Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бунёди сеюмин майдончаи варзишӣ аз ҷониби Вазорати Кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.07.2018

Ҳукумати Ҷумҳурӣ баҳри оммавигардонии варзиш ва солимгардонии насли ҷомеъа пайваста кӯшиш ба харҷ додаистода, нисбат ба наврасону ҷавонон таваҷҷӯҳи беандоза зоҳир менамояд. Барои аз ҷиҳати маънавию ҷисмони солим ба камол расидан ба онҳо ҳамаи шароитҳои мусоидро дар ҳама самт фароҳам меоварад токи онҳо илм омӯзанд, аз техникаву техналогияи муосири имрӯза бохабар бошанд, забонҳои гуногуни хориҷиро донанд ва барои ҳамроҳ нашудан ба ҳаргуна гурӯҳҳои ѓаразноку ифротгаро мубориза бурда, дар вақтҳои холи пайваста ба варзиш машѓул шаванд.

Санаи 14.07.2018 аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии ш Душанбе майдончаи варзишӣ бо тамоми шароиту имкониятҳои зарури барои варзиш ва инчунин бозии кудакон дар зарфи се моҳ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуд, ки саҳми Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ дар он назаррас мебошад.

Майдончаи варзишӣ бо маблаѓи 410 ҳазор сомонӣ дар майдони 720метри мураббаъ бо истифода аз масолеҳи сохтумонии баландсифат бунёд ёфта бо тамоми шароиту имкониятҳои муосир ба истифода дода шуд.

Дар ҷараёни ба истифода додани майдончаи мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Ф.Ҳ., Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Табарзода Ҷ.А., сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Б.Н., Муовини вазири Кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршоев З.Т., Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Н. ва дигар намояндагон иштирок доштанд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Ф.Ҳ. ва Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Табарзода Ҷ.А ба сифати корҳои сохтумончиён баҳои баланд дода, ба роҳбарияти вазорати кишоварзӣ барои бунёди чунин як майдончаи зебои варзиши изҳори миннатдорӣ намуданд.

Майдончаи варзишӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муосир сохта шуда, кӯдакону наврасон аз он пайваста истифода мебаранд. Сокинони биноҳои назди майдонча аз ѓамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти шаҳри Душанбе изҳори хушнудӣ намуда, аҳамияти онро дар солимии ҷомеа, бахусус кӯдакону наврасон муҳим арзёбӣ намуданд. Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки бо маром идома дорад, барои тарбияи насли солим заминаи воқеӣ гузошта, дар баланд бардоштани шуурнокиву ташаккули наврасону ҷавонон нақши муассир мегузорад.

Илова кунед: