Тандурустӣ

Ҷамъбасти

фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар 9 моҳи соли 2019-ум

Фаъолияти Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои он дар 9 моҳи соли равон баҳри беҳбудии сатҳи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бистаринамоӣ, ташхис ва муолиҷа бо истифода аз технологияҳои муосир ва дигар тадбирҳо равона карда шудааст.

Барои фаъолияти муассисаҳои табобатию профилактикии зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳр дар 9 моҳи соли равон 166 919 058 сомони (146 360 830 сомонӣ - 9 моҳи соли 2018) сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он амалан ба андозаи 158 425 868 сомонӣ (94,9 %) аз худ карда шудааст.

Дар 9 моҳи соли 2019 баҳри татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 600 аз 2 декабри соли 2008 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» хизматрасониҳо ба маблағи 19 188 980 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он ба маблағи 19 359 250 сомонӣ (100,9 %) таъмин гардид. Сатҳи пасти пардохти маблағ дар МД Маркази саломатии шаҳрии №5 -57,5 %, МД Маркази саломатии шахрии №15- 74,2% Маркази саломатии шаҳрии №4- 80 %, МД МНДСЭ шахри Душанбе 72,7 %.

Дар 9 моҳи ҷорӣ барои таъмиру харидории таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи 5 259 486 сомонӣ аз маблағҳои буҷавӣ сарф шудааст,инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус ба маблағи – 737 231 сомонӣ таҷҳизотҳои тиббӣ харидорӣ шудааст, дар чамъ 5 996 717 сомони. Қайд кардан ҷоиз аст,ки дар МТП-и зерсохтори Раёсат дар 9 моҳи соли ҷорӣ истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои ғайрибуҷавӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар маҷмӯъ аз ҳисоби Муассисаҳои худмаблағгузории зерсохтори Раёсати тандурустӣ дар 9 моҳи соли 2019 даромад ба маблағи 4 237 323 сомонӣ ва хароҷот 4 192 243,9 сомонӣ, ки ба маблағи 45 079,1 сомонӣ бо фоида фаъолият намудааст.

Бояд қайд намуд, ки оид ба иҷроиши даромад ва хароҷоти муассисаҳои худмаблағгузори зертобеъ дар нуҳ моҳи соли 2019 дар Маркази худмаблағгузори барқароркунии қобилияти тазаккури занон даромад ба маблағи 131710 сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 124841 сомонӣ, ки ба маблағи 6869 сомонӣ бо фоида фаъолият намудааст. (Дар нуҳ моҳи соли 2018 даромад ба маблағи 115850 сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 115985 сомонӣ, ки ба маблағи 135 сомонӣ бо зарар фаъолият намудааст).

Маркази муоинаи профилактикии тиббии худмаблағгузор : даромад ба маблағи 1 407 349 сомонӣ ва хароҷот 1 396 366 сомонӣ, ки ба маблағи 10983 сомонӣ бо фоида фаъолият намудааст. (Дар нуҳ моҳи соли 2018 даромад ба маблағи 1 124 080 сомонӣ ва хароҷот 1 118 545 сомонӣ, ки ба маблағи 5 535 сомонӣ бо фоида фаъолият намудааст.

КВД Дармонгоҳи стоматологӣ: даромад ба маблағи 460 386 сомонӣ ва хароҷот 454 716 сомонӣ, ки ба маблағи 5670 сомонӣ бо фоида фаъолият намудааст. (Дар нуҳ моҳи соли 2018 даромад ба маблағи 264 945 сомонӣ ва хароҷот 264 905 сомонӣ, ки ба маблағи 40 сомонӣ бо фоида фаъолият намудааст).

Маркази худмаблағгузори колопроктологӣ: даромад ба маблағи 551 610 сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 546 440 сомонӣ, ки ба маблағи 5170 сомонӣ бо фоида фаъолият намудааст (Дар нуҳ моҳи соли 2018 даромад ба маблағи 407 386 сомонӣ ва хароҷот 429 373 сомонӣ, ки ба маблағи 21 987 сомонӣ бо зарар фаъолият намудааст).

Стансияи шаҳрии дезинфексияи профилактикии худмаблағгузор: даромад ба маблағи 494 813сомонӣ ва хароҷот 494 601 сомонӣ, ки ба маблағ 212 сомонӣ бо фоида фаъолият намудааст. (Дар нуҳ моҳи соли 2018 даромад ба маблағи 396 895 сомонӣ ва хароҷот 407 926 сомонӣ, ки ба маблағи 11 031 сомонӣ бо зарар фаъолият намудааст).

КВД Дезинфексионии шаҳрӣ: даромад ба маблағи 125 694 сомонӣ ва хароҷот 123 303,4 сомонӣ, ки ба маблағи 2 390,6 сомонӣ бо фоида фаъолият намудааст. (Дар нӯҳ моҳи соли 2018 даромад ба маблағи 396 895 сомонӣ ва хароҷот 407 926 сомонӣ, ки ба 11 031сомонӣ бо зарар фаъолият намудааст).

КВД Фармакон: даромад ба андозаи 316 546 сомонӣ ва хароҷот 311 694 сомонӣ, ки ба маблағи 4852 сомонӣ бо фоида фаъолият намудааст. (Дар нуҳ моҳи соли 2018 даромад ба андозаи 1 228 539 сомонӣ ва хароҷот 1 137 471 сомонӣ, ки ба маблағи 91068 сомонӣ бо фоида фаъолият намудааст).

Табобатгоҳи косметологии шаҳрӣ: даромад ба андозаи 113635 сомонӣ ва хароҷот 106442,5 сомонӣ, ки ба маблағи 7192,5 сомонӣ бо фоида фаъолият намудааст (Дар нуҳ моҳи соли 2018 даромад ба андозаи 113685 сомонӣ ва хароҷот 110601 сомонӣ, ки ба маблағи 3084 сомонӣ бо фоида фаъолият намудааст).

Корхонаи давлатӣ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ: даромад ба маблағи 635 580 сомонӣ ва хароҷот 633 840 сомонӣ, ки ба маблағи 1740 сомонӣ бо фоида фаъолият намудааст. (Дар нуҳ моҳи соли 2018 даромад ба маблағи 354 090 сомонӣ ва хароҷот 379 508 сомонӣ, ки ба 25 418 сомонӣ бо зарар фаъолият намудааст).

  • - Дар маҷмӯъ аз ҳисоби Муассисаҳои худмаблағгузори зертобеъи Раёсати тандурустӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 даромад ба маблағи 4 237 323 сомонӣ ва хароҷот 4 192 243,9 сомонӣ, ки ба маблағи 45 079, сомонӣ бо фоида фаъолият намудаанд.

Дар нуҳ моҳи соли 2019 барои таъмини хун ва маводҳои хунӣ 984 631,1 сомонӣ, гузоштани дандонҳои сунъӣ 142 957 сомонӣ барои такмили ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар 119 629 сомонӣ, хариди аробачаи маъюбӣ 64 030 сомонӣ, хариди таҷҳизоти тиббӣ 2 374 660 аз маблағҳои марказонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе харҷ гардидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки хароҷотҳои аслии хун ва маводҳои он дар муассисаҳои зерсохтори Раёсат зиёда аз 1 100 000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар нӯҳ моҳи соли 2019 ба ниёзмандон 43 аробачаи маъюбӣ таъмин карда шуд, ки аз ин шумора 17 адад ба маъюбони гурӯҳи 1-ум, 11 адад ба маъюбони гурӯҳи 2-ум, 7 адад ба маъюбон аз овони кӯдакӣ, 1-адад иштирокчии ҶБВ, 4-адад барои шахсони аз 80 боло, 1-адад ба камбизоатон ва 2-адад барои зарурияти муассисаҳо.

Инчунин дар 9 моҳи соли ҷорӣ 5 нафар кӯдакони гирифтори Нуқсони модарзодии дил бо дастгирии кормандони соҳаи тандурустии пойтахт бо ҷарроҳӣ ба таври ройгон фаро гирифта шуданд. Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №565 аз 16.09. 2019 сол барои табобати кудакони грифтори Нуқсони модарзодии дил ба МД МТ “Истиқлол” 800 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ки имруз фаъолият доранд 16-то буда, дорои 2745 кати муолиҷавӣ мебошанд. Ғайр аз ин дар тобеияти Раёсати тандурустии шаҳр ду хонаи кӯдакон, ки ҳар кадом дорои 100 кат мебошанд ва дар онҳо кӯдакони бепарастор ва сағирмонда муддати 4 сол бистарӣ мешаванд, фаъолият доранд. Таъминотнокӣ 32,9 кат нисбати 10 000 аҳолиро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 905 катҳои терапевтӣ, 614 катҳои ҷарроҳӣ, 495 катҳои акушер-гинекологӣ ва 731 катҳои педиатрӣ ташкил медиҳанд.

Дар 9 моҳи соли равон 73634 нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳри бистарӣ шудаанд, ки ин 8,6% аҳолиро дар бар мегирад. Шумораи бистаришудагон нисбати 9 моҳи соли 2019-ум 2827 нафар бемор зиёд мебошад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 29691 нафарашон аз дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд, ки ин ба 40,3% баробар аст. Иҷроиши кори катҳо дар 9 моҳи соли равон 93,3 фоизро нисбати 87,5%-и соли 2018 ташкил дода, нишондоди миёнаи бистарӣ шудани беморон 7,7 рӯзро ташкил медиҳад.

Дар сатҳи Раёсати тандурустӣ ва муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳр ситодҳои доимамалкунада оид ба тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 таъсис дода шуда, кори ситод дар асоси нақшаи пешниҳодгардидаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.

Барои муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе захира 117 генератор, 60 адад печкаҳои ангиштӣ, 55,0 тонна ангишт, ҳезум 123 м3 ва 7700 литр сузишворӣ ба нақша гирифта шуда, то муҳлати вогузоршуда ташкил карда шудааст.

Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8 майи соли 2019, №279/1 «Дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар шаҳри Душанбе» ва дар мувофиқа бо Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе - 30 муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтори Раёсати тандурустии ш. Душанбе барои қабули нерӯи гармӣ дар мавсими гармидиҳии солҳои 2019-2020 ба нақша гирифта шудаанд, аз он ҷумла 20 муассиса аз ҳисоби гармии мутамарказ ва 10 муассисаи дигар аз ҳисоби дегхонаҳои локалӣ. Ҳамаи муассисаҳои зикргардидаро мутахассисони Муассисаи шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Хадамоти назорати давлатии соҳаи энергетика аз санҷиши гидравликӣ гузаронида, шиносномаи тайёрии умумиро соҳиб гардидаанд.

Аз муассисаҳои ба нақшаи қабули нерӯи гармии мутамарказ ворид нагашта – 2 муассиса аз ҳисоби 2-бойлер, 27 муассиса аз ҳисоби радиаторҳои барқии равғанӣ ва Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва Маркази саломатии шаҳрии №15 бошад аз ҳисоби 16 адад дастгоҳи гармистеҳсолкунандаи “Челер” ва 115 адад таҷҳизоти гармидиҳанда муҷаҳазонида шуда, дар мавсими сармо бо гармӣ таъмин мекунанд.

Кори ситод дар асоси нақшаи пешниҳод гардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.

Масъалаи тайёрӣ ба зимистонгузаронии муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Душанбе дар зери назорати домии Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе баҳри беҳтар намудани ҳолати

санитарию-эпидемилогии муассисаҳои табобатию профилактикӣ дар 9 моҳи соли равон як қатор муассисаҳоро аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ба маблағи 7 465 707 сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаҳо ба маблағи 751 131 сомонӣ таъмир намуд, ки дар ҷамъ 8 216 838 сомониро ташкил дод. Корҳои таъмирию тармимӣ дар муассисаҳои табобатию профилактики зерсохтор давом доранд.

Дар 9 моҳи соли 2019 аз тарафи ташкилотҳои хориҷӣ ва шахсони саховатманд аз он ҷумла доруворӣ ба маблағи 2 886 369 сомонӣ , хӯрока ба маблағи 513 268 сомони, таҷҳизот ба маблағи 2 696 256 сомонӣ ва таъмир ба маблағи 355 500 сомонӣ ёриҳои башардӯстона расонида шуд.

Яке аз вазифаҳои асосии Раёсати тандурустӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббии шаҳр бо мутахассисони маълумоти олӣ ва миёнаи тиб мебошад.

Дар асоси нишондодҳои оморӣ дар сохтори Раёсати тандурустии шаҳр 3311 нафар табибон ва 5410 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Таъминотнокӣ бо табибон 38,8 ва кормандони миёнаи тиб 63,5 ба 10 000 аҳолиро ташкил медиҳад.

Дар 9 моҳи соли 2019-ум – 953 нафар, аз ҷумла 292 нафар табибон ва 661 нафар кормандони миёнаи тиб ба кор таъмин шудаанд.

Дар баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва назариявии кормандони соҳаи тандурустии шаҳр як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Дар 9 моҳи соли равон 326 нафар табибон, аз он ҷумла 21 нафар берун аз ҷумҳурӣ, ки аз онҳо 4 нафар аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи Раёсати тандурустӣ пардохт карда шуданд. Ҳамзамон 400 нафар кормандони миёнаи тиб аз такмили ихтисос, инчунин 19 нафар табибон ва 134 нафар кормандони миёнаи тиб аз бозомӯзии касбӣ гузаштанд.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ барои табодули таҷриба мутахассисони муассисаҳои зерсохтори Раёсат дар 6 конфронс ва 7 семинарҳо берун аз ҷумҳурӣ иштирок кардаанд. Инчунин, 1 нафар табиби оилавӣ таҷрибаомӯзиро дар Беморхонаи Вилгелми шаҳри Венаи Австрия гузаштааст.

Баҳри иҷрои банди 9-ми Қарори Раиси шаҳри душанбе аз 31.12.2011, №592 “Дар доираи татбиқи “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020” дар шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23.02.2010, №61 тасдиқ гардидааст, андешидани чораҳо оид ба такмил додани ихтисоси кормандони соҳаи тиб, тақвият бахшидан ва афзоиш додани имконияти тайёр намудани кадрҳои тиббӣ, аз ҷумла сафарбар намудани кормандони соҳаи тиб ва муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар, таҳия ва татбиқи воситаҳои ҳавасмандгардонӣ барои ба кор ҷалб кардан ва нигаҳдории кадрҳои тиббӣ Раёсати тандурустӣ чораҳои натиҷабахш андешида шуданд.

Дар 9 моҳи соли 2019 - 1 нафар мудири шуъбаи осебшиносӣ доир ба мавзӯи “Ҷарроҳии буғумҳои косу рон ва зону” дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, 1 нафар табиби наҷот ва беҳискунӣ доир ба мавзӯи “Анестезиология ва табобати интенсивӣ дар нейроҷарроҳӣ” дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус, 1 нафар мудири шуъбаи ҷарроҳии ғадудҳои дохила ва 1 нафар табиби ҷарроҳ доир ба мавзӯи “Ҷарроҳии эндоскопӣ” дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия, 1 нафар табиби ҷарроҳ доир ба мавзӯи “Ҷарроҳии бариатрӣ (метоболикӣ)” дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, 1 нафар табиби фаросавтӣ доир ба мавзӯи “Ҳифзи саломатии коргарон” дар шаҳри Ноиди Ҷумҳурии Ҳиндустон, 1 нафар табиби ташхиси функсионалӣ доир ба мавзӯи “Эхокардиографияи клиникӣ” дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, 1 нафар мудири шуъбаи сӯхта доир ба мавзӯи “Ҷарроҳиҳои барқароркунӣ – пластикӣ ҳангоми захмҳо ва сӯхта” дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, 1 нафар табиби наҷот ва беҳискунӣ доир ба мавзӯи “Трансфузиология” дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, 1 нафар табиби ташхиси ултрасадо доир ба мавзӯи “Усулҳои доплерографияи ташхиси бемориҳои рагҳои хунгард” дар шаҳри Барнаули Федератсияи Россия, 1 нафар мудири шуъбаи урологияи кӯдакона доир ба мавзӯи “Ҷарроҳии кӯдакона” дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия, 1 нафар табиби бемориҳои занона доир ба мавзӯи “Ҷарроҳии мавҷи радиоӣ ба воситаи аргоплазма дар гинекологияи амбулаторӣ бо асосҳои колпоскопӣ” дар дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, 1 нафар табиби ташхиси ултрасадо доир ба мавзӯи “Ташхиси ултрасадои нуқсонҳои дил ва рагҳои хунгард” дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 нафар табиби стоматолог доир ба мавзӯи “Ҷарроҳии эстетикии ҷоғу рӯй” дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, 3 табиби реаниматолог ва 2 ҳамшираи тиббӣ оид ба даври омӯзишӣ барои истифодабарии таҷҳизотҳои тиббии гемодиализ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 нафар табиби осебшинос доир ба мавзӯи “Эндопротезкунонии буғумҳои зону” дар шаҳри Гюмрии Ҷумҳурии Арманистон ва 1 нафар табиби ҷарроҳ доир ба мавзӯи “Ҷарроҳии қафаси сина” дар шаҳр Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар ҷамъ 21 нафар (дар 9 мохи соли 2018-15 нафар) аз такмили ихтисос гузаштаанд.

Дараҷанокии касбии табибон дар 59 муассисаҳои зерсохтори Раёсати тандурустӣ 94,0% ва кормандони миёнаи тиб бошад, таносубан 92,4% дар муассисаҳои зерсохтори Раёсат ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои зерсохтории Раёсат 90 нафар номзадони илмҳои тиб, 6 нафар докторони илмҳои тиб ва 1 нафар академики Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Дар раванди иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе, №262, аз 23 майи соли 2012, “Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе” бо фармоиши Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе №42 аз 13 март соли 2018 “Оид ба ташкил ва баргузории озмунҳои соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе” аз 13 март то 01 апрели соли 2018 озмунҳои шаҳрии “Беморхонаи сол-2017”, “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол-2017”, “Табиби сол-2017”, “Табиби оилавии сол-2017” ва “Корманди миёнаи тибби сол-2017” гузаронида шуд.

Дар доираи татбиқи барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии шаҳр ва стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар муассисаҳои тандурустӣ усулҳои нави коргузорӣ ба роҳ монда шудаанд, ки бо роҳҳои камхарҷ ва дар муддати кӯтоҳ беморонро табобат намоянд.

Дар муассисаҳои бистаринамоӣ бо тарзи эндовидеоҷарроҳӣ (каминвазивӣ) дар 9 моҳи соли равон 3078 нафар (2757 нафар дар 9 моҳи соли 2018), литотрипсия 7 нафар (2 нафар дар 9 моҳи соли 2018) беморон ҷарроҳӣ шудаанд, ки ин ба кам намудани муҳлати бистарии беморон мусоидат намуд. Дар 9 моҳи соли равон 5057 мадҳушкунии регионарӣ дар муассисаҳои бистаринамоӣ (9 моҳи соли 2018-4511 нафар) гузаронида шудааст, аз он ҷумла: дар МД Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ – 744 (9 моҳи соли 2018- 753), Маркази шаҳрии худмаблағгузори колопроктологӣ- 428 (9 моҳи соли 2018- 347), МД Маркази тиббии шаҳрии №2 ба номи академик К.Тоҷиев –567 (9 моҳи соли 2018-603), МД Маркази тиббии шаҳрии №3 –248 (9 моҳи соли 2018-277), МД Таваллудхонаи шаҳрии №2 – 0 (9 моҳи соли 2018 – 447), МД Таваллудхонаи шаҳрии №1- 1051 (9 моҳи соли 2018 - 634) ва МД Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” – 1284 (9 моҳи соли 2018 - 929), МД Маркази тиббии шаҳрӣ ба номи К. Ахмедов - 735 (9 моҳи соли 2018- 521) адад.

Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо мақсади наздик намудани ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, ташкил намудани хизматрасонии тиби оилавиро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ ҳисобида, дар ин самт бисёр корҳо амалӣ гардида истодааст.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе 10 амбулаторияҳо, 91 шуъбаҳо, 547 нафар табибони оилавӣ ва 1255 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ фаъолият дошта, ба аҳолии пойтахт пурра хизмати тибби оилавӣ мерасонанд

Яке аз нишондодҳои асосии солимии ҷомеа ин сатҳи сиҳатии модару кӯдак мебошад.

Хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон дар нӯҳ моҳи соли 2019.

Тибқи омори расмӣ дар шаҳри Душанбе 231654 (27,2%) нафар занони қобили таваллуд ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 107479 нафарашон (46,4 %) бо маводҳои контрасептивӣ фаро гирифта шудаанд. Аз 107479 нафар истифодабарандагони маводҳои контрасептивӣ 88974 нафарашон (82,8%) ба гурӯҳҳои мақсаднок мансубанд. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ боз 25874 нафар занон бо маводҳои контрасептивӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ Маркази шаҳрии солимии репродуктивӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ бо дастгирии ташкилотҳои Байналмиллалии ба маблағи 225151,76 сомонӣ маводҳои контрасептивӣ аз ҷумла: 30939 воситаҳои ҳормонӣ доруи ҳаб, 1400 маводҳои ҳормонии тавасути сузан, 3800 маводҳои дохилираҳмӣ ва 619200 адад рифола ҳамчун ёрии башардустона таъмин карда шуд. Маводҳои контрасептивии дастрасгардида саривақт ва мувофиқи талабот ба ҳамаи Марказхои солимии репродуктивӣ ва таваллудхонаҳои шахрӣ тақсим карда шуданд.

Нишондоди таваллуд дар 9 моҳи соли ҷорӣ нисбати 1000 нафар аҳолӣ 22,0 ташкил медиҳад (дар 9 моҳи соли 2018 – 21,0).

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 87 нафар тифлон (0,8%) дар хона таваллуд шудаанд, ки ин нисбати 9 моҳи соли 2018–ум (111 нафар-0,8%) - 24 нафар кам мебошад.

Яке аз роҳҳои барқароркунии солимии репродуктивии занон ин риоя намудани фосилаи байни таваллуд мебошад. Омӯзиш нишон дод, ки фосилаи байни таваллуди занон то 2 сол – 525 (5,3%), 9 моҳи соли 2018 - 636 (6,1%), аз 2 то 3 сол – 4205 (42,7%), 9 моҳи соли 2018 – 4127 (46,4%), аз 3 сол боло 5120 (52,0%), 9 моҳи соли 2018 - 5611 (54,1%) мебошад. Шумораи бори аввал таваллудкунандагон – 4166 (29,7%), 9 моҳи соли 2018 - 4183 (28,7%). Раёсати тандурустӣ баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳи солимии модару кӯдак корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботиро дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ оид ба самти нишондодҳои демографӣ, танзими оила ва баланд бардоштани нишондодҳои солимии репродуктивӣ, пурзӯр намуда истодааст.

Нишондоди фавти модарон дар 9 моҳи соли 2019-ум нисбати 100 000 зиндатаваллудшудагон 20,6 (9 моҳи соли 2018 – 7,0) ташкил медиҳад. Шумораи умумии кӯдакони аз 0 то 18 сола то 01.10.2019 сол 346223 нафар ё ин, ки 35,2 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии кӯдакон синни то 1 сола 20732 нафар (2,1%)-ро ташкил медиҳанд.

Дар муассисаҳои пешгирию табобатии зерсохтор 16 нуқтаҳои обнушонии даҳонӣ-НОД (ПОР) фаъолият доранд. Дар 9 моҳи соли 2019 дар нуқтаҳои обнушонии даҳонии (ПОР) ин муассисаҳо 10607 (2018-12137) нафар кӯдакони синни то 5 солаи гирифтори бемориҳои дарунрав табобат гирифтанд.

Ҳамаи кӯдакони гирифтори бемориҳои дарунрав аз рӯи нақшаҳои дар Дурнамои ҳамбастагии бемориҳои кӯдакон тавсияшуда, табобат гирифтанд.

Бо нақшаи А: 5293-49,9,%(5920-48,7%).

Бо нақшаи Б:5276-49,7%(6122-50,4%). Аз онҳо дар Беморхонаҳо- 1945 – 36,8,0% (1979-47,7%), дар нуқтаҳои обнушонии даҳонӣ (НОД)-3331 (63,2%), (4143-41,7%).

Бо нақшаи В: 38 - 3,5% (95-7,8%) баъди нуқтаҳои обнӯшонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд.

Дар соли ҷорӣ аз бемориҳои дарунрав 4 ҳодисаи фавти кӯдакон,ки дар МД Беморхонаи клиники шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар соли 2018- 4 нафар буд.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ нишондоди бемориҳои шадиди меъдаю руда тамоюл ба пастшавӣ дорад.(2019-10607,2018-12137=-1530)

Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №361 аз 21 майи соли 2019 аз 1-уми июн то 10 июни соли равон дар байни кӯдакони аз 6 то 59 моҳа дар тамоми муасисаҳои табобатию профилактикии шаҳр даври навбатии тақсимоти ғилофакҳои витамини А бо мақсади пешгирии норасоии ин витамин гузаронида шуд. Тақсимоти витамини А дар муасиссаҳои пешгирию шифоии зерсохтор гузаронида шуда, ҷамъи ҳаррӯзаи маълумот дар бораи сатҳи тақсимоти витамини А ва ҷамбасти ин маърака ба воситаи Маркази шаҳрии ҳамбастагии бемориҳои кудакона ташкил шуда буд, ки иҷроиши он 98520 нафар 99,3%, соли 2018- 97390 нафар (99,1%)-ро ташкил дод.

Бояд қайд кард, ки дар аввали соли 2019-2684 нафар кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд. То 01.10. соли 2019-ум 27 нафар солим гардонида шудаанд, 104 нафар ба синни 18 расида, ба ХДТТИ фиристонида шуданд, 27 нафар фавтиданд, 54 нафар ба дигар минтақаҳо кучиданд, 54 нафар аз дигар минтақаҳо кучида омаданд ва ба 208 нафар кӯдакон бори аввал маъюбӣ дода шудаанд, ки ин шумора ба 2712 нафар расид.

Дар 9 моҳи соли 2019-ум дар Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқат, кӯдакони маъюби аз 3 сола то 18 сола-149 нафар, дар Машваратгоҳи рудҳшиносӣ-тиббӣ- педагогии шаҳри Душанбе-1456 нафар кӯдакон бо табобат фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 707 нафар бо роҳхати Марказҳои саломатии шаҳрӣ бистарӣ карда шудаандБояд кайд кард, ки дар назди Хонаи кудакони №2 Маркази дастгирии оила “Умед” фаъолият менамояд, ки дар давраи хисоботӣ ба 41 нафар кудакони маъюб дар 1 ҳафта 2 маротиба корҳои инфиродӣ ва бо 41 нафар модарони кудакони маъюб дошта омӯзиш барои нигоҳубини кудаки маъюб дар шароити хона гузаронида шудааст.

Ҳамаи муассисаҳои тиббӣ, ки бо барномаи эмкунӣ сару кор доранд, мунтазам бо ваксинаҳои баландсифат, сӯзандоруҳо, қуттиҳои бехатар, ҳуҷҷатҳои ҳисобот (журналҳои қайди эмкунӣ, шаклҳои 2Б (ҳисобот оиди эмкунӣ), шаклҳои 63 таъмин шуда истодаанд.

Дар 9 моҳи соли 2019 ягон ҳодисаи бемории гулӯзиндонак ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин муддат 6 ҳодисаи шадиди фалаҷи суст (ОВП) дар Маркази саломатии шаҳри № 7 ду ҳодиса МСШ №10,15, 9,11 ба қайд гирифта шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 14426 кӯдак таҳти назорат гирифта шудаанд, аз онҳо 13805 (96,0 %) кӯдак дар таваллудхонаҳо таваллуд шудаанд, дар хона 83 (0,5%), ва 538 (3,7 %) кудак аз дигар ноҳияҳо ба назорат гирифта шудаанд. Сатҳи фарогири иммунизатсия зидди бемории сил 100 %-ро ташкил мекунад, ки 14426 кӯдак фаро гирифта шудаанд, аз онҳо 13805 кӯдак (96,0 %) дар таваллудхонаҳо ва 538 кӯдак (3,7%) дар МСШ-ҳо иммунизатсия шудаанд.

Сатҳи фарогирии иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ бо вояи – 0 - 100 % -ро ташкил мекунад, ки 14426 кӯдак ваксинасия шудаанд, аз онҳо 13805 (96,0 %) кӯдак ваксинаро дар таваллудхонаҳо гирифтаанд ва 538 кӯдак (3,7%) кӯдак дар Марказҳои саломатии шаҳрӣ.

Аз гуруҳи мақсадноки иммунизатсия, ки 21196 кӯдакро ташкил медиҳад, сатҳи фарогирии иммунизатсия бо вояи аввал бар зидди бемории фалаҷ 72,9%- ро ташкил мекунад, ки 15447 кудак ваксинасия шудаанд. Вояи 2-уми иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ 70,4% ташкил мекунад, ки 14928 кудак ваксинатсия шудаанд. Вояи сеюми иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ 69,4%-ро ташкил медихад, ки 14704 кӯдак ваксинатсия шудаанд. Сатҳи фарогирии иммунизатсия бо вояи авали пентавалентӣ 72,9%- ро ташкил мекунад, ки 15447 кӯдак иммунизатсия шудаанд. Вояи 2-юми пентавалентӣ- 70,4%-ро ташкил мекунад, ки 14928 кӯдак ваксинатсия шудаанд. Вояи сеюми пентавалентӣ 69,4%-ро ташкил медиҳад, ки 14704 кӯдак ваксинатсия шудаанд. Нишондиҳандаи нотамоми иммунизатсия дар шаҳр ба 3,4% баробар аст. (дар меъёр ин нишондиҳанда то 10% мебошад). Сатҳи фарогирии иммунизатсия бо вояи аввали ротавирусӣ 72,2%- ро ташкил мекунад, ки 15302 кӯдак ваксинатсия шудаанд. Вояи 2-юми ваксинатсияи ротавирусӣ- 70,2%-ро ташкил мекунад, ки 14872 кӯдак иммунизатсия шудаанд.Сатҳи фарогирии иммунизатсия бо вояи сурхча-1 -71,6%-ро ташкил мекунад, ки 14625 кӯдак ваксинатсия шудаанд. Сатҳи фарогирии иммунизатсия бо вояи такрории фалаҷ 74,2%-ро ташкил мекунад, ки 15165 кӯдак ваксинатсия шудаанд.

Сатҳи фарогирии иммунизатсияи такрории АКДС-4- 72,5%-ро ташкил мекунад, ки 13892 кӯдак ваксинатсия шудаанд.Сатҳи фарогии иммунизатсия бо вояи такрории АДС- анатоксин ва сурхча-гулафшон барои кӯдакони синни 6-сола 75,0% -ро ташкил мекунад, ки 14219 кӯдак ваксинатсия шудаанд.

Дар ҳама Марказҳои саломатии шаҳрӣ ва шӯъбаҳоии ҷарроҳии беморхонаҳо аз ҳисоби ҳуҷраҳои захмбандии тоза ҳуҷра барои гузарони- дани амалиёти хатна ташкил карда шудаанд ва аз рӯи рӯйхати таҷҳизотҳои ҳуҷраи хатна (замимаи 1,2) тибқи талаботи фармоиши ВТ ва ҲИА ҶТ таҳти №599 аз 02.07.2018 сол муҷаҳҳаз гардонида шудаанд,

бо миқдори кофии доруҳои бедардкунанда ва асбоби корди барқӣ барои

гузаронидани хатна таъмин карда шудаанд. Инчунин бо мақсади фароҳам сохтани фазои мусоиди руҳию равонӣ барои кӯдакон долони ҳуҷраҳо бо

телевизор, бозичаҳо ва расмҳои гуногуни кӯдакона оро дода шудаанд.

Дар ҳама Марказҳои саломатии шаҳрӣ Ҳуҷраҳои модару кӯдак ташкил карда шуда, аз рӯи рӯйхати таҷҳизотҳои ҳуҷраи модару кӯдак тибқи талаботи Фармоиши ВТ ва ҲИА ҶТ таҳти №600 аз 02.07.2018 сол муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Оид ба гузаронидани амалиёти хатна дар 9 моҳи соли 2019 дар шаҳри Душанбе, хамаги 8050 амалиёти хатна гузаронида шуда, аз тарафи мутахассисони Марказҳои саломатии шаҳрӣ- 6702 -83,3% (9 мохи соли 2018 -1491) ва дар беморхонаҳо- 1348- 16,7% (9 мохи соли 2018- 419) амалиёти хатна дар байни кӯдакон (0-20 рӯза-2120, аз 20 рӯза то 6 моҳа-2688, аз 6 моҳа то 3 сола-1889 ва аз 3 сола боло-1353) гузаронида шудааст.

Бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 374 аз 23 августи соли 2016 ва иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 690 аз 14.09 соли 2016 ва фармоиши Раёсати тандурустии МИҲД-и шаҳри Душанбе таҳти № 199 аз 29.09 соли 2016 “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда” шахсони никоҳшаванда дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалаи зисти доимӣ (Марказҳои саломатии шаҳрӣ) бо мақсади бастани ақди никоҳ аз муоинаҳои умумиклиникӣ, усулҳои озмоишгоҳӣ ва функсионалии тадқиқотӣ ба таври ройгон гузаронида мешаванд. Муоинаи умумиклиникӣ аз тарафи табиби оилавӣ ва ҳангоми зарурат аз тарафи мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад.

Дар 9 моҳи соли 2019 ҳамагӣ 6459 нафар никоҳшавандагон аз муоинаи тиббии ҳатмӣ дар Марказҳои саломатии шаҳрӣ гузаштаанд, ки аз онҳо 3464 нафар ҷавонписарон ва 2995 нафар духтарон мебошанд. Аз шумораи муоинашудагон 274 (4,2%) нафар бо бемориҳо дарёфт гардиданд, ки аз онҳо: 94 нафар Ҳомили гепатити HBV (67 мард, 27 зан); 41 нафар - Ҳомили Гепатити HCV (29 мард, 12 зан);1 нафар сили иртишоҳии шушҳо, 2 нафар Ҳолат баъд аз гузаронидани сил, 5 нафар ВНМО, 11 нафар- Бронхити шадид, Бронхити музмин 13 нафар, 10 нафар Наздикбинии дараҷаи баланд, 4 нафар -Наздикбинии дараҷаи паст, 4 нафар Ҳомила,3 нафар –Бемории саръ, 4 нафар Ҷоғари нуфуздор, 4 нафар Диабети қанд, 1 нафар Олусии чашм, 1 нафар Бемории пешобдон,3 нафар –Фарбеҳӣ, 1 нафар- Аднексит, 1- нафар Омоси тухмдони чап, 4 нафар Варикосели, 2 нафар- Сустақлӣ, 1- нафар Диққи нафас, 1 нафар Боқимондаи фалаҷ, 1 нафар- Колпит,8 нафар- Боқимондаи осеби майнаи сар, 4 нафар- Неврити кохлеарӣ, 1 нафар- Саратони устухони сараки рони чап, 2 нафар Гурдаи ягона, 2 нафар Каҷшавии миёнадевори бинӣ, Холесистити музмин 1 нафар, Чурраи қадкашак 1 нафар, Тағироти кистозии тухмдон 1 нафар, Гломерулонефрити музмин 1 нафар, Аденокарсиномаи меъда 1 нафар, Гипоплазияи моядон 1 нафар, Кутоҳшавии пойи чап 1 нафар мебошанд.

Табибони оилавӣ ва мутахассисони соҳаи маҳдуд беморони дарёфт гардидаро таҳти назорати диспансерӣ қарор дода, солим гардонида истодаанд. Инчунин дар Марказҳои саломатӣ ба шахсони никоҳшаванда аз тарафи табибон оид ба тарзи ҳаёти солим, танзими оила, таъсири бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва оид ба натиҷаи муоинаҳо машваратҳо гузаронида мешаванд.

Бо мақсади таъмини бехатарии эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолии пойтахт корҳои зерин ба итмом расонида шуданд.

Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби роҳбарои муассисаҳои сатҳи пешгирӣ ва бистаринамоии зерсохтори Раёсат нақшаи чорабиниҳо оид ба паст кардани бемориҳои сирояткунанда таҳия гардида, иҷроиши онро бевосита роҳбарони муассисаҳо зери назорат қарор дода, ҳафтае як маротиба ба Раёсати тандурустӣ ахбороти хаттӣ пешниҳод менамоянд.

Оид ба пешгирии бемориҳои сирояткунанда дар байни аҳолӣ Маркази шаҳрии эмгузаронӣ, 15 – маркази саломатии шаҳрӣ, 5- марказҳои назорати давлатии саритарию эпидемиологӣ, Маркази шаҳрии ташакулли тарзи ҳаёти солим фаъолият менамоянд.

Дар 9 моҳи соли 2019 нисбати 9 моҳи соли 2018 як қатор бемориҳои сирояткунанда кам ба қайд гирифта шуданд, аз ҷумла: бемории Исҳоли хунини шадид-5 ҳодиса (2018-45, 2019-40), сухтанӣ-1 ҳодиса ( 2018-1, 2019-0), бемориии Сили микробхориҷкунанда-11 ҳодиса ( 2018-93, 2019-82), кабудсулфа-4 (2018-68, 2019-64) ҳодиса камтар ба қайд гирифта шудаанд.

Дарёфти бемориҳои сил асосан ба уҳдаи марказҳои саломатии шаҳрӣ гузошта шудааст. Нисбати назорати табобати кӯтоҳмуддати бемории сил бо ташхиси микроскопӣ дар ҳафт муассисаҳои зерсохтори Раёсат (марказҳои саломатии шаҳрии №1, 2, 3, 7, 10, 14 ва Маркази шаҳрии мубориза бар зидди сил) нуқтаҳои зидди касалии сил фаъолият доранд. Дар 9 моҳи соли 2019 ҳамагӣ 431 бемор ба қайд гирифта шуд (9 моҳи соли 2018 - 438). Аз ин микдор 392 нафарашон бори аввал (9 моҳи соли 2018- 379) ба қайд гирифта шуданд ва 169 (9 моҳи соли 2018 -181 нафар) нафарашон хориҷкунандаи микобактерияи сил мебошанд.

