва 131 нафар дар марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд. Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе 1524 нафар мураббиён ва кормандони омӯзгорӣ фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли гузашта 103 нафар зиёд мебошад.

Қобили қайд аст, ки дар тобеъияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муассисаи томактабии №50 ва Хонаи кӯдакони синни томактабии №1 фаъолият менамоянд.

Дар шаҳри Душанбе ба ҳолати 1 сентябри соли 2019 146 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла, 9 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 9 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 125 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 муассисаҳои таҳсилоти ғоибона фаъолият доранд. Аз ин теъдод 118 муассисаи таълимии давлатӣ, 28 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ буда, бо фарогирии 197594 нафар хонанда фаъолият дорад.

Бояд қайд намуд, ки аз 1 сентябр Муассисаи давлатии таълимии литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуда, 515 нафар хонандагонро ба таълиму тарбия фаро гирифта, шумораи омӯзгорон бошад 49 нафарро ташкил медиҳад.

Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 8618 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли гузашта 110 нафар зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Сарраёсати маориф сифати дониши хонандагон дар шаҳри Душанбе дар чоряки якум 41,6 % чоряки дуюм 41,7 %, чоряки сеюм 41,8 % ва дар чоряки чорум 42,0 %-ро ташкил намуд. Дараҷаи азхудкунӣ дар чоряки якум 92,1 %, дар чоряки дуюм 92,6 %, дар чоряки сеюм 93,9 % ва дар чоряки чорум 95,3 %-ро ташкил дода, сифати таҳсилот дар чоряки чорум нисбат ба чоряки сеюм 0,2 % баланд гашта, дараҷаи азхудкунӣ низ дар чоряки чорум нисбат ба чоряки сеюм 1,4 % баланд гардидааст.

Дар тобеияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе литсей ва гимназияҳо фаъолият доранд, ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, маблағгузории он аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.

Баҳри пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагон ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, инчунин, ба роҳ мондани робитаи зичи падару модарони хонандагон бо муассисаи таълимӣ дар нуҳмоҳаи соли 2019 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№19, 25, 27, 32, 33, 37,47, 50, 54, 56, 59, 87, 88, 89, 90, 91,92, 95, 97, 98, 101 ноҳияи Сино, №2, 16,20, 21, 23, 31,35, 36, 71, 39, 63, 100 ноҳияи Шомансур, №№3, 5, 17, 18, 22, 24, 28, 30, 40, 45, 49, 42, 51, 57, 58, 72, 75, 76, 77,78 Гимназияи 74 ноҳияи Фирдавсӣ, №№1, 4, 6, 7, 8, 10, 13, 26, 34, 44, 52 ноҳияи И.Сомонӣ ва Литсейи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Сарраёсати маориф ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт бо падару модарон ва хонандагон бо иштироки намояндагони Сарраёсати маориф, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон ва ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва кор бо оила баргузор гардиданд.

Дар доираи Нақшаи мулоқоту вохӯриҳои намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати фаҳмонидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон бо падару модарони хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт, ки аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа аз 20 феврали соли 2019 тасдиқ гардидааст, аз 25 феврал то 02 апрели соли 2019 бо падару модарони хонандагони синфҳои 8-11-и муассисаҳои таълимии №№3, 28, 45, 75, 51, 57, 58, 72, 76, 77, 78 Гимназияи №74, Гимназияи «Ҳиммат»-и ноҳияи Фирдавсӣ, №№25, 33, 38, 46, 56, 60, 80, 92, 94, 50, 91, 98, 101, Гимназияи хусусии «Сазовор», Муассисаи давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ барои хонандагони болаёқат», Литсейи интернати президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳияи Сино, №№15, 20, 21, 23, 36, 39, 63 31, 35, 41, 65, 100, Литсейи ҳарбии ба номи генерал-майор Тошмухаммедов М.Д., Литсейи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Гимназияи «Андешаи пок»-и ноҳияи Шоҳмансур, №№1, 6, 7, 8, 10, 12, 34, 44,73, Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, гимназияҳои №№9,53, Гимназияи «Донишвар», Литсейи назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносови ноҳияи И.Сомонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид.

Ба ҳолати 15 сентябри соли 2019 аз ҷониби Сарраёсати маориф ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт 502 вохӯрӣ бо фарогирии 107 ҳазору 423 нафар падару модарон ва хонандагон бо иштироки намояндагони Сарраёсати маориф, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон ва ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва кор бо оила баргузор гардиданд.

Баъди андешидани тадбирҳои амалӣ ҳолати содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон дар сатҳи ноҳияҳои шаҳри Душанбе то 1 сентябри соли 2019 118 ҳолатро ташкил медиҳад, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 103 ҳолат ё 47 фоиз кам мебошад.

Ба хотири тарбияи ватандӯстӣ ва пешгириву паст намудан сатҳи омилҳои номатлуб, аз ҷумла ифротгароиву тундгароӣ дар вақти фориғ аз дарсҳо 260 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба намоиши театрӣ таҳти унвони "Гумроҳон", ки бо мазмуни баланди тарбиявӣ аз ҷониби ҳунармандони Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов омода гардида буд, ҷалб гардиданд. Саҳнаҳои театрии омоданамудаи ҳунармандон, ки ба ҳаёти пур аз моҷарои хонавода ва як нафар ҷавони гумроҳи аз ҷониби манфиатҷӯён ба доми фиреб афтода бахшида шуда буд, дар тарбияи ахлоқиву ватандӯстӣ ва эҳтироми иштирокдорон нисбат ба волидайн мусоидат намуд.

Ин тадбир баҳри пешгирии падидаҳои номатлуб ва эмин будани зеҳну афкори насли наврасу ҷавон аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ва маҳкум намудани амалҳои терроризму экстремизм доир гардид.

Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе истироҳати тобистонаи хонандагон дар 4 баст дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии “Зимчуруд”-и ноҳияи Шоҳмансур, “Орзу”-и ноҳияи Фирдавсӣ, “Гулхан”-и ноҳияи Сино, “Шарора”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо фарогирии 3320 нафар ва 36 майдончаҳои солимгардонии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 5760 нафар дар маҷмӯъ 9080 нафар наврасон фаро гирифта шуд. Инчунин аз ҷониби Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 21 то 28-уми августи соли 2019 истироҳатгоҳи тобистонаи истироҳатию омӯзишӣ ташкил ва баргузор намуд, ки дар он 150 нафар хонандагони болаёқат, аз қабили ғолибони олимпиадаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва 50 нафар омӯзгорони онҳо дар истироҳатгоҳи «Орзу» сафарбар гардиданд. Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бошад дар лагери “Шарора” 200 нафар хонандагон, аъзои созмони хонандагони пойтахтро ҷалб намуд. Дар умум, дар соли 2019 дар шаҳри Душанбе 9430 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба истироҳати тобистона фаро гирифта шуданд.

Шумораи хонандагон дар маҳфилҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар давраи ҳисоботӣ 1353 нафарро ташкил дод.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим шурӯъ аз соли таҳсили 2018-2019 дар Муассиса тибқи нақша ташкилу баргузории ҳафтаҳои маҳфилҳо ба роҳ монда шудаанд.

Дар рафти баргузории ҳафта роҳбарони маҳфилҳо, кабинети таълимӣ тӯли як ҳафта соатҳои тарбиявӣ, дарсҳои кушод, намоиши филмҳо вобаста ба маҳфил ва озмуну вохӯриҳо ташкилу баргузор менамоянд.

Ҷиҳати сайқал додани тафаккури мантиқӣ ва инкишофи қобилияти зеҳнии хонандагон, баланд бардоштани маҳорати шоҳмотбозӣ, ҳавасмандгардонии шоҳмотбозони наврас, ҷалби ҳар чи бештари наврасон ба бозии шоҳмот ва дарёфти шоҳмотбозони беҳтарин дар оғози соли 2019 дар Муассиса байни хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт олимпиадаи шаҳрӣ оид ба «Шоҳмот» ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он дастаи шоҳмотбозони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ғолиябиятро ба даст оварданд.

Аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» аз 3-юм то 6-уми январи соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансур даври сеюми (шаҳрӣ)-и олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз 13 фанни таълимӣ, аз ҷумла, забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои русиву англисӣ ва давлатӣ, таърихи халқи тоҷик, география, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, биология, химия, математика, физика ва технологияи информатсионӣ бо иштироки 1800 нафар довталаб баргузор гардид.

Раддабандии натиҷаи ширкати хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиада аз шумораи умумии 104 ҷой 33 ҷойро хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии ғайрибуҷавӣ ва 71 ҷойи дигарро хонандагони муассисаҳои буҷавӣ ба даст овардаанд.

Литсей-интернати Президентӣ (39 ҷой), Литсей №2 барои хонандагони болаёқат (31 ҷой), Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе (30-ҷой), Литсейи Ҳотам ва ПВ (28 ҷой), Гимназияи №74 барои хонандагони болаёқат (22 ҷой) ва Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат (19 ҷой) дар байни литсею гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8 (16 ҷой) ноҳияи И.Сомонӣ, №№21 (9 ҷой), 55 (16 ҷой) ноҳияи Шоҳмансур ва №42 (11 ҷой) ноҳияи Фирдавсӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардиданд.

Дар даври чоруми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои таълимӣ хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт байни наврасон (синфҳои 5-8) 92 ҷойи ифтихорӣ ва байни хонандагони синфи 11 143 ҷойи ифтихориро ишғол намуданд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷойи аввал мебошад. Дар умум, ҷойҳои ифтихорӣ 235 ададро ташкил дод, ки аз соли гузашта 86 ҷой зиёд мебошад.

Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ дар нуҳмоҳи соли 2019 нишодиҳандаҳо ба 152 ҷойи ифтихорӣ (ҷойи 1-46 нафар, ҷойи 2-40 нафар ва ҷойи 3-66 нафар) расид, ки ин натиҷаи хуб аст. Инчунин моҳи июли соли 2019 10 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии пойтахт соҳиби медали тилло гардиданд, ки натиҷаи беҳтарин мебошад.

Сарраёсати маориф бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017, №281 “Дар бораи Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи ҷадвали тасдиқшудамоҳи январи соли 2019 аттестатсияи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳри Душанберо доир намуд, ки дар маҷмӯъ 481 нафар омӯзгорону мураббиён барои дарёфти дараҷаи тахассуси олӣ ва якум аз ҷониби комиссияҳои аттестатсионии шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ба комиссияи аттестатсионии Сарраёсати маориф пешниҳод карда шуданд.

Аз шумораи умумии аттестатсияшавандагон 159 (38%) нафар, дар аттестатсия муваффақ нашуданд, ки ин теъдод нисбати соли 2018 24 нафар кам мебошад.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои сархати 3 банди 4 нусха аз Протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 22. 01.2019, №25 аз 23 январи соли 2019 ҷиҳати ҷалби равоншиносони касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои пойтахт тариқи Муассисаи давлатии телевизиони “Душанбе HD” эълон намуда, дар якҷоягӣ бо мудирони шуъбаҳои маориф санаи 12 феврали соли 2019 бо хатмкунандагони факултети психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва 21 феврали соли 2019 бо хатмкунандагони кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохурӣ баргузор намуд, ки бевосита дар вохурӣ раёсат ва хатмкунандагони муассисаҳои мазкур иштирок намуданд. Ба ҳолати 19 апрели соли 2019 дар ноҳияҳои Сино 27 нафар, Шоҳмансур 13 нафар, Фирдавсӣ 12 нафар ва ноҳияи И. Сомонӣ 13 нафар, муассисаҳои тобеи Сарраёсат 14 нафар, дар маҷмӯъ 79 нафар мутахассисони касбӣ ва хатмкунандагони ихтисоси равоншиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Инчунин, ҷиҳати тибқи роҳхат фиристодани мутахассисони касбии равоншинос аз 14.01.2019, №70/3 ба унвонии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 15.02.2019, №415/3-2 ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дархост пешниҳод карда шуда, таҳти назорат қарор дорад.

Мавриди тазаккур аст, ки ҷалби равоншиносони касбӣ дар муассисаҳои таълимии пойтахт дар асоси дастгириҳои бевоситаи муҳтарам Раиси шаҳри Душанбе иқдоми аввал буда, Сарраёсати маориф баҳри баланд бардоштани сифатнокии кори равоншиносон ҷиҳати таъсис додани муассисаҳои базавӣ, муассисаҳои таълимии №№55, 11, 24, 54, 50 ва 87 ноҳияҳои пойтахтро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон барои гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, кор бо хонандагони саркардаву душвортарбия, машварати психологӣ додан ба волидайни хонандагон ва инчунин, гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ ба равоншиносони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои пойтахт пешниҳод кардааст.

Нақшаи ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб намудани омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар нуҳмоҳаи соли 2019 аз 1500 нафар 1342 нафар омӯзгорон ҷалб гардидаанд, ки иҷроиши он 89%-ро ташкил медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14.05.2019, №286, ки “Хафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтирокории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” эълон гардид. Дар доираи ҳафтаи номбурда 444 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар 16 самти илм худро муаррифӣ намуданд. дар натиҷа 15 лоиҳаи хонандагон беҳтарин дониста шуда сазовори шоҳҷоиза гардиданд. Инчунин 24 нафар дипломи дараҷаи 1, 39 нафар дипломи дараҷаи 2, 56 нафар дипломи дараҷаи 3 ва 90 нафар бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе», ғолибони озмунҳои касбӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва бо инобати эълон гардидани солҳҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои занону духтарони аз оилаҳои ниёзманд дар заминаи маҳфилҳои “Дӯзандагӣ” ва “Попурдӯзӣ”-и Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ба роҳ монда шудааст.

Моҳи майи соли ҷорӣ Фестивал озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе “Шукуфаҳои пойтахт” баргузор гардида, санаи 25 майи соли 2019 дар толори Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ҷамъбаст гардид. Ёдовар мешавем, ки шоми 31 майи соли 2019 дар Амфитеатри Боғи кӯдакон консерти ғолибони Фестивал озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе “Шукуфаҳои пойтахт” баргузор гардид.

1 июни соли 2019 дар чорабинии идонаи фарҳангиву фароғатӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1200 нафар хонандагони мактабҳои санъату мусиқӣ, марказҳои эҷодии кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, тарбиягирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе, хонаи кӯдакони синни томактабии №1, дастаҳои ихтиёрии “Патрулони сабз” ва дастаҳои “Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ” аз муассисаҳои таълимии пойтахт дар Муассисаи давлатии “Аҳорун” таъмин карда шуд.

Ҳамин тариқ, намоиши ҳунару эҷод, мусавараҳои беҳтарин ва дастовардҳои кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Душанбе шаҳри орзуҳо” дар майдони атрофи Муассисаи давлатии “Аҳорун” ташкил карда шуда, ҳамзамон, намунаи беҳтарини корҳои эҷодии таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Душанбе пешкаши иштирокдорони чорабинӣ гардид.

Инчунин дар майдони атрофи Муассисаи давлатии “Аҳорун” озмуни расми беҳтарин ва викторинаҳои шавқовар бо иштироки бевоситаи кӯдакон ва наврасон иштирокчиёни чорабинии мазкур доир гардид, ки озмунҳо аз ҷониби кормандони муассисаҳои таҳсилоти иловагии пойтахт гузаронида шуда, ба иштирокчиён ва ғолибони он ифтихорнома ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” супорида шуд.

Ҳамзамон, дар майдони атрофи Муассисаи давлатии “Аҳорун” бо иштироки 20 нафар “Патрулони сабз” аз муассисаҳои таълимии №8 ва 24 аксияи тарғиботӣ бо тақсим намудани муроҷиатнома ба иштирокдорони чорабинӣ ва сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар баробари ин аксияи “Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ” аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии Гимназияи №74, мактаб – интернати №1 ва литсейи №2 шаҳри Душанбе гузаронида шуд, ки дар ин аксияҳои тарғиботӣ зиёда аз 1000 адад варақаҳои иттилоотӣ ва муроҷиатномаҳо ба иштирокчиён тақсим карда шуд.

Санаи 6 июни соли ҷорӣ “Рӯзи байналхалқии ҳифзи муҳити зист” дар майдони назди шаршараи Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” ҷашн гирифта шуд, ки дар ин чорабинии идона хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт бо ташкил намудани гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва экологӣ фаъол буданд.

Рӯзи 24 августи соли 2019 дар муассисаи таълимии №100 ноҳияи Шоҳмансур Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи пойтахт бо иштироки 290 нафар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ баргузор карда шуд. Дар конференсияи мазкур сардори Сарраёсати маориф дар мавзӯи “Муваффақият ва дастовардҳои аҳли маориф дар асоси дастуру нишондоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.

Тибқи фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе “Дар бораи тасдиқи ҳайати комиссияҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба санҷиши вазъи омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба соли таҳсили 2019-2020” аз 02 августи соли 2019, №134/4-3 комиссияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе рӯзҳои 14-22 август аз вазъи омодагии муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, И.Сомонӣ ва Фирдавсӣ ба соли нави таҳсил ва мавсими зимистонгузаронии солҳои 2019 - 2020 дидан намуданд.

Санҷиш муайян намуд, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии санҷидашуда ба соли нави таҳсили 2019-2020 омода буда, аз ҷониби ҳайати комиссия оид ба бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Рӯзи 1 сентябр дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе “Рӯзи дониш” гузаронида шуда, паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати “Рӯзи дониш”, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ва тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ тариқи мустақим намоиш дода шуд, хонандагони синфҳои 8-11 ва омӯзгорони онҳо тамошо намуданд.

6 сентябр ба муносибати ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 бо иштироки адибони маъруфи тоҷик Муҳаммад Ғоиб ва Кароматулло Мирзоев маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар анҷоми маҷлис ба кормандони фаъоли соҳа ифтихорномаҳои Сарраёсати маориф ва ба ғолибони озмуни “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти ободонӣ” муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№56, 45 ва муассисаҳои таълимии томактабии №№117, 157, 45 диплом ва сипосномаҳои Раиси шаҳри Душанбе супорида шуд.



Илова кунед