Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Натиҷаи ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат дар шашмоҳаи аввали соли 2018

11.07.2018

Санаи 11.07.2018 дар маҷлисгоҳи вазорат оид ба фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо барои минбаъда ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзоёни ҳайати мушовараи вазорат, Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишоҳ Нарзулло, роҳбарону директорони институтҳои АИКҶТ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он, сардорони раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо, намояндагони вазорату идораҳои марбути соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Нахуст Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ И. ба кори ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба ин толори барҳаво хайрамақдам намуд. Сипас муовини вазири кишоварзӣ Саидова Ҷ.С. “Оид ба фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2018” ҳисоботи мукаммал пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои корӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида, бо мақсади афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро андешида, ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардид.

Дар 6 моҳи соли 2018 аз ҷониби вазорат лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, №793 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” таҳия гардида, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод карда шуд, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, №160 ва №165 қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтанд.

Дар моҳи соли 2018 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 6742,6 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 8,5% зиёд гардида, суръати афзоиш дар  соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 11,5 ва 3,7 фоизро ташкил медиҳад. Чораҳои андешидашуда ба он мусоидат намуд, ки дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 512481тонна, картошка 217437 тонна, сабзавот 719186 тонна, полизӣ 190205 тонна, мева 101438, ангур 1839 тонна, гўшт 70315 тонна, шир 354220 тонна, пашм 4553 тонна, асал 579 тонна ва тухм 167050ҳазор дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ғайр аз истеҳсоли ғалладонагиҳо, дигар маҳсулотҳо мутаносибан аз 2,2 % то 53,1 фоиз зиёд мебошад.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ И. дар рафти кори ҷаласа аз сардорони сарраёсати кишоварзии вилояту шаҳру ноҳияҳо, сардорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарону директорони институтҳои АИКҶТ ва дигар масъулини соҳа оид ба рафи иҷрои дастуру супоришҳои додашуда пурсон шуда, баҳри рушди минбаъдаи соҳа ҷиҳати сари вақт иҷро намудани дурнамои кишти зироатҳои такрорӣ, риояи корҳои агротехникӣ дар саҳро, истифодаи дурусти реҷаи обмонӣ дар зироатҳо, бахусус пахта, самаранок истифода намудани заминҳои корам, сари вақт анешидани чораҳои зарурӣ оид ба захираи хўроки чорво, захираи тухмиҳои хушсифати зироатҳо, зиёд намудани оилаҳои занбўри асал ва ба дигар самтҳои соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин олимон ва мутахассисони соҳаро вазифадор намуданд, ки барои дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ семинару машваратҳо ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.

Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти ДИП Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишоҳ Нарзулло ба сухан баромада, оид ба самаранок истифодаи намудани заминҳои корам, иҷроиши саривақтии дурнамои кишти зироатҳои такрорӣ ва захираи хўроки чорво пешниҳодҳои муфид намуданд.

Дар фарҷоми кори ҷаласа Вазири кишоварзӣ қайд намуданд, ки имруз мо шукронаи истиқлолият, шукуронаи ободӣ ва шукронаи Ваҳдати миллиро кунем, ки бо шарофат ва ташаббусу талошҳои пайвастаи Асосгузари сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўз аз рўз Тоҷикистони биҳиштосоямон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, мардуми он дар як рўҳияи сулҳу субот ва фазои якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд.

Тинҷиву оромӣ, сулҳу субот ва шароити мусоиди обу ҳавои Тоҷикистони биҳиштосоямон моро ҳамеша водор месозад, ки аз ҳарвақта дида зиёдтар меҳнат кунем, ҳар ваҷаб замини зархезамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, самаранок истифода барем, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёрем ва барои иҷрои  ҳадафҳои старегии кишварамон, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳоли ба ғизои хушсифат аст, тамоми иқтидорро сафарбар намоем.

Илова кунед: