Сайёҳӣ

 Яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.

Маҳз ба ҳамин хотир аз ҷониби Пешвои миллат соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, ба рушди ҳамаҷонибаи ин соҳаи ояндадор дар мамлакат заминаҳои воқеии ҳуқуқиву бунёдӣ гузошт.

Ҳамзамон, бо мақсади иҷроиқарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №80 «Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2020» ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт боқарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 – 2020 ба тасвиб расид.

Қабули барномаи мазкур барои истифодаи самараноки имкониятҳо ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби сармоя ва омода намудани кадрҳои болаёқат дар пойтахт заминаи мусоид мегузорад.

Қобили тазаккур аст, ки бо мақсади муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии кишвар ва фароҳам овардани имконияти мусоид ҷиҳати таъмини фароғату сайёҳати сокинону меҳмонони пойтахт моҳи августи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бо ташаббуси мақомот нахустин бор Фестивали тобистонаи Душанбе «Dushanbe Summer Fest» дар сатҳи баланди ташкилӣ, бо фарогирии беш аз 40 ҳазор сокинону меҳмонони пойтахт баргузор карда шуд.

Инчунин, моҳи сентябр дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали хӯрокворӣ ва пуфакҳои ҳавоӣ таҳти унвони «Осмони рангоранги Пур - Нур» ва моҳи декабри соли 2018 Фестивали сайёҳӣ таҳти унвони «Марҳабо ба Душанбе - шаҳри орзуҳо» дар пойтахт доир карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки бо ибтикор ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи муаррифии таърихи пурғановати меъмориву шаҳрсозӣ, иқтидорҳои сайёҳӣ ва табиати дилфиреб, моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Саммити Федератсияи умумиҷаҳонии туристӣ, шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ пазируфта шуд.  

Боядқайд намуд, ки Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ яке аз ташкилотҳои бонуфузи соҳаи сайёҳӣ ба шумор рафта, зиёда аз 130 шаҳрҳои дунё шомили он мебошанд. 



Илова кунед