Варзиш

Душанбе – пойтахти Тоҷикистон марказу асоси рушди ҳаёти варзишӣ ва тарбияи ҷисмонии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар иншоотҳои варзишии Душанбешаҳр мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ доир мегарданд. Таърихи рушди соҳа гувоҳ аз он аст, ки то интихоби аввалин Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои коргарон дар моҳи апрели соли 1925, дар шаҳри Душанбе ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба таври муташакилона ба ҷузъ гарнизони ҳарбӣ касе ба таври касбию ҳадафдор машғул набуд. Клуби варзишии ҳарбии гарнизони Душанбе мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир гардонида, дар онҳо варзишгарон-ҳарбиёни гарнизонҳои Кулоб, Термиз ва Қурғон-теппа даъват мешуданд. Ба барномаи мусобиқаҳои мазкур намудҳои аспсаворӣ ва навъҳои мухталифи варзиши ҳарбӣ-амалӣ дохил буданд. Дар клуби варзишии мазкур афсарону сарбозон дар намудҳои гимнастика, варзиши сабук ва аспсаворӣ машқу тамрин мекарданд. Мураббигӣ ва ташвиқу тарғиби варзиш миёни сарбозони сурх ва ҷавонони шаҳрро инструктороне, ки дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Хуҷанд ва Бухоро курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ҳамагониро хатм намуда буданд, ба ӯҳда доштанд.

Яке аз аввалин чорабиниҳо дар самти тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миёни аҳолӣ ин иди варзишӣ ба муносибати эълон гардидани Ҷумҳурии Автономии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд, ки 15 марти соли 1925 доир гардид. Баъди чанд муддат, ҷиҳати тайёр намудани инструкторҳои соҳибкасби соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш соли 1927 дар шаҳри Душанбе курсҳои чормоҳаи омӯзишӣ ташкил карда шуд, ки дар онҳо 25 нафар комсомолон (аъзоёни ташкилоти ҷавонони Душанбешаҳр) ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд. Дар ин давра дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 20 нафар инструкторҳои тарбияи ҷисмонӣ фаъолият менамуданд. Соли 1928 дар Душанбе пленуми Шӯрои олии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он масоили рушди минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мавриди таҳлил қарор гирифт. Баррасии масъалаи мазкур ба иштироки варзишгарони ҷумҳурӣ ба спартакиадаи дар пеш истодаи I умумишӯроӣ марбут буд. Дар арафаи тайёрӣ ба ин спартакиада дар Душанбе фаъолияти маҳфилҳои варзишӣ дар муассисаҳо аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш: футбол, волейбол, варзиши сабук, шоҳмот, шашка, шаҳрчаҳои варзишӣ ва тайёрии умумии варзишӣ дуруст ба роҳ монда шуда буд. Махсусан, миёни душанбегиҳо бозиҳои аз ҳама ҷолиб ва маъмул футбол ва волейбол маҳсуб меёфтанд. Дар шаҳр 10 дастаи футбол ва 15 дастаи волейбол фаъолият доштанд. Дар арафаи спартакиада 1 Умумииттиҳод гузаронидани иди варзишӣ дар ҳаёти сокинони шаҳр рӯйдоди хуш буд. Ид дар варзишгоҳи нав ба истифода дода шуда «Строитель» (то ҳол онро «Спартак» меноманд) гузаронида шуд.

Дар  беҳтар гардонидани фаъолияти   муассисаҳои варзишии пойтахт ҷалласаи Умумитоҷикии шӯроҳои касбӣ, ки дар соли 1928 гузаронида шуда буд, нақши арзанда дорад. Дар ҷаласа заррурати беҳтар гардонидани тайёрии варзишии аҳолӣ ва ҷалби оммаи васеи коллективҳои меҳнатӣ ба такмили муташаккилони ҷамъиятҳои шаҳрии варзишӣ зикр шуда буд.

