Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мушовараи ҷам хабари 2018 сол

09.01.2019


Соҳаи муҳимтарини иқтисоди миллй
бахши кишоварзй мебошад,
ки амнияти озуқавории мамлакат
асосан аз рушди он вобаста аст.

Эмомалй Раҳмон

Омўзиши Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллй, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон
ва
натиҷаи фаъолияти Вазорати кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018

Санаи 9.01.2019 дар толори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Омўзиши Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон ва натиҷаи фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ҷаласаи васеъ доир гардид.

Дар кори ҷаласа аъзоёни ҳайати мушовараи вазорат, Сардори Раёсати кишоварзй ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишоҳ, роҳбарону директорони институтҳои АИКТ, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказй ва зерсохторҳои он, сардорони раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурй иштирок намуданд.

Сараввал кори ҷаласаро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторй И. ҳусни оғоз бахшида, аз дастуру вазифаҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалй Раҳмон омада, ёдовар шуд. Қайд намуд, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳим, яксоли дар пешистодаи фаъолияти тамоми сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишвар таҷассум намуда, барои расидан ба зиндагии аз ин сазовортар барои ҳар яки мо роҳнамо мебошад.

Дар замони рў ба марҳилаи навин рушд ниҳодани кишвар, ворид гардидани ҷумҳурй ба ояндаи ободу осуда ва гузоштани қадамҳои устувор барои рушди минбаъда Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилй ва хориҷии мамлакат» андешаронй ва барои рушди устувор дастуру супоришҳо доданд.


Сарвари давлат рушди кишоварзиро мусбат арзёбй карда, қайд намудан, ки самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзй ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварй, зиёд кардани масоҳати гармхонаҳои доимомалкунанда ва шумораи сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот оид ба беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолй бо маҳсулоти он чораҳои қатъй ва фаврй андешида шаванд.

Ҳамчунин, Вазорати кишоварзй ва Академияи илмҳои кишоварзиро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорй бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатй иҷрои барномаҳои қабулшудаи соҳаро таъмин карда, доир ба корҳои иҷрошуда ҳар шаш моҳ ба Хукумати мамлакат маълумот пешниҳод намоянд. Илова бар ин, зарур аст, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакўҳҳо майдони боғу токзор, аз ҷумла боғҳои интенсивй мунтазам зиёд шаванд.

Аз ин рў мо бояд имкониятҳои мавҷударо васеъ истифода бурда, боз ҳам ҳосилнокии зироатҳои кишоварзй ба хусус пахтаро баланд бардошта рушди соҳаи тухмипарвариро таъмин намоем. Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзиро зиёд намуда, чораҳои катъи ва фаври андешем. Азхудкунии заминҳои навро вусат бахшида, майдони заминҳои корамро зиёд, яъне майдони заминҳои аз гардиши кишоварзй беруншударо барқарор кунем. Барои некуаҳволии мардум обу заминро самаранок истифода бурда, истеҳсоли маводи ғизоиро зиёд намоем. Оид ба масъалаи нигоҳдории маҳсулоти кишоварзй ва коркарди он диқати бештар дода, масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда ва шумораи сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавотро зиёд намоем. Ҳамчунин иҷроиши самараноки барномаҳои соҳавиро таъмин карда аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакуҳҳо майдони боғу токзор, аз ҷумла боғҳои интенсивиро мунтазам зиёд намоем. Дар рафти суханрони дигар паҳлўҳои ироаи Паёми Пешвои миллат ёдраси иштирокчиён карда шуда чанд нафар аз роҳбарони корхонаҳои зерташкилотҳои вазорат низ дар партави ироаи паёми навбатии Пешвои миллат суханронй намуданд.

Сипас сухан барои маърўза “Оид ба фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018” ба муовини аввали Вазири кишоварзй Нозанинзода Н.Б. дода шуд.

Муовини аввали вазир зимни баромади худ чунин иброз дошт, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба ҳадафи стратегии кишвар “Ҳифзи таъмини амнияти озуқаворй ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат” фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳо ва вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалй Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои корй ба минтақаҳои ҷумҳурй, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрй барои замина гузоштан ба натиҷаҳои баланди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзй ва нигоҳ доштани устувории бозори истеъмолии мамлакат дар соли 2018 як қатор корҳоро ба сомон расонид.


Истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва чораҳои андешидашуда ба он мусоидат намуд, ки дар соли 2018 тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 01.01.2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорй истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1295677 тонна, пахта 300359 тонна, картошка 964635 тонна, сабзавот 2119396 тонна, полизй 641738 тонна, мева 447731 тонна, ангур 241790 тонна, гўшт 261927 тонна, шир 983053 тонна, пашм 7639 тонна, асал 4182 тонна, моҳй 2082 тонна ва тухм 450284 ҳазор дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 1,4 фоиз то 31,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар хоҷагиҳои деҳқонй ва ҷамоавй истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 861835 тонна, пахта 300359 тонна, картошка 649644 тонна, сабзавот 1226992 тонна, полизй 506676 тонна, мева 225215 тонна, ангур 124807 тонна, гўшт 15051 тонна, шир 53849 тонна, пашм 1409 тонна, асал 347 тонна, моҳй 1708 тонна ва тухм 270353 ҳазор дона расонида шуд, ки ба истиснои ғаладонагиҳо ва пахта истеҳсоли картошка 162578 тонна, сабзавот 234887 тонна, полизй 12901 тонна, мева 29186 тонна, ангур 10765 тонна, гўшт 2416 тонна, шир 1099 тонна, пашм 43 тонна, асал 5 тонна, моҳй 133 тонна ва тухм 107767 дона зиёд мебошад.

Дар рафти ҷаласа сардорони раёсати кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурй оид ба натиҷаи фаъолияти кории худ дар соли 2018 дар назди раёсат ва иштирокчиёни маҷлис ба таври муфассал ҳисобот доданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторй И. аз сардорони раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулини соҳа оид ба рафъи иҷрои кор ва камбудиҳои соҳа пурсон шуда, баҳри рушди минбаъдаи соҳа ҷиҳати сари вақт иҷро намудани дурнамои кишти зироатҳо, аз он ҷумла картошкаи барвақтй, пиёз, зироатҳои равгандеҳ, нуриандозй дар рафти шудгори заминҳои кишоварзй, самаранок истифода намудани заминҳои корам, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва воридоти он аз хориҷи кишвар, ҳолати зимистонгузаронии чорво ва захираи хўрок дар ҷумҳурй ва дигар самтҳои соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин, олимон ва мутахассисони соҳаро вазифадор намуданд, ки барои дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникй ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзй вобаста ба мавсим пайваста тавсияҳои судмандро тавассути васоити ахбори омма ба роҳ монда, корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.


Сипас оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарй аз сўхтор муовини вазир Зеваршоев З.Т. баромад намуда, ҳар як самтҳои соҳаро муфассал таҳлил намуд. Дар рафти ҷаласа вазири кишоварзй Сатторй И. ҷиҳати иҷрои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарй аз сўхтор ва рафъи камбудии он дастуру супоришҳои қатъи доданд.


Сардори Раёсати кишоварзй ва ҳифзи муҳити зисти ДИП Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишоҳ баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар ва дар оянда баҳри зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, инчунин самаранок намудани истифодаи заминҳои корам пешниҳодҳои муфид намуд.

Дар фарҷоми кори ҷаласа Вазири кишоварзй аз сулҳу субот, оромиву якдигарфаҳмй ва ваҳдату ягонагй сухан гафта иброз дошт, ки имрўзҳо шароити мусоиди обу ҳавои Тоҷикистони биҳиштосоямон моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида зиёдтар меҳнат кунем, ҳар ваҷаб замини зархезамонро самаранок истифода барему ҳосили дилхоҳ ба даст биёрем.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзй.
тел: 235-39-23, 235-38-63 Сомона: www.moa.tj.

Илова кунед: