Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Тантанаи ҷашни Сада дар Тоҷикистон

28.01.2019


Сада, Наврўз ва Меҳргон муҳимтарин
ҷашнҳои кишоварзии ниёгонамон буда,
иди марди деҳқон, фаровониву нишод,
дўстиву рафоқат, ваҳдату ягонагй
ва меҳру садоқат мебошад.

Эмомалй Раҳмон

Таҷлили пуршукўҳи ҷашнҳои аҷдоди навидест, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатй ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалй Раҳмон амалй шуда истодааст. Рўйоварй ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақбардорй аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагонамон амали хайрест барои ояндаи дурахшон. Шукргузорй аз он мекунем, ки имрўз бо шарофати давъату ҳидояти Пешвои миллат ҷашнҳои мардумии аҷдодй аз қабили Наврўз, Меҳргон, Сада ва ғайраҳо басо пуршукўҳу хотирмон ҷашн гирифта мешаванд, ки бешубҳа он боиси таваҷҷуҳи аҳли диёр, ва, насли наврас мегардад.


Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат иброз доштанд: «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонй ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонй саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврўз, Меҳргон ва Сада дар тўли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардааст».


Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27.01.2019 дар боғи фарҳангу фароғатии «Абулқосим Фирдавсй»-и шаҳри Душанбе бо иштироки якқатор меҳмонону сокинони пойтахт ҷашни ниёгонамон Сада бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.


Ҷашни Сада, ки нишонаи дўстиву рафоқат меҳру садоқат, таҷассумгари суннатҳои неки инсонй, ифодаи камарбандй ва омодагй ба фасли баҳору мужда аз фарорасии ҷашни Наврўз аст. Вазорати кишоварзй ва зерсохторҳои он намоиши ҳамагуна олотҳои кории кишоварзй, кўчати гулу-гулбуттаҳои ҳамешасабзу ороишй, ниҳолҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаву сояафкан, навъҳои гуногуни тухмиҳои баландсифати дорои сертификат, техникаю мошинолотҳои муосири кишоварзй, оҳангариву гачкорй, хумҳои қадима ва макетҳо барои нигаҳдории тухмии зироатҳои кишоварзй, намоиши зотҳои гуногуни чорво, дастовардҳои соҳаи чорводорй, парандапарварй, моҳипарварй, трести чарогоҳ асппарварй занбўрпарварй, дастур ва китобҳои гуногуни методй барои кишоварзону чорводорон, баҳри пешгирй аз ҳар гуна касаливу ҳашаротҳои зараррасон, намудҳои гуногуни заҳрдоруҳо бо олотҳои дорупошй ва камераҳои фумигатсионй, намоиши хони идона хўрокҳои миллии ба ҷашн хос аз қабили қурутоб, шакароб, оши палов, кулчақандҳову нонҳои гуногун, далда ширкаду, оши бурида, ҳалво, гандумбирён ва дигар таомҳои миллй ки бо гушт омода гардада ба намоиш гузошта шуд.


Инчунин як қатор мақомоту идораҳои дахлдор дастовардҳои ба ҷашн хос, аз қабили ҳунарҳои гуногуни мардумй, кулолгариву табақтарошй оҳангариву кашидадузй, намудҳои гуногуни варзиш ва дигар дастовардҳое, ки ифодагари ҷашни Сада аст пешкаши ҳозирин намуданд. Дар ҳар гўшаи боғ чорабиниҳои фарҳангиву рақсу бозй, гулханафрўзиву таронахонй, сангбардориву бандкашй, камонзаниву гуштингирй ба иштирокдорон мақбул гардида, ҷашнвораро боз зебову гуворотар менамуд.


Дар чорабинии мазкур муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир табрикоти Асусгузори сулҳу ваҳдати миллй, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалй Раҳмонро ба муносибати ҷашни Сада пешкаши ҳозирин гардонида, барои дар сатҳи баланд омодаги дидан ва баргузор намудани як ҷашни хотирмон изҳори миннатдорй намуд. Меҳмонону иштирокчиёни ҷамъомад бо чеҳраҳои идона аз ин дастовардҳои мутахассисони соҳаи кишоварзй ва анъанаҳои қадимаи миллии ба намоиш гузошташуда дидан намуда, ба меҳнати самараноки кишоварзони ҷумҳурй баҳои баланд доданд.


Яке аз сунатҳои неки ҷашни Сада пас аз ҷамъбасти фаъолияти яксола пешқадамони соҳа аз ҷониби масъулин қадрдони мегарданд: дар ин ҷашни бошукўҳ вазири кишоварзй аз сарчашмаҳои таърихии ҷашнгирии иди Сада ва ба ҳукми анъана даромадани он суханронй намуда, якқатор пешқадамони соҳаи тухмипарварй, механизаторон, олимони соҳа ва мақомотҳои дахлдорро барои пешниҳоди дастовардҳои самарабахш бо сипоснома ва тўҳфаҳои хотирмони Вазорати кишоварзй қадрдонй намуданд.


Инчунин аз ҷониби КВДҶ «Тоҷикагролизинг»-и Вазорати кишоварзй бо мақсади амалй намудани ҳадафҳои стратегй ва дастгирии ҷавонони ихтироъкору навовар соли 2018 озмуни «Муҳандиси ҷавон» дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурй доир гардид, ки ҷамбасти он ба ҷашни Сада рост омад. Вазири кишоварзй Сатторй И., ва Директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Акрамзода Ю., аз эъҷоткорй ва зиракии онҳо изҳори қаноатмандй намуда, ғолибони озмунро бо сипоснома ва тўҳфаҳои пулй сарфароз гардониданд.

Сада, Наврўз ва Меҳргон яке аз ҷашнҳое мебошанд, ки покизагиву фаровонҳосилй, ризқу рўзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандиву нишотро бо худ ҳамроҳ меоваранд ва он шукўҳу ҷалоли дурахшони ниёгони мост.


Дар ин ҷашни бошукўҳ якқатор меҳмонон бахусус соҳибкорони пешқадами соҳаи тухмипарварй аз Федаретсияи Россия ва Қирғизистон ҳузур дошта, якчанд шартномаҳоро барои хариди тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзй бо хоҷагиҳои пешқадами соҳа ба имзо расонидаданд, ки барои рушди соҳаи тухмипарварй як таккони ҷиддй мебахшад.

Ҷашнвораи мазкур шукргузорй аз дастовардҳои даврони истиқлолй, фаровонҳосилии заҳмати кишоварзон, шодию нишот, ваҳдату ягонагии мардуми тоҷик ва эҳёи анъанаҳои миллй дарак медод.


Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзй.
Сомона: www.moa.tj. e-mail: kishovarz2015@mail.ru

Илова кунед: