Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Пресс-релиз 11.02.2019

11.02.2019


Мамлакати мо дорои имкониятҳои васеи истеҳсол
ва коркарди маҳсулоти кишоварзй мебошад.

                                                                                    Эмомалй Раҳмон

 

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварй имсол дар ҷумҳурй майдони 69,48 га гармхонаҳои доимоамалкунанда фаъолияти пурсамар дошта, дар он сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 39,16 га, бодиринг 19,57 га ва дигар намуди сабзавотҳо 10,75 га кишт карда шудааст, ки нисбат соли гузашта 4,28 га зиёд мебошад.

Имрўзҳо кишоварзони ҷумҳурй майдонҳои гармхонаҳоро самаранок истифода намуда, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оварда истодаанд. То санаи 08.02.2019 аз гармхонаҳои доимоамалкунандаи ҷумҳурй ба миқдори 599,3 тонна помидор, 237,8 тонна бодиринг ва 226,1 тонна ҳосили дигар намуди сабзавотҳо ҷамъ 1063 тонна маҳсулот ҷамъоварй гадидааст, ки бозорҳои ҷумҳурй бо сабзавоти тару тоза таъмин гардида истодааст.


Рафти шудгори заминҳо дар хоҷагиҳои кишоварзй

Имсол мувофиқи дурнамо дар ҷумҳурй дар майдони 608612 га шудгори заминҳои кишоварзй дар назар дошта шудааст.

Аз мусоид омадани боду ҳавои имсола кишоварзони мамлакат самаранок истифода намуда, шудгори заминҳоро вусъат бахшида истодаанд. То санаи 08.02.2019 дар майдони 550622 га шудгор гузаронида шуд, ки 90%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54061 га зиёд мебошад.

Шудгори тирамоҳй, ки асоси камшавии касаливу ҳашаротҳои зараррасон, захираи намй дар майдонҳои кишт ва омилй серҳосилии заминҳо мансуб меёбад, дар ҷумҳурй босуръат идома дорад.

Имрўзҳо шудгори заминҳо дар вилояти Суѓд дар майдони 184776 га 89%, дар вилояти Хатлон 286929 га 94%, ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 74965 га 85% гузаронида шудааст, ки барои ба ҳадаф расидан дар рўзҳои наздик як иқдоми нек аст.

Барои сари вақт ва бо сифати хуб ба анҷом расонидани шудгори заминҳо 20356 трактор сафарбар карда шуда, 2113 адади он мавриди истифодабарй қарор доранд.


Кишти зироатҳои кишоварзй

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварй то санаи 08.02.2019 кишоварзони ҷумҳурй дар майдони 12708 га кишти баҳории ѓалладонагиҳоро гузорониданд, ки 11%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1099 га зиёд мебошад.

То санаи зикргардида дар ҷумҳурй майдони 4131 га кишти картошкаи барвақтй гузаронида шудааст, ки 62%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, кишти он бомаром идома дорад.

Инчунин дар майдони 13830 га сабзавоти барвақтй кишт карда шудааст, ки 92%- иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад. Аз майдони умумии кишти сабзавот, ки 13830 гектарро ташкил медиҳад, 10195 (89%) га пиёзи барвақтй, 1835 (103%) сабзии барвақтй, 756 (68%) карами барвақтй ва майдони 1045 (1,6м) гектарро дигар намуди сабзавотҳо ташкил медиҳанд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзй

 тел: 235-38-53, Сомона: www.moa.tj.

Илова кунед: