Рушди иқтисодиёт

Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то 01.01.2019 
 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботиқонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо якқатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.
Бо дарназардошти роҳандозии тадбирҳои зарурӣ дар ин давра тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд. 
 
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ)
Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар соли 2018 ба 13808,0 миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба соли 2017 7,3 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 20,1 фоизро ташкил дод.
Бояд тазаккур дод, ки дар ин давра суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 банди фоизӣ зиёд мебошад. 
 
Тамоюли афзоиши ҳаҷми номиналӣ ва рушди воқеии МММ дар моҳҳои январ - декабри солҳои 2017 ва 2018
Дар моҳҳои январ - декабри соли 2018 сохтори МММ аз ҳисоби  истеҳсоли молҳо 17,9 фоиз (моҳҳои январ - декабри соли 2017-ум 21,2 фоиз), хизматрасонӣ 76,2 фоиз (75,3 фоиз) ва андозҳо 6,9 фоиз (3,4 фоиз) ташаккул ёфтааст.
 
Сохтори Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар моҳҳои январ - декабри солҳои 2017 ва 2018 (бо фоиз)
Дар моҳҳои январ – декабри соли 2018 рушди МММ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 118,9 фоиз, гардиши савдо 119,9 фоиз, мусофиркашонӣ 104,6 фоиз, боркашонӣ 106,8 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 104,3 фоиз таъмин гардидааст.
 
Соҳаи саноат
Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар соли 2018 заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 448 адад корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2194,6 миллион сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 18,3 фоиз зиёд мебошад. 
 
Тамоюли ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ - декабри солҳои 2017 - 2018
Дар соҳаи саноати истихроҷ истеҳсоли маҳсулот ба 14,8 миллион сомонӣ ё 1,8 маротиба, саноати коркард 1455,6 миллион сомонӣ ё 16,5 фоиз, истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 724,3 миллион сомонӣ ё 9,3 фоиз зиёд гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияҳои И. Сомонӣ – 117,2 фоиз, Шоҳмансур – 107,3 фоиз, Фирдавсӣ – 117,5 фоиз ва Сино – 124,8 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин гардидааст.
 
Таносуби соҳаҳои саноат дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ – декабри соли 2018  (бо фоиз)
Дар моҳҳои январ – декабри соли 2018 ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёдшавии истеҳсоли маҳсулотҳо, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 110,5 фоиз, истеҳсолоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 106,9 фоиз, истеҳсоли чарм, маҳсулот аз чарм ва истеҳсоли пойафзол 114,3 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб 122,6 фоиз, истеҳсоли селлюлозаю коғаз ва фаъолияти табъу нашр 1,7 маротиба, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 1,6 маротиба, истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти маъдании ғайрифилизӣ 114,3 фоиз, истеҳсоли металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ 130,9 фоиз ва истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ 125,9 фоиз мусоидат намуданд.
Дар ин давра 245,6 ҳазор дона либоси мактабӣ ба маблағи зиёда аз 9,6 миллион сомонӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 20,0 фоиз ва 23,1 фоиз зиёд мебошад.
Аз 86 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатӣ дар ин давра истеҳсоли 54 номгӯй афзоиш ёфта, истеҳсоли 30 номгӯй кам шуда ва 2 номгӯй умуман истеҳсол нагардидааст.
Ҳаҷми маҳсулоти аз анбор ба фурӯш баровардашуда 2147,0 миллион сомониро ташкил намуд, ки ба 97,8 фоизи маҳсулоти истеҳсолгардида баробар аст.
Содироти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 2,9 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра дар шаҳр 22 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 157 адад ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар ин давра бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе барои бунёди 9 адад корхонаи саноатӣ дар ҳудуди пойтахт санги асос гузошта шуд.   
 
Истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ
Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ – декабри соли 2018 истеҳсоли энергияи барқ ҳамагӣ 1397,6 миллион кВт соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,8 фоиз ё 368,6 миллион кВт соат зиёд мебошад.
 
Ҳаҷми истеҳсоли энергия дар моҳҳои январ – декабри солҳои 2017 – 2018
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» дар маҷмӯъ ба миқдори 2958,8 миллион кВт соат энергияи барққабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 миллион кВт соат кам мебошад.
Хароҷоти технологии (талафот) барқ дар давраи ҳисоботӣ 15,4 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 банди фоизӣ кам мебошад.
Маблағи умумии ҳисобшудаи энергияи барқ дар соли 2018 ба 590,7 миллион сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии он бошад 540,3 миллион сомониро ташкил дод, ки ба 91,4 фоизи нақша баробар мебошад.
Ҳаҷми истифоданамудаи энергияи барқ аз ҷониби аҳолӣ 247,4 миллион сомонӣ ҳисобӣ шуда, ҷамъоварии он 236,2 миллион сомонӣ ё 95,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Истеҳсоли энергияи гармӣ дар ин давра ба 656,7 ҳазор Гкал баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53,4 фоиз ё 228,5 ҳазор Гкал зиёд мебошад.
Ба тамоми муштариён энергияи гармӣ ба маблағи 20,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба аҳолӣ 4,8 миллион сомонӣ ва ба ташкилоту идораҳои гуногун 15,6 миллион сомонӣ интиқол гардид. 
Дар давраи ҳисоботӣ пардохти маблағҳо дар маҷмӯъ 19,9 миллион сомонӣ ё 97,9 фоиз, аз ҷумла аз ҷониби аҳолӣ бо дарназардошти ҷамъоварииқарзҳои пешина 5,9 миллион сомонӣ ё 123,9 фоиз ва аз ҷониби ташкилоту идораҳои гуногун 14,0 миллион сомонӣ ё 89,9 фоизро ташкил медиҳад. 
Бояд зикр намуд, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳоиқарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» дар шаҳри Душанбе бароиқабули энергияи гармӣ 1700 иншоот бо дарназардошти соли гузашта ба нақша гирифта шудааст.
Дар баробари ин, тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе иловатан барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои гармидиҳанда 181 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин давра онҳо пурра пайваст гардиданд.
Дар маҷмӯъ дар ҳудуди шаҳр 1881 адад бинову иншоотҳо бо энергияи гармӣ таъмин карда шуд.   
 
