Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти кишвар ба кишоварзони ҷумҳурй

26.12.2018

Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳим, яксоли дар пешистодаи фаъолияти тамоми сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишвар таҷассум намуда, барои расидан ба зиндагии аз ин сазовортар барои ҳар яки мо роҳнамо мебошад.

Санаи 26.12.2018 дар толори маҷлисгоҳи вазорат кулли кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказй ва намояндагони ВАО пахши мустаќими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллй, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалй Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишоварро мустаќиман тавассути оинаи нилгун тамошо намуданд.


Дар Паёми имсола Ҷаноби Олй тамоми самтҳои мухталифи ҷомеаро таҳлил намуда, вобаста ба рушди соҳаҳаи гуногуни кишвар ба хусус дар соҳаи кишоварзй чунин ибрози назар намуда, кайд карданд: Доир ба самтҳои нигоҳдори ва коркарди маҳсулоти кишоварзй, васеъ ба роҳ мондани коркарди пахта дар дохили кишвар, таъсиси ҷойҳои корий, аз худ кардани заминхои нав ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, рушди соҳаи тухмипарварй, зиёд намудани масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда, инчунин зиёд намудани теъдоди сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзй, бунёди боғҳои интенсивй, беҳтар намудани таъминоти бозорҳо бо меваю сабзавоти ватанй, манзур намуданд.

Хамзамон Президенти мамлакат яке аз роҳҳои баланд намудани сатҳи некўаҳволй ва беҳтар гардидани вазъи зиндагонии мардуми кишварро дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ватанй ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар арзёби намуда, баҳри рушди минбаъдаи соҳаи мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Вазорати кишоварзй аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда баҳри афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзй ҷиҳати таъминоти бештари аҳолй бо маҳсулоти истеҳсоли худй ва бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолй ҷамъбаст намудани фаъолияти соҳа аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, чораҳои зарурй андешида истодааст.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзй
тел: 235-38-53, Сомона: www.moa.tj.

Илова кунед: