Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пресс-релиз 25.02.2019

25.02.2019


Боғу токпарварй яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзй дар таъмини аҳолй бо ғизои зарурй аст. Иқлими Тоҷикистон барои парвариши боғҳои мевадиҳанда мусоид буда, манбаи меваҷоти болаззат, ашёи хом барои саноати кишвар ва содирот мебошад.

Эмомалй Раҳмон


Бунёди боғу токзор

Баҳри амалй намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, №793 “оид ба “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” бунёди боғу токзорҳои нав дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурй муташаккилона идома дорад. Тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурй дар майдони 3188 га бунёди боғу токзорҳои нав ба нақша гирифта шуда, то санаи 22.02.2019 дар майдони 649 га боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки 20,4 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Кишоварзони кишвар аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда, бунёди боғу токзорҳоро дар заминҳои талу теппаҳои бо намй таъмин идома дода истодаанд. То имрўз кишоварзони вилояти Суғд 131 га 52,0%, вилояти Хатлон 369 га 33,3% ва НТҶ 149 га боғу токзори нав бунёд карданд, ки 8,5%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дод.

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Барои таъмини амнияти озуқаворй, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзй ва таъмини аҳолй бо сабзавоти тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кушиш менамояд, ки майдонҳои умумии гармхонаҳои доимоамалкунандаро тибқи нақша сол аз сол зиёд намуда, ҳосилнокии онро дучанд гардонад.


Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварй имсол дар ҷумҳурй майдони 69,48 га гармхонаҳои доимоамалкунанда фаъолияти пурсамар дошта, дар он сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 41,06 га, бодиринг 19,57 га ва дигар намуди сабзавотҳо 12,25 га кишт карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 4,28 га зиёд мебошад.

Имрўзҳо кишоварзони ҷумҳурй майдонҳои гармхонаҳоро самаранок истифода намуда, аз он ҳосили фаровон ба даст оварда истодаанд. То санаи 22.02.2019 аз гармхонаҳои доимоамалкунандаи ҷумҳурй ба миқдори 640,5 тонна помидор, 259,6 тонна бодиринг ва 250,2 тонна ҳосили дигар намуди сабзавотҳо ҷамъ 1150 тонна маҳсулот ҷамъоварй гадидааст, ки бозорҳои ҷумҳурй бо сабзавоти тару тоза таъмин гардида истодааст.


Маъракаи кишти баҳории зироатҳои кишоварзй

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварй кишоварзони ҷумҳурй дар майдони 15734 га кишти баҳории ғалладонагиҳоро гузорониданд, ки 15,1%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дод. То санаи 22.02.2019 дар ҷумҳурй майдони 6061 га кишти картошкаи барвақтй гузаронида шудааст, ки 91,4%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, кишти он дар баъзе минтақаҳо бомаром идома дорад.

Инчунин дар майдони 15512 га сабзавоти барвақтй кишт карда шудааст, ки 103,3%- иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.

Аз майдони умумии кишти сабзавот, ки 15512 гектарро ташкил медод 11606 (100,8%) га пиёзи барвақтй, 1973 (110,8%) сабзии барвақтй, 842 (75,3%) карами барвақтй ва майдони 1091 (1,8м) гектарро дигар намуди сабзавотҳо ташкил медиҳанд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзй тел: 235-38-53

Илова кунед: