Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пресс-релиз 3.02.2019

03.02.2019

Боғу токпарварй яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзй дар таъмини аҳолй бо ғизои зарурй аст. Иқлими Тоҷикистон барои парвариши боғҳои мевадиҳанда мусоид буда, манбаи меваҷоти болаззат, ашёи хом барои саноати кишвар ва содирот мебошад.

        Эмомалй  Раҳмон


Намоиш-фурўши ниҳол - оғози фасли кишоварзист

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагй бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар мақомотҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои Амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 №РП-1140 дар бораи “Баргузории фестевал, намоиш, ид ва озмуну анъана ва ҳунарҳои мардумй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” санаи 03.02.2019 дар Муассисаи давлатии илмии «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон» намоиш-фурўши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан, кўчати гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишй ва тухмиҳои баландсифати дорои сертификати сифат таҳти унвони «Самари умри деҳқон» бо як шукўҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.



Дар чорабинии мазкур мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимой ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, Сардори Раёсати кишоварзй ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишоҳ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторй, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинй ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок намуданд.


Дар намоиш-фурўши ниҳолҳо кулли хоҷагиҳои ниҳолпарварии Вазорати кишоварзй, АИКТ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, хоҷагиҳои деҳқонй (фермерй) шахсони инфиродй ва дигар мақомотҳои дахлдор иштирок намуда, навъу намудҳои беҳтарини ниҳолҳои себу нок, олуву шафтолу, хурмову анор, гелосу зардолу, пиставу бодом ва дигар намуди ниҳолу гулҳои зебову ороишй ва тухмиҳои хушсифатро пешкаши харидорон гардониданд.


Инчунин бо иштироки якқатор олимону мутахассисони соҳаи боғу токпарварй ва ҳимояи наботот гушаҳои маслиҳатдиҳй ташкил гардида, доир ба тарзи дуруст шинонидани ниҳолу кўчати гулҳо, нуридиҳй, нармкунй, башаклдарорй, коркарди байни қаторҳо, барқароркунй ва азнавҷавонкунии боғҳо, чораҳои мубориза бар зидди касаливу ҳашаротҳои зараррасон ва барои боз ҳам сабзу хуррам гардонидани гулгашту хиёбонҳо бо гулҳои зебои мавсимй ба кишоварзон ва харидорон тавсияҳои судманд дода шуд. Дар ҳар гўшаи боғ, ки пайваста садои карнаю сурнай ва мусиқиҳои форам танинандоз буд, ба иштирокчиён рўҳу нерўи тоза бахшида, ба ҷашн боз ҳам ҳусну таровати тоза зам намуд.


Кулли меҳмонону иштирокчиён аз намоиши дастовардҳои боғдорону гулпарварон ва дигар мутахассисони соҳа дидан намуда, барои дар садҳи баланд доир намудани ин чорабинй баҳои баланд доданд. Инчунин мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимой ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторй оид ба зиёд намудани майдонҳои боғу токзор дар талу теппаҳои бо нами таъмин, баланд бардоштани ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда ва ҷиҳати иҷрои барномаи “Рушди соҳаи боғу токпарварй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020баромадҳои пурмуҳтаво намуда, барои саҳми арзанда ва фаъолияти пурсамар дар рушди соҳаи боғу токпарварй якқатор пешқадамони соҳаро бо тўҳфаҳои хотиравй ва сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафароз гардониданд.


 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзй.
тел: 235-39-23, 235-38-63Сомона: www.moa.tj.

Илова кунед: