Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пресс-релиз 28.01.2019

28.01.2019


Ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба ҳадафи стратегии кишвар “Ҳифзи таъмини амнияти озуқаворй ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат” фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳо ва вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалй Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои корй ба минтақаҳои ҷумҳурй, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрй барои замина гузоштан ба натиҷаҳои баланди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзй ва нигоҳ доштани устувории бозори истеъмолии мамлакат дар соли 2018 як қатор корҳоро ба сомон расонид.


Қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи кишоварзй

Вазорат бо омўзиши ҳолати воқей ва арзёбии соҳа барои тақвият бахшидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзй бо дарназардошти имкониятҳо ва бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли гўшт, шир, тухм, моҳй, асал ва беҳтар намудани таъмини аҳолй бо маҳсулотҳои зикршуда, “Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”-ро таҳия намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №160 аз 27.03.2018 тасдиқ гардида, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, №793 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, аз 02.12.2009, №658 «Дар бораи Оинномаи Муассисаи давлатии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур» ва аз 28.07.2009, №413 “«Дар бораи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзй» дар таҳрири нав бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, №165 ва аз 01.08.2018,№376 ва аз 29.12.2018, №611 қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд.

Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2018 Созишномаҳои: «Тақвият додани муассисаҳо ва тавоноии Вазорати кишоварзй ва Хадамоти назорати давлатии байторй ҷиҳати таҳия намудани сиёсат» ва «Гуногунии биологй ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзй» тасдиқ (Ратификатсия) шуданд.

Ҳамзамон дар ин давра дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи амнияти озуқаворй барои давраи солҳои 2019-2023», “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорй дар соҳаи кишоварзй ва рушди тиҷорати аграрй барои солҳои 2018-2020”, “Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатй оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он” ирсол гардида, лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Оинномаи Созмони Исломй оид ба амнияти озуқаворй» таҳия гардида, ҷиҳати пешниҳод ва баррасй намудан дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар ин давра дар мувофиқа бо вазорату идораҳо 3 лоиҳа, аз ҷумла «Рушди зарфият барои тақвият додани амнияти озуқаворй ва ғизо дар кишварҳои интихобшудаи Қафқоз ва Осиёи Марказй», «Таҳкими иқтидори хизматрасониҳо доир ба паҳн намудани донишҳои кишоварзй дар Осиёи Марказй», «Таҳкими иқтидори хоҷагидорон ва аҳолии деҳот оид ба истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо» ба имзо расида, 2 лоиҳа оид ба «Коҳиши сатҳи устуворй нисбат ба доруҳои зиддимикробй дар соҳаҳои озуқаворй ва кишоварзй», «Мусоидат ҷиҳати таҳияи Стратегияи миллй оид ба ҳавасмандкунии содироти маҳсулоти кишоварзии алоҳида дар Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Узбекистон» ва Барномаи ҳамкорй байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворй ва кишоварзии СММ барои солҳои 2018-2020 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.


Тақвияти соҳаи тухмипарварй

Барои гузаронидани кишти зироатҳои кишоварзй хоҷагиҳои ҷамъиятй ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурй тухмии ғалладонагиҳо 57622 тонна, картошкаи тухмй 41521 тонна, сабзавот 68 тонна ва чигити тухмй 13273 тонна захира намуда буданд, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 4119, 17130, 16,3,2697 тонна зиёд мебошад.

Ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои кишоварзй бо тухмии хушсифат КВД  “Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон” вазорат харидории тухмиҳои сертификати сифатдоштаро аз хоҷагиҳои тухмипарварй ба роҳ монда, ба маблағи 29 ҳазор сомонй тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзиро ба хоҷагиҳои деҳқонй ва шахсони инфиродй пешниҳод намуд.

Барои рушди соҳаи тухмипарварй корхонаи мазкур КВД “Хоҷагии ёрирасони Канаск”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тухмии картошка ба миқдори 510  тонна таъмин намуд.

Инчунин бо тавсияи мутахассисони вазорат Ширкати «Олами тиҷорат»-и шаҳри Истаравшан аз Федератсияи Россия ба миқдори 270,0 тонна картошкаи тухмии репродуксияи дуюми навъи «Гала»-ро ворид намуда, ба хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент ва Кооперативи ғайритиҷоратии “Сароб” ба миқдори 20 тонна картошкаи тухмии дараҷаи элитаи навъи “Биг-роза” ба ҷумҳурй ворид намуда, ба ноҳияҳои Айнй ва Кўҳистони Мастчоҳ барои кишти соли 2018 тибқи шартномаи тарафайн дастрас намудаанд.

Ширкати “Водии Заррин” барои кишти соли 2018 ба миқдори 222,4 тонна чигити тухмии лучаки навъҳои хитойи “Ханҷиан”, “Хинҷиан” ва навъи туркии “Флеш”, Кооперативи ғайритиҷоратии “Сароб” ба миқдори 43,8 тонна навъи “Флеш”, “Харизма”, “ПГ-2018”, “ВА-440” ва “Эдесса ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи А.Ҷумаеви ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд 50,0 тонна чигити тухмии элитаи навъи «Инхан-6»-ро аз Ҷумҳурии Халқии Чин ворид намуда, ба хоҷагиҳои пахтакор ба фурўш баровардаанд.

Ҳамчунин дар доираи Лоиҳаи GCP/TAJ/010/AUS оид ба “Беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои хурди деҳқонй ба тухмии хушсифат дар Тоҷикистон” барои ҳосили соли 2018 зиёда аз 100 тонна гандуми тухмии хушсифати навъҳои “Сарвар”, “Юсуфй”, “Муродй”, “Дурахшон”, “Айвина”, “Сила” ва “Старшина” ба 623 хоҷагиҳои хурди деҳқонии 15 шаҳру ноҳияҳои пилотй (Муъминобод, Ш.Шоҳин, Кўлоб, Ҳамадонй, Фархор, Восеъ, Ваҳдат, Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҳисор, Панҷакент ва Айнй) дастрас ва барои кишт пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон аз тарафи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид (ФАО) ба миқдори 3,5 тонна тухмии зироатҳо (ҷав, нахуд, лубиёи сурх, офтобпараст, ҷуворимакка, юнучқа ва ноки заминй (топинамбур) ба 15 шаҳру ноҳияҳои пилотй барои кишт ва зиёд намудани тухмй пешниҳод карда шуд, ки аз он зиёда аз 841 хоҷагиҳои хурди деҳқонии ноҳияҳои пилотй аз тақсимоти тухмии хушсифат пешниҳод гардида баҳравар шуданд.


Кишти зироатҳои кишоварзй

Хоҷагиҳои ҷамоавй ва деҳқонй бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат барои ҳосили соли 2018 бо истифодаи тухмиҳои хушсифат ва заминҳои корам тибқи маълумоти оморй (4- кишоварз) барои ҳосили соли 2018 кишти зироатҳои ғалладонагиро дар майдони 282496 га, зироатҳои техникй 209571 га аз он пахта 185817 га, картошка 32226 га, сабзавот 38991 га, полизй 16604 га ва кишти зироатҳои хўроки чорворо дар майдони 76359 га гузарониданд, ки нисбат ба соли гузашта барои ҷорй намудани зироатҳои даромаднокиашон баланд дар истеҳсолот кишти зироатҳои техникй 11603 га, картошка 9256 га, сабзавот 7737 га зиёд кишт карда шуд.

Кишти пахта дар ҷумҳурй дар масоҳати 185817 га таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2017, 11838 га зиёд мебошад. Кишти пахта дар вилояти Хатлон 122404 га, вилояти Суғд 57194 га ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурй 6219 га гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта вилояти Хатлон 2854 га, Суғд 6428 га ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурй 2556 га зиёд мебошад.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурй кишти зироатҳои ғалладонагй дар майдони 374941 га, зироатҳои техникй 214560 га, картошка 50302 га, сабзавот 68298 га, полизй 19927 га ва кишти зироатҳои хўроки чорво дар майдони 98432 га гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта кишти зироатҳои техникй 11193 га ва картошка 9687 га ва сабзавот 8760 га зиёд аст.

Дар давраи ҳисоботй ҷиҳати самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обй ва гирифтани 2-3 ҳосил мувофиқи дурнамо гузаронидани кишти такрорй дар хоҷагиҳои деҳқонй ва ҷамоавй дар майдони 77322 га пешбинй гардида, тибқи маълумоти оморй ба 01.09.2018, 29948 га ғалладонагиҳо, 3479 га полизй ва 35211 га кишти зироатҳои хўроки чорво ва дар маҷмўъ дар майдони 80487 га кишти такрорй гузаронида шудааст, ки ба 104,0 фоизи дурнамои пешбинигардида баробар буда, нисбат ба соли гузашта 717 га зиёд мебошад.


Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо
 

Барои беҳтар намудани таъминоти аҳолй бо сабзавоти тару тоза дар гармхонаҳои доимамалкунанда хоҷагиҳои деҳқонй (фермерй) ва ҷамоавии ҷумҳурй соли ҷорй дар майдони 68,94 га кишти сабзавот гузаронидаанд, ки тибқи маълумоти оморй дар соли 2018 аз ин ҳисоб 1619,1 тонна маҳсулоти сабзавотй, аз ҷумла помидор, бодиринг ва дигар сабзавотҳо истеҳсол намуда, ба бозорҳои истеъмолии кишвар пешкаш намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 197,7 тонна зиёд мебошад.


Афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзй
 

Истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва чораҳои андешидашуда ба он мусоидат намуд, ки дар соли 2018 тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 01.01.2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорй истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1295677 тонна, пахта 300359 тонна, картошка 964635 тонна, сабзавот 2119396 тонна, полизй 641738 тонна, мева 447731 тонна, ангур 241790 тонна, гўшт 261927 тонна, шир 983053 тонна, пашм 7639 тонна, асал 4182 тонна, моҳй 2082 тонна ва тухм 450284 ҳазор дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ғайр аз истеҳсоли ғалладонагиҳо ва пахта дигар маҳсулотҳо мутаносибан аз 1,4 фоиз то 31,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар хоҷагиҳои деҳқонй ва ҷамоавй истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 861835 тонна, пахта 300359 тонна, картошка 649644 тонна, сабзавот 1226992 тонна, полизй 506676 тонна, мева 225215 тонна, ангур 124807 тонна, гўшт 15051 тонна, шир 53849 тонна, пашм 1409 тонна, асал 347 тонна, моҳй 1708 тонна ва тухм 270353 ҳазор дона расонида шуд, ки ба истиснои ғаладонагиҳо ва пахта истеҳсоли картошка 162578 тонна, сабзавот 234887 тонна, полизй 12901 тонна, мева 29186 тонна, ангур 10765 тонна, гўшт 2416 тонна, шир 1099 тонна, пашм 43 тонна, асал 5 тонна, моҳй 133 тонна ва тухм 107767 дона зиёд мебошад.

Новобаста аз кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли пахта дар ҷумҳурй аз ҳисоби зиёд истеҳсол гардидани дигар намуди маҳсулотҳои кишоварзй ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзй таъмин карда шуд.

Бо номусоид омадани обу ҳавои имсола бобати коҳиш додани таъсири омилҳои манфии таъсирасони табиат, барои устувор гардидани хоҷагиҳои кишоварзй дар парвариши зироатҳо ва нигоҳ доштани фаровонии бозорҳои истеъмолии кишвар гурўҳҳои корй аз ҳисоби олимон ва мутахассисони ботаҷрибаи соҳа ба шаҳр ва ноҳияҳо сафарбар карда шуда, мизҳои мудаввар ва мусоҳибаҳо тариқи васоити ахбори омма ташкил карда шуданд.

Дар соли ҳисоботй дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорй ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзй ба 26370,3 млн. сомонй расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,0 фоиз зиёд гардида, суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварй ва чорводорй мутаносибан 3,4 ва 5,3 фоизро ташкил медиҳад.


Содироти маҳсулоти кишоварзй

Дар давраи ҳисоботй дар баробари таъминоти бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанй тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 аз ҷумҳурй ба хориҷи кишвар дар маҷмўъ 136900 тонна меваю сабзавот ба маблағи 16 302 403 доллари ИМА содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содирот 18294 тонна зиёд мебошад. Инчунин 92990 тонна нахи пахта ба маблағи 181 605 596  доллари ИМА содирот гардидааст.


Ярмарка – фурўши маҳсулоти кишоварзй

Бо мақсади танзим ва пешгирии болоравии нарх бо иштироки хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурй бо мақсади дастгирии сокинони шаҳри Душанбе дар ҷашни Рўзи Модар ва Иди байналмилалии Наврўз, Идҳои Рамазон ва Қурбон, ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идҳои Харбуза ва Асал, “Меҳргон ва “Рўзи кишоварзон” ва “Соли нави Мелодй” ярмарка - фурўши маҳсулоти кишоварзй ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 3236 тонна маҳсулоти кишоварзй нисбатан аз нархи бозор арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.


Рушди соҳаи боғу токпарварй
 

Дар соли сипаригардида ҷиҳати амалигардонии “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” оид ба вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободкорй, ярмаркаи фурўши ниҳолҳо ва ҷашни пуршукўҳи «Сада» дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Дўстии халқҳо» бо риояи фарҳанги хоси идона доир карда шуда, дар чорабиниҳои мазкур дастовардҳои гуногуни олимону кишоварзон, пешкаши меҳмонону сокинони пойтахт гардонида шуд.

Дар арафаи фарорасии баҳор дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурй ярмаркаҳои доимоамалкунандаи фурўши ниҳолҳо, кўчати гулҳо ва тухмии зироатҳо ба роҳ монда шуд.

Ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” тибқи  маълумоти оморй ба 01.01.2019 кишоварзони ҷумҳурй дар майдони 2851,2 га боғу токзорҳои нав бунёд намуданд, ки аз майдони умумии боғу токзорҳои нав 2654,4 га боғ ва 195,5 гектарро токзор ташкил медиҳад, ки 2515 гектари он дар таллу теппаҳои бо намй таъмин бунёд карда шудааст.

Бо мақсади пешгирии пайдошавй ва паҳншавии зараррасонҳою касалиҳои боғу токзор дар майдони 83679 га коркарди байни қаторҳо ва нармкунии бехи дарахтону токзор, дар майдони 62759 гектар яхобмонй ва дар майдони 52531 га коркарди кимиёвии боғу токзор гузаронида шудааст, ки ин усулҳо барои кам кардани як миқдор пайдошавии организмҳои зараррасон мусоидат намуд. Оид ба сари вақт гузаронидани чораҳои муҳофизатй бар зидди зараррасонҳои боғу токзор дар давраи зимистонгузаронй дар ҶДММ «Боғи 15 солагии Истиқлолияти Чумҳурии Тоҷикистон»- и шаҳри Ҳисор намоиши махсус омода карда шуда, бо воситаи телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш карда шуд.


Ҳимояи зироатҳои кишоварзй омили серҳосилй
 

Паҳншавии зараррасонҳои пахта дар минтақаҳои ҷумҳурй бо тағйирёбии ҳарорати ҳавои тобистони имсола нисбат ба соли гузашта хусусан майдони паҳнгаштаи тортанаккана дар майдони 8348 га ва кирми ғўза дар 5632 гектар ба қайд гирифта шуд, ки барои пешгирии саривақтии паҳншавии зараррасонҳои маккандаи пахта, хусусан тортанаккана дар майдони умумии 89703 гектар коркарди кимиёвй гузаронида шуд. Ба муқобили зараррасонҳои зироатҳои кишоварзй дар майдони 77445 гектар ҳашаротҳои фоидаовар аз он трихограмма дар майдони 35209 га, габробракон - 31706 га ва тиллочашмак дар майдони 10530 га истифода шуда, ба миқдори 21282 адад домҳои ферамонй гузошта шуд.

Барои пешгирй намудани паҳншавии малах ва ташкили муборизаи кимиёвй Ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявй аз ҳисоби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор “Оид ба мубориза бар зидди ҳашароту зараррасонҳои зироатҳои кишоварзй” таъсис дода шуд.

Дар доираи маблағҳои ҷудогардида аз ҳисоби буҷети ҷумҳурй ба миқдори 23012 литр заҳрдору, 220 адад дорупошакҳои муҳаррикдори дастии насосдор, қисмҳои эҳтиётй ҷиҳати таъмири мошинолотҳо, либосҳои муҳофизавй, сўзишворй ва дигар лавозимотҳои зарурй харидорй гардида, барои пешгирй намудани паҳншавии малах истифода карда шуд.

Дар мавсими соли 2018 барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах ва коркарди кимиёвй 51 адад трактор бо дорупошакҳояшон, 15 адад автомошинаҳои тамғаи Тайота Hilux бо дорупошаки “Микронейр” васлшуда, 2 адад УАЗ033 бо дорупошаки “Микронейр” васлшуда, 5 адад нақлиёти обкаш, 37 адад мототсикл, 728 адад дорупошакҳои дастии муҳаррикдор, инчунин 4 адад автомошинаи тамғаи Тайота Hilux ва 3 адад автомошинаи тамғаи Ваз 21214 барои мушоҳида ва назорат ва зиёда аз 1103 нафар қувваи корй сафарбар гардиданд.

Тибқи хулосаи мутахассисони соҳа дар мавсими пешгирй намудан аз паҳншавии малах бо гузаронидани коркарди кимиёвй 332 580 га зироатҳои кишоварзй, боғу токзорҳо, чарогоҳҳо ба маблағи 514 756 713,0 сомонй аз зарароварии малах эмин нигоҳ дошта шуданд, ки нисбат ба соли 2017 маблағи 104 679 714 сомонӣ  зиёд мебошад.


Дастовардҳои илму таълимии  кишоварзй

Рушд додани соҳаи кишоварзй аз татбиқи дастовардҳои илм бо истеҳсолот алоқамандй дода, дар ин давра аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон корҳои илмию тадқиқотй тибқи 60 мавзўъ идома дошта, дар 65 қитъаи таҷрибавию намоишй омўзиши усулҳои муосири селексия, технологияи парвариши зироатҳо ва чорвои кишоварзй, бунёди боғҳои интенсивй, усулҳои мубориза бо касалиҳою зараррасонҳо амалй намуданд.

Олимони муассисаҳои илмии Академия дар соли 2018 доир ба дастовардҳои илмй соҳиби 9 патенту 2 қарори мусбй ва 11 шаҳодатномаи муаллифй гардиданд. Инчунин, 7 арзнома барои гирифтани патент ба Маркази миллии патенту иттилоот пешниҳод карда шудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.05.2018, №240, 2 конференсияи ҷумҳуриявй ва 3 конференсияи байналмилалй гузаронида шуда, ҳамзамон, бо ташаббуси муассисаҳои илмии Академия 34 конференсияю семинарҳои минтақавй, мизҳои муддавар ва рўзҳои саҳро гузаронида шуда, олимон дар кори 128 конференсияю семинарҳои минтақавй, ҷумҳуриявию байналмилалй иштирок намуданд.

Бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзй ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 навъи зироатҳои кишоварзй ва дарахтони мевадиҳанда, 2 дурагаи кирмаки абрешим натиҷаи таҳкиқотҳои селексионии олимон дар ҷумҳурй минтақабоб гардиданд.

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар давраи ҳисоботй 17 китоби дарсй, 160 дастури методй, 6 монография, 650 мақолаҳои илмию методй нашр гардиданд. Соли равон дар донишгоҳ 13 нафар рисолаи номзадй ва 1 нафар рисолаи докторй ҳимоя намуданд. Инчунин устодони донишгоҳ дар Шўроҳои диссертатсионии хориҷй ва дохили ҷумҳуриявй 3 рисолаи номзадй ва 1 рисолаи докторй дар самти илмҳои техникй ҳимоя намуданд.

Ба мақсади таъмин ва татбиқи сиёсати ягона дар соҳаи такмили ихтисоси  мутахассисони соҳаи  кишоварзй ва бозомўзии касбии онҳо, тибқи нақшаи кории Маркази такмили ихтисос 11513 нафар мутахассисон, раисони ҷамоатҳо, фермерон  ва деҳқонон  ҷалб карда шудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии соҳа ва расонидани кўмаки машваратй ба кишоварзон, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурй ба роҳбарону мутахассисони соҳаи кишоварзй дар мавзўи “Рушди истеҳсолоти кишоварзй дар шароити тағйирёбии иқлим” баргузории семинар-машварати омўзишй ба роҳ монда шуд.


Қадамҳои устувор барои ҳосили соли
2019

Барои гузаронидани семинар-машварати омўзишй аз ҳисоби олимон ва мутахассисони варзидаю соҳибтаҷрибаи Вазорати кишоварзй, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, КВД “Маркази такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзй” гурўҳи корй ташкил карда шуд, ки дар он ҳайати омўзгорон иборат аз 19 нафар шомил карда шуданд, ки аз он 2 нафар академик, 5 нафар профессору доктор ва 6 нафарашон номзади илм мебошанд.

Мутахассисону олимон тибқи нақшаи тасдиқгардида дар семинар-машваратҳо дар мавзуъҳои: усулҳои муосири парвариши зироатҳои техникй (пахта ва зироатҳои равғандиҳанда), картошкаю сабзавот ва полизй; нақши тухмиҳои репродуксионй дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзй вобаста ба тағйирёбии иқлим; усулҳои интегратсионии мубориза бар зидди касалию зараррасонҳои зироатҳои кишоварзй, истифодаи нуриҳои минералй ва реҷаи воридсозии он ба хок, пешгирии шўршавии хок, ботлоқшавй, биёбоншавии заминҳои корам ва ба гардиши кишоварзй ворид намудани заминҳои партов; пешгирии бемориҳои чорво ва баланд намудани маҳсулнокии он; усулҳои бо сифати баланд тайёр намудани хўроки чорво ва истифодаи самараноки чарогоҳҳо ба роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзй ва мутахассисони соҳаи кишоварзй амалй намуда истодаанд.


Рушди соҳаи чорводорй
 

Рушди соҳаи чорводорй яке аз вазифаҳои муҳими соҳа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолй бо гўшт, шир ва тухми паранда дар ҷумҳурй тибқи маълумоти оморй ба 01.01.2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорй 2 338 549 сар чорвои калон ва 5 661 622 сар чорвои хурд, 81168 сар асп ва 6 656875 сар паранда парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумор мутаносибан 23254, 94268, 690 ва 1 401 208 сар афзош ёфтааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятй ва хоҷагиҳои деҳқонй саршумори чорвои калон 164545 сар, гўсфанду буз 1034694 сар, асп 20701 сар, паранда 3188938 сар расонида шуд, ки нисбат ба соли 2017 саршумори чорвои калон 1,3%, гўсфанду буз 2,9%, паранда 75,7% зиёд гардида, саршумори асп 1,6 фоиз кам гардидааст.

Чарогоҳҳо дар ҷумҳурй манбаи асосии таъмини хўроки чорво буда, ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо дар соли 2018 майдони 425 гектар, аз он ҷумла

355 га чарогоҳҳо бо тариқи сатҳй ва 70 га чарогоҳҳо бо тариқи куллй беҳтар карда шудааст.

Яке аз роҳҳои асосии беҳтар намудани зоти чорво ва дар ин замина баланд бардоштани маҳсулнокии он бордоркунии сунъй мебошад. Имрўз дар миқёси ҷумҳурй 297 нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво ташкил карда шудааст, ки тавассути ин нуқтаҳо дар соли 2018, 27200 сар гўсолаи хушзот гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта гирифтани насли хушзот 1732 сар зиёд мебошад.

Бо мақсади баргузор намудани намоиш ва фурўши чорвои зотй ва ба роҳ мондани тарғиби хушзоткунии чорвои зотй, афзун намудани саршумори чорвои зотй дар ҷумҳурй дар ҳамкорй бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Нуробод, Истаравшан, Гулистон, Рўдакй, Данғара ва Ҷ.Балхй баргузор карда шуд.

Мувофиқи маълумоти оморй ба 01.01.2019 дар хоҷагиҳои ҷамоавй ва деҳқонй 3188938 сар паранда мавҷуд буда, 270353 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта саршумори паранда мутаносибан 1374630 сар (75,7%) ва тухм 270353 ҳазор дона (66,3 %) зиёд мебошад.


Соҳаи парандапарварй
 

Парандапарварони ҷумҳурй ҳамчун афзалиятнок муайян гардидани соҳа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалй Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ва аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод гардидани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа руҳбаланд гардида, барои рушди соҳаи парандапаварй талош варзида истодаанд.

Баъди озод гардидани маводҳои воридотии соҳа аз андозҳо ба ҷумҳурй дар ин давра барои таъминоти соҳаи парандапарварй 2569170 дона тухми инкубатсионй ва 1311332 сар чуҷаи якрўза, хўроки паранда 27802 тонна ворид карда шудааст, ки нисбати соли 2017, воридоти тухми инкубатсионй 2212850 дона, чуҷаи якрўза 469920 сар ва хўроки паранда 9623 тонна зиёд ворид карда шуд.

Дар соли 2018 корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурй 2603419 сар чуҷа истеҳсол намуда барои парвариш пешниҳод намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 948 074 сар зиёд мебошад.

Дар миқиёси ҷумҳурй 270 адад хоҷагиҳои моҳипарварй фаъолият доранд, ки аз рўи маълумоти оморй ба 1 январи соли 2019, 2082 тонна моҳй истеҳсол гардида ба бозори истеъмолй пешниҳод гардидааст.

Бо мақсади рушд додани соҳаи моҳипарварй вазорат барои ба роҳ мондани такрористеҳсолкунй 307000 моҳича дастрас намуда, барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти хоҷагиҳои моҳипарвар, тибқи тақсимот ба 43 хоҷагиҳои моҳипарвар дастрас намуд.

Соҳаи занбўрпарварй дар шароити кўҳсори ҷумҳурй соҳаи сердаромад ба ҳисоб рафта, дар ҷумҳурй мувофиқи маълумоти оморй дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорй 222386 оилаи занбўри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбати соли 2017 3396 оила зиёд гардидааст. Тибқи маълумоти оморй ба ҳолати 01.01.2019, 4182 тонна асали молй истеҳсол карда шудааст.


Техникаи кишоварзй

Пешбурди соҳаи кишоварзй бе таъминоти хоҷагиҳо бо трактор, комбайн ва дигар мошинолотҳо ғайриимкон мебошад. Тибқи маълумоти оморй ба ҳолати 01.01.2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурй 27134 трактор, аз он 2284 трактори шудгоркунанда, 1024 комбайни ғалладарав, 151 комбайни хўроки чорвоғундор, 2307 тухмипошакҳо, аз он 1862 тухмипошаки пахта, 3268 култиватор, 9352 испори тракторй, 9275 ядакҳои тракторй ва дигар техникаҳои кишоварзй мавҷуд аст, ки 74 % техникаҳо омодаи кор мебошанд. Аз миқдори тракторҳои мавҷудбуда 2776 ба хоҷагиҳои ҷамоавй, 5255 ба хоҷагиҳои деҳқонй ва 19103 ба хоҷагиҳои аҳолй рост меояд.

Тибқи маълумоти фаврй дар ин давра ба хоҷагиҳои ҷумҳурй 1566 техникаву мошинолоти кишоварзй ворид гардид. Нисбат ба соли 2017 дар ин давра дар ҷумҳурй 190 трактор, 200 адад ядак, 269 испор, 17 тухмипошаки пахта, 14 картошкашинонак, 17 коҳҷамкунак, 20 коҳмайдакунак, 45 тойбанду тагрезчин ва 6 пиёзчинак зиёд ворид карда шудааст.

Аз ҳисоби КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ба ҷумҳурй 217 адад техника ва 560 адад мошинолотҳои кишоварзй ворид карда шуд. Дар ин давра аз ҷониби корхонаи мазкур ба 200 хоҷагиҳои деҳқонй (фермерй)-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурй 237 адад тракторҳои гуногунтамға ва 455 мошинолотҳои кишоварзй бо тариқи иҷораи молиявй (лизингй) дастрас карда шуд.

Дар ҷумҳурй то имрўз 82 маркази хизматрасонии техникй (МХТ) ташкил карда шудааст, ки аз он 57-то аз ҳисоби КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ва боқимонда аз ҷониби соҳибкорони инфиродй таъсис дода шудааст, ки барои сари вақт ба анҷом расонидани корҳои саҳрой ба хоҷагиҳои кишоварзй хизмат расонида истодааст.

Инчунин ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти хоҷагиҳо бо техникаи кишоварзй КВД “Мадад” дар соли 2018 ба маблағи 1,4 млн. сомонй тракторҳои гуногунтамға ва қисмҳои эҳтиётй ворид намуд.


Муносибатҳои байналмилалй

Дар давраи ҳисоботй ҷиҳати густариши ҳамкориҳо байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба ҳамкорй дар соҳаи кишоварзй ва Созишномаи гуногунии биологй ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалй (GIZ) ба имзо расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботй бо мақсади густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзй, вохўриҳои роҳбарият ва мутахассисони вазорат бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон, Фаронса, Афғонистон, Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзй, коршиносони Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалй, ҳайати Бонки Осиёии Рушд, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ҳайати Бонки Ҷаҳонй, мушовирони байналмилалии Барномаи рушди СММ, Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин, Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ташкил карда шуд.


Сармоягузории соҳа

Айни замон дар соҳаи кишоварзй 2 лоиҳаи инвеститсионй ба воситаи 2 Маркази татбиқи лоиҳаҳо амалй гардида истодааст, ки дар соли 2018 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорй дар соҳаи кишоварзй» дар доираи қисмати якуми Лоиҳаи тиҷоратикунонй дар соҳаи кишоварзй оид ба амалишавии занҷираи арзиши иловашудаи (ЗАИ) шир ва зардолу 23 шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз рўи себу нок ва лимў дар 37 шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз руйи модулҳои омузишй, барои 7754 – фермерон омўзишҳо  гузаронида шудаст.

 

     Дар доираи қисмати дуюм лоиҳа бо мақсади тиҷоратикунонии фермерҳои хурд ва ниёзманд, ки дар гуруҳҳои истеҳсолй аз рўи маҳсулоти интихобшудаи занҷираи арзиши иловашуда фаъолият мекунанд 42 шартномаи грантй байни татбиқкунандаи лоиҳа (Муассиса) ва гурўҳҳои фермерон аз рўи занҷираи арзиши иловашудаи (зардолу ва шир) ба имзо расидаанд, ки шумораи манфиатгирандагон 1066 нафарро ташкил медиҳад. 

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорй ва чарогоҳҳо-II» Кафедраи “Зироаткорй ва истеҳсоли хўроки чорво”-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таъмир ва ҷиҳозонидани лаборатория, аудитория, хонаи муаллимон ва роҳрав ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба рушди хушзоткунии чорвои аҳолй ва бордоркунии сунъии чорво бо фарогирии 2744 хонавода, ҳар як гурўҳи манфиатгирандагон бо 15 сар қушқорҳои зотии зоти “Ҳисорй” ва хўрокаи консентратй таъмин карда шуда, дар маҷмўъ 615 сар қушқори зоти “Ҳисорй” ва 64,5 тонна хўрокаи консентратй ба аҳолй дода шуд. Инчунин 30 маҷмўъ асбобу анҷомҳои бордоркунии сунъии чорво ва 1800 воя нутфаи чорвои зотии хушсифат аз хориҷи ҷумҳурй ворид карда шуда, инчунин 37 сар буқаҳои зотй, аз ҷумла, 32 сар зоти сиёҳ-ало ва 5 сар зоти швитсу-зебумонанд харидорй ва барои баҳрагирандагони ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа дастрас карда шудааст.

Ҷиҳати тақвият бахшидани заминаи истеҳсоли хўроки чорво дар ноҳияҳои зерҳадаф лоиҳа дар мавсими кишти баҳории соли 2018 ба 3591 хонавода дар маҷмўъ бо 93 тонна тухмии зироатҳои кишоварзй ва 150 тонна нурии минералии карбамид ва 335 тонна суперфосфат таъмин карда шуданд.

Барои беҳтар намудани таъминоти баҳрагирандагон бо техникаҳо ва мошинолотҳои кишоварзй дар давоми соли ҷорй 94 адад тракторҳои тамғаи МТЗ, 6 адад трактори тамғаи YTO, 64 адад ядакҳои тракторй ва 1208 адад мошинолотҳои гуногуни кишоварзй дастрас карда шудааст.

Оид ба беҳтар намудани инфрасохтори чарогоҳҳо бошад, дар давоми соли ҷорй як адад ҳавзи шустушўи чорво ва сохтмони хати оби нушокй ва нуқтаҳои обнўшй барои чорво бо дарозии 10 км  ва 4 нуқтаҳои  обнўшй барои чорво дар се мавзеи чарогоҳҳои зимистонаи деҳаи Оламафрўз ва ҳавзи шустушўи чорво дар деҳаи Остонаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара сохта ва ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорй ва чарогоҳҳо» -1 дар ноҳияҳои зерҳадаф 1 адад борбардори фронталй, 4 адад алафтойкунак, 12 адад мошинолот барои ҷамъоварии хўроки чорво, 12 адад алафдаравакҳои роторй, 14 адад мошинолотҳои гуногуни кишоварзй ва 300 оилаи занбўри асал бо таҷҳизоти зарурй ба манфиатгирандагон супорида шудааст.


Ҳамкориҳо бо ВАО

Дар давраи ҳисоботй ҳамкориҳо бо васоити ахбори омма хуб ба роҳ монда шуда, 240 мусоҳиба бо мутахассисони вазорат оид ба омодагиҳо ба мавсими кишту кори баҳорй, рушди соҳаи боғу токпарварй, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзй, агротехникаи парвариш, омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, пешгирй аз касаливу ҳашаротҳои зараррасон, рушди соҳаи чорводорй, тарғиби дастовардҳои соҳа дар давоми 27 соли соҳибистиқлолй ва чорабиниҳои фарҳангй - фароғатиро анҷом дода, тавассути васоити ахбори омма инъикос намудааст.

Инчунин дар саҳифаҳои рўзномаву маҷаллаҳои расмй ва ғайрирасмй зиёда аз 202 хабару мақолаҳои гуногун доир ба рушди соҳаи кишоварзй нашр гардидааст, ки бештари онҳо хусусияти тавсиявй дошта, мутахассисону олимони соҳа дар ин ҷода саҳми беназир гузоштаанд.


Ҳуҷҷатгузорй ва қабули шаҳрвандон

Дар давраи ҳисоботй ба унвонии Вазорати кишоварзй 6620 мактуб (қарор, ариза ва дигар ҳуҷҷатҳо) ворид гардиданд, ки аз он 1210-тоаш аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамаи санадҳо зери назорат гирифта шуда, дар муҳлатҳои муайянгардида ҷавоб гардонида шуда истодааст.

Ҳамзамон қабул ва баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон таҳти назорати роҳбарияти вазорат қарор дошта, дар соли ҷорй 136 нафар шаҳрвандон қабул гардида, нисбати масъалаҳои рўзмаъраи онҳо ҷавобҳои мушаххас гардонида шудааст.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзй.
тел: 235-39-23, 235-38-63 Сомона: www.moa.tj.

Илова кунед: