Нақлиёт

Дастовардҳои соҳаи нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе дар давоми солҳои 2017-2019

Масъалаи хизматрасонии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, яке аз масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, пайваста зери маддӣ назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 Пешвои миллат таъкид намуданд, ки “Соҳаи нақлиёту коммуникатсия барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар аҳамияти бузург доранд”.

Баландравии дараҷаи мадании аҳолӣ, вақти истироҳату иҷозатӣ, инкишофи сайёҳӣ ва ғайра бевосита ба зиёдшавии ҳаракатнокии аҳолӣ вобаста аст. Қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ нисбати чунин ҳаракатнокӣ ба инкишофи нақлиёти автомобилӣ вобаста аст.

Дар навбати худ инкишофи нақлиёти мусофирбар ба болоравии нишондиҳандаҳои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таъсири мусбӣ мерасонад. Нақлиёти мусофирбар мусофиронро то объектҳои маданӣ - маишӣ расонида ба болоравии дараҷаи мадании аҳолӣ таъсир мерасонад. Инкишофи нақлиёти мусофирбар шарти муҳими инкишофи ҷамъият мебошад.

Соҳаи нақлиёт бахусус нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарин ва афзалиятнокӣ ҷамъияти ба ҳисоб рафта, дар рушди нумуи дигар соҳаҳо, алалхусус соҳаи сайёҳӣ нақши ҳалкунандаро мебозад.

Баъд аз ба Истиқлолияти комили давлатӣ расидани ҷумҳурӣ, дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ бахусус нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе тағйиротҳои кулли ба амал омада истодааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади мусоидат ба таъмини фаъолияти бонизом ва беҳбуд бахшидан ба хизматрасонии нақлиётӣ, қарору барнома ва нақшаи чорабиниҳои муайянро қабул ва амалӣ гардонида истодааст.

Маҷмааи нақлиётии шаҳри Душанбе аз Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиёт-хадамотрасон”, 4 корхонаҳои коммуналӣ, 14 ширкат-ҳои хусусии микроавтобусӣ ва 10 ширкатҳои хизматрасонии таксӣ иборат буда, хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умум дар 77 хатсайрҳои мусофирбарӣ, аз ҷумла 23 хатсайрҳои автобусӣ, 8 хатсайрҳои троллейбусӣ, 46 адад хатсайрҳои микроавтобусӣ ҳамарӯза тариқи 3550 воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла 300 адад автобусҳо, 55 адад троллейбусҳо, 1400 адад микроавтобусҳо ва 1800 адад воситаҳои нақлиёти кироякаш (таксӣ) ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади тақвият бахшидан дар самти рушди соҳаи нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе барномаи «Рушди нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе» қабул ва давоми солҳои 2014-2019 амалӣ гардонида шуд. Дар доираи амалишавии барномаи «Рушди наклиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе» дар хиёбони Рудакӣ дар масофаи 12,4 км ва дар ин масофа пурра аз нав барқарор намудани ноқилҳои троллейбусгард, корҳои барқарорсозии агрегат ва таҷҳизотҳои муосир дар 3 зеристгоҳи тақвиятӣ ва иваз намудани кабелҳои фидерӣ барои 4 зеристгоҳи тақвиятӣ пурра амалӣ гардида, 46 892 метр кабелҳои фидерии барқии зеризаминии шиддатнокии баланд иваз карда шудааст.

Бо амалишавии барномаи мазкур нишондиҳандаи суръати истифодабарии ҳаракати троллейбусҳо аз 13 км/соат солҳои пешина то ба 17 км/соат зиёд гардида, сифати хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт бо нақлиёти барқӣ (троллейбус) беҳтар гардида, мунтазамнокии ҳаракати троллейбусҳо дар хатсайрҳо 1,5 маротиб зиёд шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз ҳисоби маблағҳои барнома 4 адад троллейбуси муосири ба таври автомати то 15 км ҳаракаткунанда харидорӣ карда шудаанд, ки имрузҳо ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе хизматрасони карда истодаанд.

Истифодабарии троллейбусҳои мазкур ҷиҳати гузаштан ба системаи муосири воситаҳои нақлиёти барқӣ дар ояндаи наздик заминаи мусоид фароҳам месозад.

Дар солҳои 2017-2019 дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади таҳкими заминаи моддӣ-техникии корхонаҳои коммуналии мусофирбарии шаҳри Душанбе ва тақвият бахшидан ба фаолияти мусофиркашонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷаи шаҳри Душанбе аз Ҷумҳурии Туркия 64 адад автобуси тамғаи «ISUZU» ва 200 адад автобусҳои тамғаи «AKIA» ,ки мутобиқ ба стандартҳои байналмиллалии ЕВРО-5 мебошанд харидорӣ шуданд.

Дар соли 2019 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе барои харидорӣ намудани 100 адад автобусҳои тамғаи АКИА шартномаи дахлдорро бо корхонаи муштараки «АКИА АВЕСТО Автоматив Индастри» ба имзо расонид. Қайд кардан зарур аст,ки дар корхонаи мазкур автобусҳо пурра истеҳсол мешаванд ва то охири соли 2019 боз 100 адад автобусҳои истеҳсоли ватанӣ ба хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои ба мусофирон хизматрасонӣ намудан сафарбар карда мешаванд.

Ҳамин тавр дар давоми солҳои 2017-2019 дар маҷмуъ 70 фоизи парки автобусҳои корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе навсозӣ карда шудаанд.

Бо ворид гардидани автобусҳои нави замонавӣ дар шабакаи хатсайрҳоии шаҳри Душанбе 10 хатсайрҳои нави автобусӣ ба фаъолият оғоз намуда айни замон автобусҳои нави замонавӣ дар умум дар 23 хатсайрҳои автобусии шаҳри Душанбе ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе хизматрасонӣ карда истодаанд.

Таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки бо ҷалб гардидани автобусҳои нави замонавӣ ва бартарӣ додан ба фаъолияти автобусу троллейбусҳо дар шабакаи нақлиётии шаҳри Душанбе, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе коҳиш ёфта таъмини бехатарии дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ баръало ҳис мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ,бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоид барои рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» амалӣ карда истодааст,ки айни замон дар 16 хатсайрҳои автобусиву троллейбусӣ пардохти электронии роҳкиро тариқи корти электронӣ ва барномаи махсуси мобилӣ ба роҳ монда шуда, ин раванд дар шабакаи хатсайрҳои мусофирбарии шаҳри Душанбе то охири соли 2019 марҳила ба марҳила пурра ҷорӣ карда мешавад.

Бо мақсади амалишавии ин лоиҳа то имруз зиёда аз 350 000 кортҳои нақлиётӣ ба фуруш рафта, вобаста ба шахсоне, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиёзҳо ҳангоми сафар намудан дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум бархурдоранд, кортҳои махсуси ройгон пешбини гардида, 33 ҳазор кортҳои ройгон ба шахсони имтиёздор ба воситаи сохторҳои марбутаи ҳифзи иҷтимоии шаҳрӣ дастрас карда шудаанд.

Дар хиёбону кучаҳои шаҳрӣ Душанбе 120 адад терминалҳои махсус барои фуруши кортҳо ва 300 адад терминалҳо барои пур кардани тавозуни онҳо насб карда шудааст.

Амали намудани низоми мазкур як қатор бартариҳоро доро буда зиёдшавии даромади корхонаҳои нақлиётии мусофиркашонӣ, ба иқтисодиёти расмӣ фаро гирифтани ҳамаи маблағҳои гардиш, ҳалли баҳсҳо оид ба барнагардонидани бақияпулиҳо байни мусофиру чиптачин, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, танзим ва назорати реҷаи ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар бар мегирад.

Бо мақсади пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти сокинон ва меҳмонон бо хизматрасонии нақлиётии такси, ба низом даровардани раванди фаъолияти онҳо дар асоси санаду меъёрҳои амалкунандаи соҳаи нақлиёти мусофирбарӣ, талаботи аҳолии шаҳри Душанбе ба хизматрасонии миқдори воситаҳои нақлиёти таксӣ муайян карда шуда, баромади рузонаи онҳо ба талабот мутобиқ гардонида шуд. Барои роҳандозӣ намудани воситаҳои нақлиёти таксӣ бо намои зоҳирии якранга дар ҳудуди шаҳри Душанбе, дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе намои зоҳирии воситаи нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ муайян карда шуд.

Дар доираи иҷрои қарори мазкур ширкатҳои кироякаши таксӣ намои зоҳирии воситаи нақлиёти худро бо намои зоҳирии қабулгардида мутобиқ гардониданд.

Ҳамзамон дар давоми солҳои 2017-2019 дар шаҳри Душанбе барои муҳаё намудани шароити мусоид барои мусофирон ҳангоми интизории нақлиёт, 76 адад истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашонӣ муҷҷаҳаз бо инфрасохторҳояш азнавсози карда шуда МИҲД шаҳри Душанбе нақша дорад, ки то охири соли ҷорӣ боз 25 адад истгоҳҳои дигар азнавсозӣ мешаванд.

Аз байн бурдани тамбашавӣ ва шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе, аз ҷамъоварии маблағи роҳкиро озод кардани ронадагон, берун аз истгоҳ нигоҳ дошта мусофир нагирифтан, аз меъёр зиёд нагирифтани мусофир, дар истгоҳҳо аз меъёр зиёд нигоҳ надоштани воситаҳои нақлиёт, аз чумлаи тадбирҳое ҳастанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди рафтуо ба сокинону меҳмонон ва сайёҳони пойтахт дар амалӣ намудани накша-чорабиниҳо бахшида ба солҳои 2019-2020 эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” равона гардидаанд.



Илова кунед