Аз шумораи умумии беморони бори аввал ба қайд гирифташуда (392 нафар) 199 (50,7%) нафарашон мард ва 193 (49,3%) нафарашон занон мебошанд. Аз беморони бори аввал дарёфтшуда кӯдакон 45 нафар –11,4%, наврасон 20 нафар – 5,1% ва калонсолон 327 нафар – 83,4%-ро ташкил медиҳанд. Дар марказҳои саломатии шаҳрӣ ба 4635 нафар ҳоҷатмандон бо максади ташхис, таҳлили бактериоскопии балғам гузаронида шуда, дар 44 ҳолат бо усули микроскопӣ ва бо усули Gen -Xpert 125 натиҷаи мусбӣ дарёфт шудааст. Дар 9 моҳи соли 2019 аз муоинаи флюорографӣ 128 629 нафар гузаронида, дар 184 ҳолат беморон дарёфт шудаанд. Аз шумораи дарёфтгардидагон 30 нафарашон аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Аз он ҷумла 21 ҳолати беморӣ бо ташхиси сили иртишоҳи шушҳо дар Федератсияи Руссия тасдиқгардида, ба табобати ҷои зист равон карда шудааст.

Дар шаҳри Душанбе нисбати мубориза бар зидди гардиши ғайри қонунии маводҳои мадҳушкунанда, пешгирии бемории наркоманӣ, токсоманӣ, як қатор корҳо анҷом дода шудаанд. Қоидаҳои дастрас, нигоҳдоштан, истифодаи мақсадноки маводҳои барои табобат дар муассисаҳои табобатӣ доимо зери назорат қарор дорад. Тамоми муассисаҳои табобатие, ки аз маводҳои мадҳушкунанда барои табобат истифода мебаранд, дорои сертификат ва лицензияҳо мебошанд.

Бояд қайд кард, ки дар шаҳри Душанбе 2192 (9 моҳи соли 2018 -2254 нафар) нафар нашъамандон дар қайди диспансерӣ мебошанд. Аз шумораи умумӣ 2118 (9 моҳи соли 2018 – 2174) нафарашон мард (96,6%) ва 74 (9 моҳи соли 2018 – 80) нафарашон зан (3,4%) мебошанд, ки истеъмолкунандагони героин 1507 (9 моҳи соли 2018 – 1589) нафар (68,7%), афъюн 435 (9 моҳи соли 2018 – 429) нафар (19,8%), гашиш 22 (9 моҳи соли 2018 – 20) нафар (1,0%), бисёрнашъамандӣ – 228 (9 моҳи соли 2018 – 215) нафар (10,4%) ва дар 9 мохи соли 2019 дида намешавад (9 мохи соли 2018-1 нафар (0,03%) экстази) ташкил медиҳанд.

Бемориҳои ғадудҳои дохилӣ новобаста аз камшавӣ эътибори ҷиддиро талаб менамояд. Дар 9-моҳи соли 2019 аз тарафи мутахассисони Маркази шаҳрии бемориҳои эндокринологӣ аз муоинаи тиббӣ дар муаассисаҳои то мактабӣ, мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ, мактаб интернатҳо ва мактабҳои олӣ гузаронида шуд. Агар дар 9-моҳи соли 2018 касалмандии ҷоғари эндемикӣ дар байни аҳолӣ 1124 нафар ба 100 ҳазор аҳолиро ташкил дода бошад, пас дар 9-моҳи соли ҷорӣ ин рақам 1072 нафарро ташкил дод. Регистри беморон ташкил карда шуд.

Мувофиқи нишондодҳои Маркази омор ва иттилооти тиббии Раёсати тандурустӣ дар шаҳри Душанбе гирифторшавӣ ба бемории диабети қанд дар чунин сатҳ қарор дорад: 9 моҳи соли соли 2018-5661 ва 9 моҳи соли 2019– 5542 нафарро ташкил медиҳанд. Кам гардидани шумораи беморони диабети қанд ба он вобастагӣ дорад, ки дар 9 мохи соли чори 502 нафар аз кайд бароварда шуданд аз он чумла бо сабаби кучидан 314 нафар ва бо сабаби фавт 188 нафар мебошад. Шумораи беморони бори аввал дарёфтгардида дар 9 моҳи 2018-242 ва 9 моҳи соли 2019 бошад 250 нафар мебошанд.

Дар Марказ ҳуҷраи «Пешгирии диабети пой» аз соли 2007-ум фаъолият дорад.Бо попанҷаи диабетӣ бори аввал дарёфтгардида дар 9 моҳи соли 2018-34 нафар ва 9 моҳи соли 2019–11 нафар дарёфт гардид. Шумораҳои дар боло зикр гардида аз он шаҳодат медиҳад, ки фаъолияти кории МД МШБҒД ва МСШ дар самти пешгирии оризаҳои беморӣ беҳтар ба роҳ монда шудааст. Бемороне, ки бо попанҷаи диабетӣ дарёфт карда мешаванд, барои табобат ба шуъбаҳои ҷарроҳии МТШ №1 ва МТШ №3 равона карда мешаванд.

Барои баланд бардоштани маълумотнокии беморон ва шаҳрвандон кормандони Марказҳои саломатии шаҳрӣ дар мактабҳои диабет мунтазам корҳои ташвиқотӣ-машваратӣ мегузаронанд. Омӯзонидани беморони диабети қанд дар «Мактаби диабет» дар ш.Душанбе, ки дар якҷоягӣ бо кафедраи эндокринологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 2007 ташкил шудааст, ба роҳ монда шудааст. Дар Марказҳои саломатии шаҳрӣ низ ин кор ба роҳ монда шуда, дар 9 моҳи соли 2018- 3282 ва 9 моҳи соли 2019 – 3053 нафар омузонида шудаанд.

Машғулиятҳое, ки барои беморон дар «Мактаби диабет» гузаронида мешаванд, асосан мавзуъҳои риоя намудани парҳезӣ, дуруст истифода бурдани доруҳои қандпасткунанда, пешгирии оризаҳои диабети қанд, махсусан попанҷаи диабетӣ, машғул шудан ба варзишро ташкил мекунанд. Семинарҳо ва машваратҳо дар байни духтурон ва ҳамшираҳои шавқат мунтазам баргузор мегарданд. Дар 9 моҳи соли соли 2019-23 семинар, 50 маротиба лексияҳо ва тавассути воситаҳои ахбори омма (телевизион ва радио) 14 баромадҳо ва 2 мақола дар маҷаллаҳо чоп карда шудааст.

Яке аз масалаҳои муҳими солимгардонии аҳолӣ – ин дарёфт ва пешгирии бемориҳои вируси норасоии масунияти одам мебошад.

Дар 9 моҳи соли 2019 дар МД Маркази шаҳрии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО 128156 (9-моҳи 2018 сол - 55470) нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, аз таҳлили хун оид ба ВНМО (27437 таҳлил бо усули ТИФ ва 10079 адад тариқи тести очилӣ) гузаштаанд. АЗ 128156 муоина шудагон: 55079 нафар мард (43,0%) ва 73077 нафар зан (57,0%) мебошанд Аз онҳо 127744 (9-моҳи 2018 сол-55128) нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 412 (9-моҳи 2018 сол - 342) нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Аз шумораи умумии аз озмоиши ВНМО гузаронидашуда, 845 (9-моҳи 2018 сол-799) нафарашон муҳоҷирони меҳнатиро ташкил медихад ва дар 7 (0,8%) ҳолат хулосаи таҳлил мусбат буд. Аз онҳо 57978 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Сино мебошанд, ки дар асоси фармоиши якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.01. соли 2019, №4 “Оид ба гузаронидани муоинаи тиббии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” муоина шуда, дар 43 холат мусби дарёфт гардидаанд.

Дар шаҳри Душанбе 13 ҳуҷраҳо, нуқтаҳо ва телефонҳои боварӣ фаъолият менамоянд. Оид ба кормандони хизмати шаҳвонӣ бошад, 3 нӯқтаи боварӣ фаъолият менамоянд, аз он ҷумла: ташкилотҳои ҷамъиятии ИТА», «Правовая подержка» ва «Марворид».

Дар назди МД Маркази шаҳрии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ҳуҷраи маслиҳатдиҳӣ ва санҷиши ихтиёрӣ фаъолият доранд. Инчунин аз моҳи майи соли 2007 дар шаҳри Душанбе 7 шӯъбаҳои тиббии машваратии муносибати хайрхоҳона барои ҷавонон (дар МД Маркази шаҳрии солимии репродуктивӣ ва МД МСШ № 1,3,5,8,10,15) фаъолият доранд.

Дар муддати 9 моҳи соли ҷорӣ 222 (9 моҳи соли 2018-199) нафар сироятёфтагони ВНМО дарёфт карда шудаанд, ки ин назар ба ҳамин давраи 9 моҳи соли гузашта 23 ҳодиса зиёдтар бақайд гирифта шудааст, аз руи ҷинс, 131 (59,0%) мард ва 91 нафар (41,0%) зан. Аз шумораи умумии сироятшудагони ба қайд гирифташуда нашъамандони тазриқӣ 55 (24,8%), шумораи сироятёбӣ бо роҳи алоқаи ҷинсӣ 105 (47,3%), ҳодисаи сироятёбӣ аз модар ба кӯдак 5 (2,2%). Дар 57 (25,7%) ҳолатҳо омилҳои гузариши сироятёбӣ муайян нагардидааст. Ҳамчунин дар 9 моҳи соли ҷорӣ ягон ҳодисаи сироятёбии одамон вобаста ба табобат ё бо воситаи хун ба қайд гирифта нашудааст.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи стансияи ёрии таъҷилии тиббии МД Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ ба 31480 (9 моҳи соли 2018- 30261) нафар даъвати беморон хизмати тиббӣ расонида шуд, ки аз ин 1106 (3,5%) (9 моҳи соли 2018-1110 (3,7%) ба гурӯҳи «А» (ҳодисаҳои фавқулодда), 29461 (93,6%) (9 моҳи соли 2018-28339 (93,8%) ба гурӯҳи «Б» (бемориҳои ногаҳонӣ) ва 913 (2,9%) (9 моҳи соли 2018-812 (2,7%) ба гурӯҳи «В» (бемориҳои вобаста ба ҳомиладорӣ) мансуб мебошанд. Аз ин миқдор 3901 (12,3%) (9 моҳи соли 2018-4552 (15,0%) беморон дар муассисаҳои сатҳи бистаринамоии шаҳри Душанбе бистарӣ гардонида шуданд. Аз ҷониби Маркази ёрии таъҷилии тиббии МД Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бошад, дар ин муддат ба 36918 (9 моҳи соли 2018-33838) нафар даъвати беморон хизмати тиббӣ расонида шуд, ки аз ин 1276 (3,5%) (9 моҳи соли 2018- 1157 (3,4%)) ба гурӯҳи «А», 34337 (93,0%) (9 моҳи соли 2018- 31355 (92,6%) ба гурӯҳи «Б» ва 1305 (3,5%) (9 моҳи соли 2018-1326 (4,0%) ба гурӯҳи «В» мансуб мебошанд. Аз ин миқдор 5372 (15,1%) (9 моҳи соли 2018-5590 (16,5%) нафар беморон дар муассисаҳои сатҳи бистаринамоии шаҳри Душанбе бистарӣ гардонида шуданд.

Хизматрасонии тиббию санитарӣ ба наврасон ва солимгардонии онҳо яке аз вазифаҳои афзалиятноки фаъолияти Раёсати тандурустӣ ва муассисаҳои зерсохтори он мебошад. Шумораи умумии наврасони шаҳри Душанбе 42347 нафар буда 23284 нафарашонро ҷавонписарон ташкил медиҳанд. Аз муоинаи тиббӣ 42079 нафар (99,4%) наврасон гузаронида шуданд (ҷавонписарон 23094 нафар - 99,2%). Аз шумораи умумии наврасон 5829 нафар дар қайди диспансерӣ буданд, ки аз онҳо 3102 нафарро ҷавонписарон ташкил медиҳанд. Аз нав ба қайди диспансерӣ 1778 нафар гирифта шудаанд, ки аз онҳо ҷавонписарон 1057 нафарро ташкил менамоянд. Солимгардонии наврасони дар қайди диспансерӣ буда (1864 нафар) ба 92,5% ва ҷавонписарон ба 93,1% баробар гаштааст. Баҳри солимгардонии наврсони бемори аз нав бақайдгирифта чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Аз рӯи нақша дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз шуъбаҳои тибби оилавии марказҳои саломатии шаҳрӣ бояд 5141 нафар кӯдакон ба ҳуҷраҳои наврасон гузаронида мешуданд. Аз инҳо ҷавонписарон 2753 нафарро ташкил медиҳанд. Ба ҳуҷраҳои наврасон гузаронида шуданд: 4976 нафар (96,8%) (ҷавонписарон - 2652 нафар 96,3%). Аз шумораи умумии наврасон - 744 нафар (15,0%) беморон дарёфт карда шуданд, ки аз онҳо 419- (15,8%) нафарашон ҷавонписарон мебошанд.

Қайд намудан лозим аст, ки аз Комиссияи даъвати баҳории Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе дар соли равон 779 нафар даъватшавандагон гузаронида шуда, 730 нафари онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудаанд, ки (тибқи нақша 730 нафар даъватшавандагон) 100,0%-ро ташкил додааст. Аз комиссияи тиббии Комиссариати ҳарбии мутаҳидаи шаҳри Душанбе 49 нафар, аз он ҷумла: аз шаҳри Душанбе 21 нафар (42,8%) ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳур 28 нафар (57,2%) беморӣ муайян карда шуд. Чорабиниҳои солимгардонӣ андешида шуда истодааст.

Яке аз вазифаҳои асосии Раёсати тандурустӣ ва муассисаҳои зердасти он ин хизматрасонии тиббӣ ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаршуда мебошад. Ҳоло дар муассисаҳои пешгирию табобатии зерсохтори Раёсати тандурустӣ 904 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ба қайд гирифта шудаанд, аз он ҷумла: иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 20 нафар, маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 12 нафар, ҷанговарони интернасионалист – 544 нафар, иштирокчиёни садамаи Чернобил -201 нафар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда -127 нафар.

Дар 9 моҳи соли равон 68 нафар шахсони имтиёзнок дар беморхонаҳо табобат гирифтаанд.

Барои хизмати тиббӣ расонидан ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони аз рӯи имтиёз ба онҳо баробар кардашуда дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷумла барои гузоштани дандонҳои сунъӣ ва табобат, дар маҷмуъ гузоштани дандонҳои сунъӣ 142 957 сомонӣ харҷ шудааст.

Бо мақсади ба танзим даровардан ва асоснок додани варақаҳои корношоямӣ, асоснок намудани роҳхати беморон барои гирифтани гурӯҳи маъюбӣ (шакли ҳисоботии 088/б) дар Марказҳои саломатии шаҳрӣ комиссияҳои тиббию машваратӣ фаъолият менамоянд.

Натиҷаи фаъолияти комиссияҳои мазкур нишон дод, ки миқдори варақаҳои корношоямии додашуда ва рӯзҳои корношоямии муваққатӣ нисбати соли гузашта, дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонагӣ кам гаштааст. Бояд қайд кард, ки аз ҷониби муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Душанбе дар 9 моҳи соли 2018 дар маҷмӯъ 7823 варақаи корношоямӣ бо 62259 рӯзҳои корношоямӣ дода шуда бошад, пас дар 9 моҳи соли 2019 – 7333 миқдори варақаҳои корношоямӣ бо рӯзҳои корношоямӣ 59042, таносубан 490 адад варақаи корношоямӣ кам ва 3217 рӯз кам гардидааст.