Тобистони 1929 дар Душанбе намуди дигари варзиш – теннис рӯйи кор омад. Тибқи қарори Тоҷиксовпроф 8 майи соли 1931 дар Душанбе мусобиқаҳо аз рӯйи варзиши сабук миёни дастаҳои коллективҳои истеҳсолӣ , ки он замон зери ҷамъияти варзишии «Строитель» муттаҳид шуда буданд, гузаронида шуда буд.

Дар соли 1932 аз Ярослав ба Душанбе Борис Эрнестович Крейдтнер ба назди падараш, ки дар шаҳрамон умр ба сар мебурд, омад ва то охири умраш ба варзишу фаъолиятҳои инкишофи он дар Душанбе машғул гардид. Дар соли 1932 ба кори созмон додани шӯроҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии тарбияи ҷисмонӣ шурӯъ кард. Борис Крейдтнер яке аз аввалин ташаббускорон ва тарғиботчиёни комплекси ҳамонвақт бароҳмондашудаи  ГТО ба шумор мерафт. Ӯ инчунин ташкилкунандаи расми ботантана супоридани нишони ГТО ба аввалин гурӯҳи иҷрокунандагони меъёри ГТО дар шаҳри Душанбе буд. Нишонҳо ба 32 нафар варзишгарон моҳи июли соли 1932 дар иди варзишие, ки дар варзишгоҳи «Динамо» доир гардида буд, супорида шуд. Миёни аввалин нишондодҳои шаҳри Душанбе Владимир Марголин ва Анатолий Шуликовскии 60 сола буданд. 

Қарори КИМ ва ШКХ ҶШС Тоҷикистон аз 17 июни соли 1934 «Дар бораи гузаронидани мусобиқаҳои финалии аввалин спартакиадаи умумитоҷикӣ дар шаҳри Душанбе» дар беҳтар гардонидани кор дар самти тарбияи ҷисмонӣ миёни аҳолии шаҳр аҳамияти хоса дошт. 18 августи соли 1934 дар шаҳри Душанбе маросими ботантана кушодашавии Спартакиада дар шаҳри Душанбе доир гардид. Худи ҳамин сол дар Душанбе бори аввал  мусобиқа аз рӯйи гимнастика доир гардид, ки дар он 25 нафар аз рӯйи барномаи ГТО ширкат варзиданд. Дар комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, ки калонтарин коллективи истеҳсолии он замон ба ҳисоб мерафт, сексияҳои варзиши сабук, волейбол, ва футбол созмон дода шуда буданд, ки дар онҳо 125 нафар машқ мекарданд. 

Соли 1936 ШТҶ (Шӯроҳои тарбияи ҷисмонӣ) ба кумитаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш табдил дода шуда буданд. Аввалин раиси кумитаи республикавӣ Виктор Дмитревич Коршенко таин гардида буд. Дар кумитаи вилоятии Сталинобод дар ин давра хатмкунандаи донишкадаи тарбияи ҷисмонии шаҳри Ленинград В. Шоҳназаров фаъолият мекард.

Аз соли 1937 дар шаҳри Душанбе ҳамсарон Михаил ва Нина Тсиклаури истиқомат мекарданд, ки дар шахси онҳо варзиши Душанбе ва умуман варзиши тоҷик дастоварди арзишманд ба даст овард. Солҳои 1936 – 1941 дар шаҳр чунин намудҳои варзиш – футбол, варзиши сабук, баскетбол, тирпарронӣ, шоҳмот, аспсаворӣ ва мотоспорт босуръат рушд кард. Дар барқарор ва рушди ин намудҳои варзиш саҳми мутахассисон ва варзишгарон Анатолий Мехетко, бародарон Константин ва Александр Болдиревҳо, Рустам Долтабоев, Ҳамид Фасиков, Константин Липинский, Андрей ва Екатерина Саревҳо ва дигарон хеле назаррас аст. Б.Э. Крейдтнер дар солҳои пешазҷангӣ ва баъдиҷангӣ дар рушди футбол дар шаҳри Душанбе ва дар ҷумҳурӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Аз соли 1935 шурӯъ намуда Ҷоми ҷумҳурӣ оид ба футбол расман гузаронида мешавад. Ва ҳамасола онро динамочиёни Сталинобод соҳиб мегардиданд. Ин даста дар мусобиқаи ҷоми ИҶШС дар соли 1939 дастаҳои Узбекистон, Туркменистон ва Озарбойҷонро мағлуб намуда, ба 14 финал роҳхат гирифт.

Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар соли 1947 динамочиёни Сталинобод дар мусобиқаи ИҶШС ширкат варзида, дар минтақаи Осиёи Миёна ҷойи аввалро ишғол намуда, ва моҳи ноябри ҳамон сол дар шаҳри Москва дар бозиҳои финалӣ бо дастаи «Дзержинетс» -и Челябинск ҷойҳои 3-юму 4-умро ишғол мекунанд. Дар соли 1950 дастаи ҷумҳурӣ дар спартакиадаи Осиёи Миёна аз рӯйи намуди футбол дар шаҳри Алма-Ато ҷойи аввалро соҳиб мегардад. 

Саҳифаҳои дурахшони футболи тоҷик бо дастаи асосии ҷумҳурӣ – «Помир»-и Душанбе алоқаманд аст. 11-уми апрели соли 1970 дастаи «Помир» нахустин бор дар чемпионати ИҶШС ширкат варзид. Рӯзи 28-уми октябри соли 1988 дар таърихи футболи тоҷик фаромӯшношуданист. Дар ин рӯз «Помир» бо сарварии сармуррабӣ Шариф Назаров дар майдони худ дастаи «Даугава» - и Ригаро қабул намуда, ба ин даста бо ҳисоби 2-0 ғолиб баромад ва бо ин ғалаба пеш аз мӯҳлат ғолиби мусобиқаи лигаи якум гардид. Мавсими 20-уми худро дар лигаи олии футболи Шӯравӣ оғоз намуд. Охирин чемпионати ИҶШС миёни дастаҳои лигаи Олӣ, ки соли 1991 доир гардид барои дастаи «Помир» бобарор буд. Душанбегиҳо дафъаи дуюм дар 10 дастаи беҳтарини дастаи ИҶШС шомил гардиданд. 

Аз соли 1992 сар карда дастаи футболи «Помир» дар чемпионатҳои миллии ҷумҳурӣ ширкат меварзад. «Помир» аввалин чемпион ва аввалин дорандаи Ҷоми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст (1992). Дар соли 1995 «Помир» медалҳои тиллои мамлакатро соҳиб гардид. 

Бешубҳа шоҳмот яке аз намудҳои маъмултарини варзиш дар шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад. Бори аввал соли 1931 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби шӯъбаи фарҳанги шӯроҳои касабаи Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмоту шашка доир гардид. Аз 5 то 11 октябри соли 1933 аввалин чемпионати ҷумҳурӣ оид ба шоҳмоту шашка доир гардид, ки он дар рушди тарбияи ҷисмонӣ воқеаи муҳиме буд. Дар ин мусобиқа 20 нафар шоҳмотбоз ва 10 нафар шашкабоз ширкат варзиданд. Дар рӯйхати Чемпиони аввалини Тоҷикистон оид ба шоҳмот номи Зикриё Исоев сабт гардидааст.

То барқарор гадидани ҳокимияти шуравӣ дар Душанбе ба гимнастика ва дигар намудҳои варзиш касе машғул набуд. Гарчанде ки дар шаҳр ҳунари дорбозӣ таърихи қадима дорад ва дорбозон фаъолият  менамуданд, аммо онҳо дар ҳисоби барномаҳои фарҳангиву масхарабозон мансуб буданд. Соли 1937 аввалин мактаби бачагонаи варзишӣ созмон дода шуд, ки минбаъда дар он гимнастҳои бомаҳорат  тамрин намуда, ҳамасола дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ иштирок мекарданд. Беҳтаринҳо миёни онҳо К. Каримов, А. Камолова, Н. Циклаури, Ҳ. Раупов, М. Мулоҷонов, Т. Суярқулов буданд, ки таҳти роҳбарии мураббиён М.А. Тсиклаури ва Е.И. Рижков машқ мекарданд. Солҳои тӯлонӣ Ҳамдам Рауфов ва Нина Тсиклаури чемпионҳои Тоҷикистон мансуб меёфтанд. Ҳамдам Рауфов аввалин шуда дар Тоҷикистон унвони «Устоди варзиши ИҶШС» соҳиб гардид.

Сол аз сол базаи варзишии пойтахти ҷумҳурӣ – Душанбе васеъ гардида истодааст. Агар дар солҳои авали ҳокимияти шӯравӣ ҳамагӣ якчанд иншоотҳои хурди варзишӣ мавҷӯд буданд, ҳоло бошад дар пойтахт комплексҳои калони варзишӣ, аз қабили Варзишгоҳи марказӣ, 

Толори бозиҳои дастӣ, Ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ, Қасри теннис, комплекси варзишии иттифоқҳои касаба, варзишгоҳҳои «Динамо», «Спартак», «Авиатор», «Автомобилист», ССКА, бошгоҳи тирпаронии КМ ТММ ҶТ, комплексҳои варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Ипподром ва ғ. фаъолият мекунанд.

Аввалин иншооти калони  варзишӣ дар Душанбе варзишгоҳи «Спратак» мебошад, ки соли 1930 аз ҳисоби маблағҳои Тоҷикматлубот сохта шудааст.

Бо қарори КИМ ва ШКХ Тоҷикистон соли 1939 сохтмони варзишгоҳи марказии ба номи М.В. Фрунзе оғоз гардид. Аммо солҳои ҶБВ  корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот қатъ гардида, танҳо соли 1946 қисми ғарбии он барои 5 ҳазо ҷойи нишаст сохта шуд. Соли 1962 сохтмони варзишгоҳ бо 21400 ҷои нишаст пурра ба итмом расид.

Моҳи ноябри соли 1971 ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ сохта шуд. Айни ҳол масоҳати ин комплекси варзишӣ 20га буда, ба он ҳавзи шиноварӣ, толори бозиҳои дастӣ, қасри теннис шомил аст. Ба муносибати ҷашни 80 солагии Душанбе Зурхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба истифода дода шуд. 

Тобистони соли 1972 комплекси варзишии ҶИВ «Меҳнат» сохта шуд.

Толори бозиҳои дастӣ соли 1974 сохта шудааст ва дар он мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои баскетбол, волейбол ва туби дастӣ гузаронида мешавад. Дар ин ҷо инчунин дастпарварони МҶВМОВ оид ба намудҳои гуштин машқ мекунанд.

Соли 1978 базаи қаиқронӣ ба истифода дода шуд, ки маркази тайёр намудани қаиқронони варзидаи ҷумҳурӣ гардид.

Соли 1982 комплекси тирпаронии ДОСААФ (ҳоло ТММ ҶТ) ба истифода дода шуд.

Соли 1986 Қасри теннис бо ду корти теннис ва 1000 ҷои нишаст сохта шуд.

Соли 1947 дар шаҳри Душанбе аввалин муассисаи таълимии варзишӣ – техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон кушода шуд. Дар солҳои фаъолияти худ техникум зиёда аз 10 мутахассисони соҳаро тайёр намуд. Техникуми мазкур зиёда аз 200 Устодони варзиши ИҶШС тарбия намудааст, ки шарафи варзиши ҷумҳурӣ ва ИҶШС дар мусобиқаҳои умумииттифоқи ва байналхалқӣ ҳимоя намудаанд. Дар техникуми мазкур варзишгарони машҳур, аз қабили чемпиони Аврупо оид ба вазнбардорӣ Александр Кидяев, рекордсмени чандкаратаи ҷаҳон оид ба намуди варзиши ҷаҳидан бо парашют Юрий Баранов, чемпиони ИҶШС оид ба бокс Сергей Ломакин, чемпиони Бозиҳои ХХ олимпӣ аз намуди қаиқронӣ дар каноэ Юрий Лобанов ва бисёр дигарон солҳои гуногун таҳсил намудаанд.

Дар тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олии варзишӣ ва омузиши масъалаҳои алоҳидаи ҳаракати варзишӣ Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон нақши босазое дорад. Бо Қарори Шӯрои ВАзирони ИҶШС аз 15 марти соли 1971 дар заминаи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон созмон дода шуд ва моҳи сентябри ҳамин сол 277 ҷавонписарону духтарон дар соли аввали таҳсили донишкадаи мазкур таҳсилро оғоз намуданд. Маъмулан, варзишгарони номии ҷумҳурӣ дастовардҳои намоёни варзишии худро ҳангоми таҳсил дар ин донишгоҳ сазовор гардидаанд. Дар миёни онҳо чемпионҳои Бозиҳои олимпӣ Юрий Лобанов (қаиқронӣ дар каноэи дукаса), Анатолий Старостин (панҷҳарбаи муосир), Андрей Абдувалиев (гурзпартоӣ), дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ ва чемпионкаи ҷаҳон Зебунисо Рустамова (камонварӣ), чемпионҳои ҷаҳон Саидмумин Раҳимов (гуштини самбо), Михаил Лобанов (заврақронӣ), Ҳусейн Исмоилов (шамшербозӣ), Эрика Шиллер (гимнастикаи бадеӣ), ғолиби мусобиқаи ҷаҳонии велосипедронӣ Саид Гусейнов, чемпионкаи Аврупо Гавҳар Пулодова (камонварӣ), ғолибони мусобиқаҳои умумииттифоқӣ ва умумиҷаҳонӣ Валентина Степушина, Равиля Аглетдинова, Гулсара Додобоева, Дилшод Назаров (варзиши сабук), Сергей Никифоренко (ҷаҳиш дар об), Парвина Қодирова (гимнастикаи бадеӣ), футболбозони машҳур – чемпионҳои Бозиҳои ХХIV олимпӣ Алексей Чередник, Владимир Ғуломҳайдаров, Эдгар Гесс, Валерий Турсунов, Абдулло Муродов, Рашид Рахимов, Муҳсин Муҳаммадиев, Нуриддин Амриев ва бисёр дигарон буданд. Корҳои назаррасро оид ба баланд бардоштани маҳорати варзишии донишҷӯён клуби варзишии донишкада ба сомон расонидааст.

Айни замон дар донишкада 6 толори варзишӣ, толори тирпарронӣ, варзишгоҳ, толрҳои туби дастӣ, гуштин амал мекунанд.

Аввалин чемпиони ҷаҳон (с.1958) ва аврупо (1959) аз Тоҷикистон динамочӣ Анатолий Тилик (тирпарронӣ аз камон) ба ҳисоб меравад.

Аз соли 1958 сар карда дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттифоқи Шуравӣ Анатолий Арапенко ширкат варзида, дар минбаъда ғолиби мусобиқаи варзиши сабук дар шаҳри Будапешт мегардад. Соли 1960 А. Арапенко дар шаҳри София дар давидан ба масофаи 400 метр ҷои аввал ва дар шаҳри Берлин дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеаҳо ҷои дуюмро ишғол менамояд. Инчунин дар ин солҳо велосипедрон Станислав Шепел, паҳлавон Азалшо Олимов-аввалин чемпиони ИҶШС оид ба самбо, даванд Зулфия Раҳматуллоева ба натиҷаҳои назарраси варзишӣ ноил гардиданд.

Соли 1955 бори аввал дар таърихи варзиши тоҷик ба шаҳри Душанбе дастаи футболбозони Афғонистон ташриф оварданд. Вохӯрии рафиқона миёни ду дастаи миллати дӯсту бародар бо ғолибияти футболбозони тоҷик ба анҷом расида, дар пойдории муносибатҳои дӯстона дар риштаи варзиш миёни ду кишвар замина гузошт.

Соли 1958 ба Душанбе дастаи баскетболбозони Камбоҷа ва соли 1959 дастаи футболи Финляндия ба ҷумҳурии мо ташриф оварданд. Варзишгарони мо инчунин соли 1960 дар шаҳри Душанбе бо боксчиёни Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея вохӯрии рафиқона гузаронида, дар он варзишгарони ҷамъияти варзишии «Ҳосилот»-и ҶШС Тоҷикистон ғолиб баромаданд. 

Қобили қайд аст, дар ин солҳо дар Душанбе 6 ҷамъияти варзишӣ – «Спартак»(1935), «Ҳосилот» («Колхозчӣ», 1951), «Тоҷикистон»  («Меҳнат», 1958), «Захираҳои меҳнатӣ» (1957), «Динамо» (1925), «Локомотив» (1955) амал мекарданд. Ҳоло ҷамъиятҳои варзишии «Динамо»,  «Захираҳои меҳнатӣ», ФҶВ иттифоқҳои касаба, «Ҳосилот» ва «Локомотив» фаъолият мекунанд.

Солҳои 1961-1963 равобити байналхалқии варзишии Тоҷикистон бо варзишгарони хориҷӣ боз ҳам густариш ёфтанд. Дар ин солҳо ба Душанбе волейболбозон аз ҶХДК, Муғулистон, паҳлавонон ва волейболбозон аз Афғонистон ташриф оварданд.

Чемпионҳои Бозиҳои олимпӣ, ҷаҳон, Аврупо, Осиё аз ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дастпарварони муассисаҳои варзишии пойтахт ба ҳисоб мераванд. Баъд аз аввалин олимпичии тоҷик Иброҳим Ҳасанов шогирдони ӯ эстафетаи олимпиро идома доданд. Дар Бозиҳои ХХ олимпӣ дар Мюнхен (Олмон) соли 1972 Юрий Лобанови душанбегӣ миёни варзишгорони ҷумҳурӣ аввалин шуда сазовори медали тиллои олимпӣ гардид. Ӯ дар якҷоягӣ бо варзишгар аз шаҳри Вилнюс Владас Чесюнас дар қаиқронии дукаса дар каноэ ба масофаи 1000 метр ғолиб омад. Юрий Лобанов инчунин аввалин варзишгарест, ки 8 маротиба медалҳои тиллои чемпионати ҷаҳонро соҳиб гардида, инчунин соли 1980 соҳиби медали биринҷии Бозиҳои ХХ11 олимпӣ дар шаҳри Москва гардид. Бародари ӯ Михаил Лобанов низ чемпиони дукаратаи ҷаҳон дар варзиши заврақронӣ мебошад.

Аввалин бор дар таърихи варзиши тоҷик миёни занҳо сокини пойтахт Зебинисо Рустамова чемпиони мутлақи ҷаҳон дар камонварӣ (июни соли 1975, Интерлакен, Шветсария) гардид. Дар бозиҳои олимпии ХХ1 дар Монреал (Канада) у соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Чемпиони ИҶШС (с.1973) ва ғолиби Спартакиадаи халқҳои ИҶШС (с.1975) Саидмумин Раҳимов дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Минск ба паҳлавонҳои муғул, Ҷопонӣ ва Амрико ғолиб баромада, дар вазни то 100 кг соҳиби медали тиллои чемпионат гардид.

Соли 1977 Ҳусейн Исмоилов (шамшербозӣ, Австрия) ва Эрика Шиллер (гимнастикаи бадеӣ, Шветсария) унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб гардиданд. Велосипедрон Саид Гусейнов ду маротиба (с. 1978, 1979) ғолиби мусобиқаи ҷаҳонӣ гардидааст.



Илова кунед