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ
Дар моҳҳои январ - декабри соли 2018 ҳаҷми умумии  маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 2740,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90,8 фоизро ташкил медиҳад.
Камшавии азхудкунии сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби маблағгузории сармояи хориҷӣ (аз ҷониби Маркази идораи лоиҳаи бахши электроэнергетикӣ бинобар анҷом ёфтани маблағгузорӣ ҷиҳати сохтмони МБГ -2) ва маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ба миён омадааст.
Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 1134,8 миллион сомонӣ ё 41,4 фоиз ба маблағгузориҳои давлатӣ, 881,5 миллион сомонӣ ё 32,1 фоиз ба маблағгузориҳои шахсӣ ва 726,6 миллион сомонӣ ё 26,5 фоиз ба сармояҳои хориҷӣ рост меояд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 2072,8 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,4 фоиз зиёд мебошад.
Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин давра 440,2 миллион сомонӣ маблағгузориҳои асосиро аз худ намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 фоиз зиёд мебошад. 
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муассисаи мазкур дар 124 иншоот, аз ҷумла барои корҳои сохтмонию васлкунӣ дар 106 иншоот ва барои лоиҳакашию муҳаққиқӣ дар 18 иншоот маблағгузорӣ амалӣ гардид. 
Дар маҷмӯъ аз ҷониби муассиса 562,6 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои сохтмони иншоотҳо 408,2 миллион сомонӣ, барои корҳои лоиҳакашӣ 4,1 миллион сомонӣ ва барои бартарафкунии иншоотҳо 150,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ амалӣ карда шуд.
Дар ин давра 50 иншоот ба тавозуни ташкилотҳои истифодабаранда супорида шуда, тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар 29 иншоот корҳои сохтмонию васлкунӣ бо маром идома доранд.    
Боядқайд кард, ки дар ин давра таъмир ва азнавсозии 4 иншоот дар соҳаи тандурустӣ ва 5 иншоот дар соҳаи фарҳанг ба анҷом расонида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи маориф дар маҷмӯъ сохтмон, таъмир ва азнавсозии 41 иншоот барои 25378 ҷойи нишаст амалӣ гардида, сохтмон ва азнавсозии 16 муассисаи таълимӣ барои 12508 ҷойи нишаст ва корҳои лоиҳакашӣ дар 12 муассисаи таълимӣ барои 8070 ҷойи нишаст идома доранд.
Аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе сохтмон ва таъмири 6 муассисаи таълимӣ барои 4184 ҷой, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1040 ҷой, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2624 ҷой ва аз ҷониби соҳибкорон сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4660 ҷой идома доранд.
Сохтмон ва таъмири 13 муассисаи таълимӣ барои 4800 ҷойи нишаст, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе 10 муассисаи таълимӣ барои 2240 ҷой ба истифода дода шуд. 
Аз ҳисоби буҷети шаҳр таъмири 3 муассисаи томактабӣ барои 690 ҷой, лоиҳакашии 5 муассисаи томактабии дорои 962 ҷой ва аз ҳисоби соҳибкорон сохтмони 11 адад муассисаи томактабӣ барои 1027 ҷой ва лоиҳакашии 6 муассисаи томактабии дорои 970 ҷой бо маром идома доранд.
Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 217,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,6 фоиз зиёд мебошад. 
Бо мақсади боз ҳам зебову хуррамгардонии ҳудуди минтақаҳои шаҳр тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017, №74-ф вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва шахсони ташаббускор ҷиҳати бунёди 92 адад  майдончаҳои варзишӣ ва ташкили боғу гулгаштҳо дар 12 мавзеъ вобаста карда шуданд.
Дар ин давра аз тарафи масъулин дар 88 адад майдончаи варзишӣ ва дар 11 адад боғу гулгаштҳо корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, мавриди истифодабарӣқарор дода шуданд.  
Инчунин, тибқиқарорҳои алоҳидаи Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби эҳсонкорон дар 18 мавзеъ сохтмони майдончаҳои варзишӣ оғоз гардида, бунёди 14 майдонча анҷом ёфта, ба истифода супорида шуд.      
Дар ин давра ҷиҳати ба талаботҳои муосир мувофиқ гардонидани иншоотҳо зиёда аз 200 бино пурра рангубор ва таҷдид гардида, дар 86 бинову иншоотҳо корҳои равшандиҳӣ бо дизайни замонавӣ ба анҷом расонида шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар гардонидани хизматрасониҳо ба мусофирон ва меҳмонони пойтахт, азнавсозии 27 адад истгоҳҳои нақлиёти мусофирбарии замонавии банақшагирифташуда пурра иҷро гардида, мавриди баҳрабардорӣқарор дода шуд.
Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. 
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу купрукҳои шаҳри Душанбе» дар 24 иншоот, аз ҷумла дар 19 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 32,5 километр, дар 4 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 5,5 километр ва доир ба кашидани хатҳои уфуқӣ дар хиёбону кӯчаҳо, бо маблағи умумии 243,6 миллион сомонӣ корҳо пешбинӣ шуда, иҷроиши он ба 241,9 миллион сомонӣ баробар гардидааст.
Айни замон, дар 10 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 19,9 километр ва бо масоҳати 315,6 ҳазор метри мураббаъ корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст.
Инчунин, дар ин давра 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии умумии 2,4 километр ба истифода супорида шуд.  
Боядқайд намуд, ки то охири соли 2018 бо ташаббуси эҳсонкорон 28,0 километр (дар ин давра 10,8 километр иҷро гардидааст) ва аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ 8,36 километр таъмиру таҷдиди роҳҳо ба нақша гирифта шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.
Дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вақарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбеқитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар масоҳати 7443 гектар ба ҳудуди шаҳр ворид карда шуд.
Дар маҷмӯъ, ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе дар марҳилаи якум  то соли 2025 ба 25318 гектар расонида мешавад.     


Илова кунед