Аз ҷониби шуъбаҳои солимии репродуктивӣ пеш ва баъд аз таваллудӣ дар 9 моҳи соли 2018 дар маҷъмӯъ 2795 варақаи корношоямӣ бо 374981 рӯзҳои корношоямӣ дода шуда бошад , пас дар 9 моҳи соли 3010 варақаи корношоямӣ бо рӯзҳои корношоямӣ 405087, таносубан 215 адад варақаи корношоямӣ зиёд ва 30106 рӯз зиёд дода шудааст. Дар сатҳи беморхонагӣ бошад, дар 9 моҳи соли 2018 шумораи варақаҳои корношоямӣ 2757 адад бо 28499 рӯзҳои корношоямӣ ва ин нишондод дар 9 моҳи соли 2019 ба миқдори варақаҳои корношоямӣ 2836 адад ва 28042 рузҳои корношоямӣ дода шуда бошад, таносубан 79 адад варақаи корношоямӣ зиед ва 457 рӯз кам дода шудааст.

Бояд қайд кард, ки аз ҷониби муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ва беморхонаги шаҳри Душанбе дар 9 моҳи соли 2018 дар маҷмӯъ 13375 варақаи корношоямӣ бо 465619 рӯзҳои корношоямӣ дода шуда бошад, пас дар 9 моҳи соли 2019 – 13179 миқдори варақаҳои корношоямӣ бо рӯзҳои корношоямӣ 491971, таносубан 196 адад варақаи корношоямӣ кам ва 26352 рӯз зиёд гардидааст.

Тибқи маълумоти Марказҳои саломатии шаҳрӣ дар қайди диспансерӣ 11195 нафар маъюби аз 18 сола боло буданд ва баъд аз гузаронидани санҷишҳо 11635 нафар маъюб дар қайд мебошанд, то имрӯз зиёда аз 9558 нафар (85,4%) аз муоинаи тиббии такрорӣ гузаронида шуданд. Айни ҳол, маълум карда шуд, ки 233 нафар маъюбон дар суроғаҳои нишондодашуда зиндагонӣ намекунанд ва 94 нафар маъюбон кӯчидаанд, 264 нафар маъюбон фавтидаанд.

Аз ҷониби мутахассисон маълум карда шуд, ки қисми шаҳрвандон ба дигар суроға кӯчида, қисми онҳо умуман дар суроғаи пешниҳодгардида зиндагонӣ накардаанд ва дар муассисаи тиббии алоқаманд, ба қайд гирифта нашудаанд. Ҳамзамон, як қисми шаҳрвандони дорои гурӯҳҳои маъюбӣ дар хориҷи кишвар, дар Федератсияи Россия 154 нафар маъюбон (мавсимӣ ва тӯлонӣ) қарор доранд.

Бояд қайд кард, ки то 1-уми январи соли 2019 - 2684 нафар кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд. То 1 октябри соли 2019-ум 27 нафар солим гардонида шудаанд, 104 нафар ба синни 18 расиданд, 27 нафар фавтиданд, 54 нафар ба дигар минтақаҳо кучиданд, 54 нафар аз дигар минтақаҳо кучида омаданд ва ба 208 нафар кӯдакон бори аввал маъюбӣ дода шудаанд, ки ин шумора ба 2712 боқи мемонад.

Дар 9 моҳи соли 2019-ум дар Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқат, кӯдакони маъюби аз 3 сола то 18 сола-149 нафар, дар Машваратгоҳи руҳшиносӣ-тиббӣ- педагогии шаҳри Душанбе-1456 нафар кӯдакон бо табобат фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 707 нафар бо роҳхати Марказҳои саломатии шаҳрӣ бистарӣ карда шудаандБояд кайд кард, ки дар назди Хонаи кудакони №2 Маркази дастгирии оила “Умед” фаъолият менамояд, ки дар давраи хисоботӣ ба 41 нафар кудакони маъюб дар 1 ҳафта 2 маротиба корҳои инфиродӣ ва бо 41 нафар модарони кудакони маъюб дошта омӯзиш барои нигоҳубини кудаки маъюб дар шароити хона гузаронида шудааст.

Раёсати тандурустӣ фаъолияти худро оид ба беҳтар намудани ҳолати санитарию эпидемиологии шаҳр ва тарғиботи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии пойтахт бо тарзи фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда, дар 9 моҳи соли равон 6004 (5359 -2018сол) лексияҳо, суҳбатҳо -53413 (36619-2018сол), семинарҳо -524 (493-2018сол), овезаҳо оид ба ТҲС – 135 (293-2018сол) адад, гушаи солимӣ – 24 (58-2018сол) адад гузаронида шудааст. Инчунин ҳамкорӣ бо телевизиони ТВ «Душанбе HD» дар асоси нақшаи кории соли 2019 дар 9 моҳи соли ҷорӣ - 246 (58-2018сол) баромадҳо бо иштироки мутахассисони соҳа дар мавзуҳои гуногун таҳия гардида, ба аҳолӣ пешкаш гардидааст. Инчунин дар шабакаҳои радио - 52 (161-2018сол) баромадҳо барои шунавандагон ва 33 (22-2018сол) мақола дар маҷаллаҳо чоп карда шудааст. Ҳамзамон, аксия таҳти шиори “Ҷавонон–зидди ВНМО” дар Бозори “Сафариён”, аксия таҳти шиори “Мо зидди нашъамандӣ!” дар Бозори “Меҳргон” ва “Деҳқон” бо тақсимоти маводҳои иттилоотӣ ба сомон расонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 297 аризаю шикоятҳо (соли 2018 - 336) ворид гардида, ҳалли мусбии худро ёфтаанд. Муҳтавои асосии муроҷиат-ин расонидани ёрии тиббӣ ва моддӣ мебошад. Аризаҳои воридгардида асосан аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе- 87 адад -29,3%, (9 моҳи соли 2018 - 125 адад), Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 180 – 60,6% (9 моҳи соли 2018 - 176 адад) ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 30 – (13,6%) (9 моҳи соли 2018 - 35) адад.

Ҳамзамон дар 9 моҳи соли равон 190 адад (9 моҳи соли 2018 – 342) сипосномаҳо унвонии кормандони муассисаҳои пешгирию шифоии зерсохтори Раёсати тандурустӣ ворид гардидаанд,ки нисбати соли гузашта 152 адад кам мебошад.

Дар 9 моҳи соли равон 9 ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати тандурустии мқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида шуд, ки дар онҳо 20 масъалаҳо дида баромада шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд

Навгониҳо:

Дар сатҳи муассисаҳои бистаринамоии зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷарроҳиҳо бо тарзи замонавӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ба таври васеъ ба роҳ монда шуда, дар солҳои охир ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд. Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони муассисаҳои зерсохтор дар якҷоягӣ бо кормандони кафедраҳо, мувофиқи тибби далелнок ва корҳои илмӣ, самтҳои нави ташхис ва табобат ба роҳ монда шуда истодааст.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар муассисаҳои зерсохтор ҷарроҳиҳои каминвазивии ковокии батн 3078 амалиёт, аз ҷумла литотрипсия 7 амалиёт ва ҷарроҳиҳои эндоурологӣ ба 477 беморон гузаронида шудааст, ки ин боиси сарфи ками маводҳо, доруворӣ ва кам шудани муҳлати бистарии беморон мегардад.

МД Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ

1) Спленэктомия бо усули лапароскопӣ.

2) Буриши венаи ковалии поён бо пластикаи венаи гурдаи чап.



Илова кунед